KGU

elon_ravobiti khoriji.jpg

 Без названия.png 
Имтиҳон барои таҳсил дар Псков 

Дар доираи созишномаи басташудаи байни ДКК ва Донишгоҳи давлатии Псков айни ҳол дар донишгоҳ бо иштироки намояндаи донишгоҳи номбурда – Козик Алена Николаевна татбиқи яке аз бандҳои ин созишнома амалӣ мегардад. Банди мазкур мубодилаи донишҷӯён мебошад ва дар ин раванд ҳоло имтиҳонҳо барои шомил шудан ба риштаи магистратураи факултети аврупоии Донишгоҳи давлатии Псков баргузор  шуда истодааст. Баъди бомуваффақият супоридани имтиҳонҳо хатмкунандагони донишкадаи мо метавонанд магистри ин донишгоҳ гарданд.
Бояд қайд намуд, ки бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва дастгирии бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ бо як қатор муассисаҳои олии таълимии хориҷӣ созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба табодули донишҷӯён ба имзо расидаанд ва рузҳои наздик баргузории ин қабил имтиҳонҳо ҷиҳати дуруст интихоб карда гирифтани беҳтаринҳо аз байни донишҷӯёни мо барои таҳсил дар муассисаҳои олии таълимии хориҷӣ дар назар аст. 


333.png

Барномаи Магистрии Стипендияи Фулбрайт (FULBRIGHT FOREIGN STUDENT PROGRAM (2015–2016 ACADEMIC YEAR)) барои довталабони маълумоти олӣ дошта («мутахассис» ё «бакалавр») имконият медиҳад, то ки дар Донишгоҳҳои  Иолоти Муттаҳидаи Амрико таҳсил намуда, дараҷаи Магистриро соҳиб шаванд. Ба Барномаи Стипендиявии мазкур довталабони ҳамаи ихтисосҳо метавонанд иштирок намоянд. Мӯҳлати охири қабули ҳуҷҷатҳо 16 майи соли 2014 мебошад.  
Интихоби аввали довталабро Сафоратхонаи Иолоти Муттаҳидаи Амрико муқаррар мегардонад. Номзадҳоро комиссияи интихобшудаи мустақил дар Амрико дида баромада, рӯихати пурраи номзадҳоро Шурои кор бо грантҳои байналмилалии Уильям Фулбрайт тасдиқ менамояд.
Маълумоти пурраро Шумо метавонед аз Шӯъбаи робитаҳои байналмилалии ДКК ба номи А. Рӯдакӣ ё аз сомонаҳои 
www.americancouncils.tj  ва www.educationusa.info/dushanbe дастрас намоед.

222.png

Барномаи глобалии мубодилаи донишҷӯён дар Евроосиё ва Осиёи марказӣ барои солҳои 2014 – 2015.

Шуъбаи робитаҳои байналмиллалии ДКК ба маълумоти ҳамаи донишҷӯён мерасонад, ки Барномаи умумиҷаҳонии мубодилаи донишҷӯён (Global UGRAD) дар Евроосиё ва Осиёи марказӣ дар солҳои 2014-2015 оғоз шудааст. 
Барои таҳсил дар барномаи Global UGRAD донишҷӯёни курсҳои 1 то 3-юм бо чунин равияҳо метавонанд иштирок кунанд: баҳисобгирии бухгалтерӣ, хоҷагии қишлоқ, антропология, соҳибкорӣ, ҳуқуқи ҷиноятӣ, иқтисодӣ, маориф, муҳандисӣ, идоракунии муҳити зист, идоракунии меҳмонхона, робитаҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқ,  политология, ба нақша гирии шаҳрӣ ва ғайраҳо. Инчунин дигар равияҳоро дида мебароянд.  
Маълумотро Шумо метавонед аз шӯъбаи робитаҳои байналмиллалии ДМИТ ё аз сомонаи www.irex.tj метавонед дастрас намоед.

Мӯҳлати охирини супоридани ҳуҷҷатҳо 28 феврали соли 2014.

1212.png

Ба маълумоти донишҷӯёни дараҷаҳои магистр, аспирантура ва устодон расонида мешавад, ки барномаи стипендиявии Erasmus Mundus оғоз шудааст. Барои шомил шудан ба ин барнома, барои фиристодани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва пур намудани саволнома хоҳишмандон метавонанд ба шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ, ё ин ки ба сайти http://www.ef.uni-lj.si/euroasiancea муроҷиат намоянд. Мӯҳлати охири қабули хуҷҷатҳо 25.01.2014 мебошад.

Барои гирифтани маълумоти муфассал ба Шӯъбаи робитаҳои
байналмиллалии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ муроҷиат намоед.  

Нишона: Бинои маъмурӣ, ошёнаи 2-юм, утоқи 207