KGU

Химия, биология ва география

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Сентябри соли 1993 аз факултаи тиб шубаҳои биология  ва биология – химия ба факултаи химия – биология табдил дода шуд. 9 – уми феврали соли 2012 факултаи химия ва биология бо факултаи география муттахид карда шуда, номи нави факултаи «Химия – биология ва география» - ро гирифт, кори худро бо кафедраҳои аз нав ташкил шуд ва ихтисосу гурӯҳҳои таълимии ба тобеияташон ворид гардида оғоз намуд.
Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факулта соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад: 

 «Химия-биология: 1 – 020406-01»;
 «химия-экология: 1 – 020406»;
 «Биология-экология:».
 «Биотехнология»;
 «География»
 «Географияи сайёҳи турзм»
 «Географияи Сайёҳи менеҷменти сайёҳат»;
 «Сайёҳат ва меҳмондорӣ»;

1. Кафедраи химия
Соли 1993 дар заминаи кафедраи илмҳои табиатшиносӣ кафедраи мустақили химия бо пешниҳоди декани факултети тиббӣ бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳ аз з.06.1993 бо тасдиқи ректори ҳамонвакта Маликов М.Х таъсис ёфт. Кафедраи химия  барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи химия, яъне омӯзгорони фанни химияро аз руи ихтисосҳои химия- биология ва химия- экология  бо роҳ мемонад..

 2. Кафедраи биология
Кафедраи биология бо фармони рақами 101 аз 28 декабри соли 1991 бо номи кафедраи табиатшиосӣ таъсис дода шуда, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра дотсент Мирзоев С.С. таъин карда шуд. Муаллимони аввалини кафедраи табиатшиносӣ: Мирзоев С.С., Баротов Ҷ., Маҳмадалиева М., Сайдаҳмадова Д.Л., Ҳафизов С.Б., Дӯстов С.Б., Сафаров Н.С. буданд.

 3. Кафедраи геогрфия

Кафедраи мазкур  2 - юми феврали соли 2004 дар заминаи факултети иқтисодӣ таъсис ёфт.

Мақсади кафедра омода намудани мутахассисони соҳаи география дар мактабҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Аввалин мудири кафедраи номбурда номзади илмҳои педагогӣ Маҷидова К.,  муддати зиёд сарварии онро ба ӯҳда дошт.

    Дар факултет устодони унвондори зерин дарс мегӯянд:
1.   Мирзоев С.С – доктори илмҳои педагогӣ.
2.   Бобоев Т – дотсент.
3.   Сайдаҳмадова Д.Л – номзади илмҳои педагогӣ.
4.   Баротов Ҷ. – номзади илми география
5.   Холиков С.С     - дотсент.
_____________________________________________________________________________________________________
Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-64
E-mail: m