KGU

Ноиби ректор оид ба илм

Ноиби ректор оид ба илм

noibtarbiyad.pngХудойдодова Шарофат Зардовна, номзади илмҳои филология, дотсент.
Зодаи ш. Кӯлоб. Аз хонадони зиёӣ. Солҳои 1974-1984-таҳсил дар мактаби миёна. Хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти руси ИДП ш. Кӯлоб (1989). Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики ДДК Кӯлоб (1995), Солҳои 1989-1994 – муаллим. Муаллими калони кафедраи забони русии факултаи омӯзгорӣ, 1995-2004 – мудири кафедраи забони русии факултаи филологияи рус, солҳои 2004-2008 – мудири кафедраи МТЗАР-и факултаи филологияи рус, солҳои 2009-2010 - декани факултаи филологияи хориҷӣ, солҳои 2010- 2013- мудири кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ, аз моҳи декабри соли 2013 то моҳи апрели соли 2014 – мудири кафедраи журналистика.
Аз 7 апрели соли 2014 ноиби ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ оид ба корҳои тарбиявӣ кор кардааст. Аз 2 октябри соли 2015 ноиби ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ мебошад. 

Мукофоту ҷоизаҳо:

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон
Аълочии Маорифи Тоҷикистон (2012) (Душанбе);
Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2013) (Душанбе);
Аълочии Фарҳанги Ҷумҳурии  Тоҷикистон (2013) (Душанбе);
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014) (Душанбе);
Ифтихорномаҳои Раиси вилояти Хатлон (2011, 2012, 2013);

Медали хизмати шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот:

Рисолаи номзадии Худойдодова Ш.З дар самти пажуҳиши реклама дар Тоҷикистон яке аз аввалин корҳои тадқиқотӣ мебошад, дар пасманзари татбиқи он паҳлуҳои мухталифи истифодаи реклама ҳамчун жанри муосири журналистикаи тоҷик арзёбӣ гардидааст, ки мавсуф дар ҷараёни фаъолият дар ВАО-и Тоҷикистон, бахусус ҳамчун муҳаррири феълии Намояндагии Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар шаҳри Кӯлоб ва омӯзгори фанҳои «Асосҳои реклама ва паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публитсистӣ»-и кафедраи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо бо забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат меварзад.



Телефони корӣ:
(+992 3322) 2-35-07 
Мобилӣ: (+992) 919-15-37-09;
E-mail:   noib.ilm@kgu.tj,  sharaf26@mail.ru