KGU

Осорхона

Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Осорхонаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз қисматҳои муҳими нигаҳдории таърихи донишгоҳ ба ҳисоб меравад. Дар осорхона бештар аз 700 экспонатхо;- ҳуҷҷатҳо, дастнависҳо, расмҳо, асарҳои илмӣ, китобҳо, нишонаҳо ҷамъ оварда шудааст. Осорхона 1-уми сентябри соли 2015 ба  муносибати ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ботантана дар бинои маъмурӣ кушода шуд.


Шоинов Хасан.jpg

Мутахассиси осорхона - Шоинов Ҳасан Исматуллоевич  мутахассиси осорхона факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хатм кардааст. Муаллифи беш аз 60 мақолаҳои  илмӣ, илмӣ-оммавӣ оид ба масоили таърихи халки точик аст. Иштироккунандаи конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб

Шоинов Ҳасан Исматуллоевич 31.05.1957 дар шаҳри Кӯлоб дар хонадони коргар таваллуд шудааст. Омӯзгори фанни таърих, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2008), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2011) Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2011) мебошад. Хатмкардаи факултаи таърихи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло ДМТ, 1979).

Таҳсил дар мактаби миёнаи №6 шаҳри Кӯлоб (1964-1974), донишҷӯ (1974-1979), ассистенти кафедраи фалсафа ва коммунизми илмӣ (1979-1980), муаллими кафедраи таърихи КПСС-и  ИДПК (1980-1987), коромӯз-муҳаққиқи кафедраи таърихи КПСС- и УДТ (1988-1990), муҳандис оид ба сафарбаркунӣ (1990-1992), муаллими кафедраи таърихи КПСС (1992-1995),  муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик (1995-2003), муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқ (2003-2008), муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих (2008-2010), муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2010-2011). Аз соли 2011 то соли 2016 муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ, тарғибот ва масоили иҷтимоии филиали Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб.

Аз соли 2016 мутахассиси осорхонаи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  мебошад. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ ва илмӣ - оммавист. Дар бисёр симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок ва суханронӣ кардааст. Шеърҳои ӯ пайваста  дар  рӯзномаҳои «Анвори дониш» ва «Кулябская правда», ба табъ мерасанд. Шоинов Ҳасан бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2011), «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» (2011), Ифтихорномаи кумитаи иҷроияи шӯрои генералии Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон (2006) мушарраф гардидааст.

Узви Ассотсиатсияи байналмилалии Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон мебошад.

Дорандаи Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон мебошад.

Дар «Осорхона»-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гӯшаҳои зерин таъсис дода шуданд:
Гӯшаи бостоншиносӣ
Гӯшаи мардумшиносӣ
Гӯшаи хатшиносӣ
Гӯшаи дастхатҳо
Гӯшаи тангашиносӣ
Гӯшаи истеъдодҳои ҷавон
Гӯшаи собиқ омӯзгорони донишгоҳ
Гӯшаи  70 – солагии донишгоҳ
Гӯшаи парки технологӣ
Гӯшаи заргарӣ
Гӯшаи адибони донишгоҳ
Гӯшаи факултаи физика ва математика
Гӯшаифакултаи химия ва биология
Гӯшаи факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ
Гӯшаи факултаи филологияи хориҷӣ
Гӯшаи факултаи филологияи тоҷик ва журналистика
Гӯшаи факултаи молиявию иқтисодӣ
Гӯшаи факултаи филологияи рус
Гӯшаи факултаи омӯзгорӣ
Гӯшаи факултаи тарбияи ҷисмонӣ
Имрӯзҳо аз ҷониби омӯзгорон Набиев Муродалӣ, Иззатова Муҳаббат, Абдулҳай Қаландар, Сангов Қаюм, Гадоев Сайвалӣ, Сафаров Мунир, Мирзоев Зафар, Табарова Зарторбӣ, Неъматов Ҳабиб ва дигарон китобҳо, суратҳо ва нигораҳо ба осорхона супорида шуд.

Мутахассиси осорхонаи донишгоҳ оянда низ кӯшиш менамояд, ки кор хубтару беҳтар ба роҳ монда, ниграҳои беҳтарин ва диққат ҷалбкунандаро ҷамъоварӣ намояд.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 1-юм, ут. № 101
Телефони корӣ: (+992) 917-27-80-14
E-mail:  info@kgu.tj