KGU

Филологияи рус

Факултаи филологияи рус.jpg

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи забон ва адабиёти рус ҳанӯз соли 1950 дар давраи вуҷуддории Донишкадаи дусолаи муаллимтайёркунӣ таъсии дода шудааст. Дар аввал дар факулта шуъбаи Забон ва адабиёти рус ташкил дода шуда буд, ки ҳоло ҳам арзи ҳастӣ дорад. Дар солҳои хониши 1950-1951 дар факулта донишҷӯёни зерин таҳсил кардаанд: Волкова, Верешагина, Гольтер, Подколзина, Прокудина, Тамбовцева, Фетисова, Яворская ва дигарон. Дар соли 1953 шӯъбаи забон ва адабиёти русро 12- нафар донишҷӯён хатм карданд.
Ҳало бошад вазифаи декани факултаи мазкурро н.и.ф. Асоева Комилахон ба ӯҳда дорад.  
Айни замон дар факулта аз рўи ихтисосҳои зерин мутахассис омода месозанд:

1) Забон ва адабиёти рус;
2) Забон ва адабиёти рус; Забон ва адабиёти тоҷик.

Дар факултаи филологияи рус 190 нафар донишҷӯн таълими рӯзона ва 214 нафари дигар аз рӯй таълими ғойбона таҳсил доранд. Ҳамагӣ дар шуъбаи рӯзона 450000 нафар тариқи буҷавӣ дар таълими ғойбона бошад 238 нафар тариқи шартномавӣ таҳсил доранд. Ихтисосҳои факулта ихтисосҳои ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ ҷавобгўи мебошанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи ду ихтисос: забон ва адабиёти рус ва Забон ва адабиёти рус ва забони тоҷикӣ низоми кредити дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми кридитиву анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.
Ҳоло бошад, дар назди факулта ду кафедра амал мекунанд:  

1. Кафедраи забони русӣ

Аввалин маротиба кафедраи забони русӣ соли 1952 кушода шуда буд. Вазифаи мудири кафедраро инҳо ба ӯҳда доштанд: дотсент Тахохов А., муал.кал. Рябова Л.В., н.и.ф. Ковальская Л.Б., муал.кал. Кабина М.Г., муал.кал. Азимов Э., муал.кал. Ниязов А.М., муал.кал.Шарипов С.Р., муал.кал.Гафурова М.Х., муал.кал.Асоева К.А., муал. Камолова М.Р., н.и.п. Шарипова О.П. Ҳоло бошад Сайдамирова К.Ҷ. ба ӯҳда дорад.

2. Кафедраи забони ҳозираи рус

Кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултаи забон ва адабиёти рус вуҷуд дорад. Вай ҳамчун кафедраи санҷишӣ ташкил карда шуда буд. Фармон дар бораи ташкил кардани вай  дар  соли 1952 бароварда шуда буд. Ҳангоми ташкил кардани ин кафедра ба сифати мудири кафедра  номзадҳои  илмҳои филологӣ, дотсентон даъват карда шуда буданд. Ба сифати мудири кафедра профессор Лавров С.Г., н.и.ф., дотсент  Звагелский, н.и.ф.  Бжассо, н.и.ф. Комилов Ш.К., Х.Ш. Точиева, Л.В. Попырина,  Сон Л.М., А.А. Нозимов, Н.Н. Салихов, С.Р. Раҳимова, Асоева К. кор ва фаъолият доштанд. Айни замон мудирии кафедраи мазкуро Бобоқулов Ҷумъахон ба уҳда дорад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992 3322) 
E-mail: fil.rus@kgu.tj