KGU

Муносибатҳои байналмиллалӣ

ШӮЪБАИ РАВОБИТИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ           

Фаъолияти шуъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 1995 ҳамчун шуъбаи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва равобити хориҷӣ оғоз ёфтааст, ки ба он шуъбаҳои ҳисоб, банақшагирӣ ва иқтисодӣ шомил мешуданд. Поягузори шуъбаи мазкур олими шинохтаи ҷумҳурӣ, профессор Шарифов Зариф Шарифович буда, робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратии донишгоҳро бо кишварҳои хориҷӣ ба роҳ монда буд. Аз соли 2000 то соли 2006 сарварии шуъбаи мазкурро дотсент Сайдаҳмадов Лақай ба уҳда дошт. Соли 2008 дар натиҷаи таҷдиди сохтори донишгоҳ шуъбаи равобити байналмилалӣ ба зерсохтори алоҳида ҷудо шуда, вазифаи ноиби ректор оид ба равобити хориҷӣ таъсис ёфт. Солҳои 2009-2010 ноиби ректор оид  ба равобити хориҷӣ Ҳусейнов Муродалӣ буд. Сар карда аз соли 2010 то 2016 раҳбарии шуъбаи муносибатҳои байналимлалиро ноиби ректор, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Сайдалиев Додарбек Мадалиевич ба уҳда доштанд.
Мақсади таъсис додани шуъба таъминоти ташкилӣ, техникӣ ва иттилоотию методии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ, рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, муассисаҳои таълимӣ, мукаммалсозии ҷараёни маълумотнокӣ ва баладбардории сифати робитаҳо дар асоси истифодаи эҷодии таҷрибаи байналмилалӣ мебошад.  
Дар давоми солҳои 2010-2014 донишгоҳ ба 7 лоиҳаи байналмилалӣ шомил шуд, ки дар доираи онҳо зиёда аз 100 нафар устодон ва донишҷӯён ба кишварҳои хориҷи дуру наздик барои ширкат дар барномаҳои дарозмуддат ва кӯтоҳмуддати омӯзишӣ равон карда шудаанд. Соли 2013 аввалин маротиба дар таърихи донишгоҳ як нафар устод ва ду нафар донишҷӯ соҳиби бурсҳои донишгоҳҳои Испания ва Италия барои таҳсил дар докторантура, магистратура ва бакалавриат гардиданд. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ имкон дод, ки наздики  2 млн. сомонӣ маблағҳои ғайрибуҷавӣ ҷалб карда шаванд. Алъон донишгоҳ бо зиёда аз 200 муассисаҳои илмӣ-таълимии кишварҳои хориҷӣ алоқаҳои ҳамкорӣ дорад, ки дар доираи ин ҳамкориҳо 10 нафар устодон ва донишҷӯён дар донишгоҳҳои бонуфузи аврупоӣ таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ карда истодаанд.

  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ бо муассисаҳои
таҳсилоти олии мамлакатҳои хориҷӣ 
асосан дар самтҳои зерин амалӣ мегардад: 

  1. Таҳия ва ба тасвиб расонидани шартномаҳо бо муассисаҳои таълимии кишварҳои хориҷӣ ва иҷрои амалии онҳо; мубодилаи устодон, донишҷӯён ва адабиёти таълимию методӣ; 
  2. Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ ва ташкилу гузаронидани конфронсу семинарҳои муштарак; 
  3. Ташкили вохӯриҳо бо намояндагони донишгоҳҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои байналмилалӣ; 
  4. Ташкили курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ; 
  5. Таъмини раводиди устодон ва донишҷӯёни хориҷӣ; 
  6. Кор бо донишҷӯёни хориҷӣ; 
  7. Робита бо ҷомеа ва рушди туризм; 
  8. Такмили сайти донишгоҳ; 

Табодули донишҷӯён ва устодон яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти шуъбаи муносибаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад. Табодули донишҷӯён ва устодон ба бакалаврҳо, магистрҳо ва аспирантҳо имконият фароҳам меоварад, ки дар хориҷа бо роҳи ширкат варзидан дар барномаҳои кӯтоҳмуддати таҳсилотӣ ва илмӣ – тадқиқотӣ таҳсилро идома диҳанд ё таҷрибаи илмӣ ба даст оваранд.
Ҳадафи рушди барномаҳои табодули донишҷӯён ва устодон дар донишгоҳ баланд бардоштани сифати таълим, беҳтар намудани ҳамдигарфаҳмӣ байни милатҳо ва фарҳангҳои гуногун, тарбияи насли ҷавони омодабуда ба ҳаёт ва кор дар ҷомеаи байналмилалии иттилоотӣ мебошад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи 2-юм, ут. № 207
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-26-92
E-mail:  info@kgu.tj,  noib.khoriji@kgu.tj