KGU

Филологияи хориҷӣ

 Логотипи факултаи Филологияи хориҷӣ  facultetikhoriji.png


МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи филологияи хориҷӣ ҳамчун як қисми махсуси ҷудошуда аз собиқ факултаи забон ва адабиёти рус аз моҳи августи соли 2001 кори худро бо кафедраҳои азнавташкилшуда ва ихтисосу гурӯҳҳои таълимии ба тобеияташон воридгардида оғоз намуд.

Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факулта соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:

«Забони англисӣ: 1-020306 01»;
«Забони англисӣ-олмонӣ: 1-020307»;
«Забони англисӣ-хитоӣ: 1-020307».

Ихтисосҳои факулта ихтисосҳои замонавӣ буда, вобаста ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ ташкил шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди донишҷӯёни факултаи филологияи хориҷӣ ва ҳаракати онҳо дар солҳои охир дар ҷадвали зер оварда шудааст.

Дар факулта 2 кафедра амал менамояд: 

1. Кафедраи забони англисӣ;
Кафедраи «Забони англисӣ» аз соли 1993 дар Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Табаров Шерафган Назирмадович ба душ дорад.

2. Методикаи таълими забонҳои хориҷӣ
Кафедраи МТЗХ бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  аз соли 2010 дар назди факултаи филологияи хориҷии таъсис ёфтааст. Вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Давлатов Файзиддин ба уҳда дорад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-25-96
E-mail: khoriji@kgu.tj