KGU

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб дар рафти фаъолияташ бо як қатор муассисаҳои олии хориҷи кишвар созишномаҳои ҳамкорӣ бастааст.
 

Айни замон шӯъбаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳ бо зиёда аз 50 донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ба мисли Федератсияи Русия, Олмон, Испания, Чехия, Белгия, Италия, Англия, ИМА, Белоруссия, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Украина, Австрия ва Эрон шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар доираи 5 лоиҳаи байналмилалӣ, ки ба онҳо Донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо шомиланд, бомуваффақият ширкат дорад.