KGU

Парки технологӣ

Парки технологи

Парки технологӣ аз моҳи сентябри соли 2012 ҳамчун воҳиди мустақил ва зерсохтори шуъбаи илм ва инноватсияи назди донишгоҳ ташкил дода шуда, Низомномаи он дар Шӯрои олимони Донишгоҳ тасдиқ гардидааст.

Барои вусъат бахшидан ба кори паркитехнологӣ Донишгоҳ бо дигар муассисаҳои илмӣ вакорхонаҳои саноатии шаҳри Кӯлоб ҳамкории зич дорад.Аз ҷумла:


  • - Парки технологии Филиали донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;

  • - Заводи таҷрибавии таҷҳизотҳои технологии шаҳриКӯлоб (КОЗТО);

  • - Заводи нони шаҳри Кӯлоб;

  • - Комбинати шири шаҳри Кӯлоб;

Бо мақсади омӯзиши таҷрибаи дигар донишгоҳу донишкадаҳо оид ба ташкили кори Парки технологӣ як  зумра кормандони шӯъбаи илми донишгоҳ, аз ҷумла ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, директори парки технологӣ, мудири шуъбаи илм ва инноватсия, сардори маркази илмию таҳқиқотӣ, сардори маркази ихтироъкорони ҷавон ва мудири шуъбаи аспирантура ба донишгоҳҳои зерин ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд:

  •  - Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ;

  • - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

  • - Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;

  • - Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.

Парки технологии донишгоҳ аз сохторҳои зерин иборат аст:

  • - Сехи коркарди оҳан;

  • - Сехи коркарди қуму шағал;

  • - Сехи коркарди чубу тахта;

  • - Сехи таъмири таҷҳизотҳои радио-техникӣ;

  • - Маркази хизматрасонии компютерӣ

  • - Сехи дӯзандагӣ;

  • - Сартарошхона;

  • - Истироҳатгоҳи таҷрибавӣ-истеҳсоли «Боғи истиқлол»