KGU

Филологияи тоҷик ва журналистика

filialogiyi tojik va jurnalistika.jpg

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи филологияи тоҷик ва журналистика ҳамсоли Донишгоҳ буда, соли 1945 бо номи факултаи забон ва адабиёти тоҷик  таъсис ёфтааст. Дар соли таҳсили 1956-1957 факултаи забон ва адабиёти тоҷик бо факултаи таърих муттаҳид карда шуда, факултаи таърих ва филология номгузорӣ гардид. Аз соли 1961 то давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон факултаи таърих барҳам дода шуд ва факулта номи забон ва адабиёти тоҷикро гирифт. Шурӯъ аз соли 2009 баъди таъсиси шуъбаи журналистика факултаи забон ва адабиёти тоҷик ба факултаи филологияи тоҷик ва журналистика номгузорӣ карда шуд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:

  •  Забон ва адабиёти тоҷик;
  •  Рӯзноманигорӣ;
  •  Забоншиносӣ ва технологияи нави иттилоотӣ.

Ихтисосҳои факулта ихтисосҳои ба ҷамъият манфиатрасон буда, хатмкунандагони ин ихтисосҳо дар тамоми соҳаҳои рӯзмараи кишвар ко ва фаъолият менамоянд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми кредитӣ ва анъанавӣ ба роҳ монда шудааст. Дар факулта 4 кафедра амал менамояд:

1. Кафедраи забони тоҷикӣ
Кафедраи забони тоҷикӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои забони тоҷикӣ, таърихи забон, услубшиносӣ, забонҳои иронии бостон, маданияти сухан, таҳлили матн, хат ва имлои матни калассикӣ, ҳусни баён машғулиятҳои амалӣ мегузаранд.

2. Кафедраи адабиёти тоҷик
Кафедраи адабиёти тоҷик ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналистика буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. Кафедраи адабиёти тоҷик бо фармони ректори Донишгоҳ аз 4 ноябри соли 2010, таъсис ёфтааст.

3. Кафедраи журналистика
Кафедраи журналистика яке аз кафедраҳои ҷавони даврони соҳибистиқлолӣ ба ҳисоб рафта он соли 2009- бо кушишу ғайрати омӯзгорони ДДК ба номи А. Рӯдакӣ Мирзоев Ғоиб, Абдулҳай Қаландар, Шарофат Худойдодова, Солеҳов Нуралӣ ва дигар устодон дар назди кафедраи адабиёти факултаи Забони тоҷикӣ таъсис ёфта буд. Баъди фаъолияти бобарор кафедраи журналистика соли таҳсили 2012-2013 аз ҳайати кафедраи адабиёти тоҷик ва журналистика ҷудо гардида, мустақилона амал мекунад. Айни замон Ҷумъахон Алимӣ – доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи журналистика фаъолият дорад.

4. Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик
Кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик ҳамчун кафедраи мустақил аз соли 1990 амал дорад. То ин дам фанни методикаи таълими адабиёт ва методикаи таълими забони тоҷикӣ дар таркиби кафедраи забон ва адабиёти тоҷик (то 1967) ва кафедраи адабиёти тоҷик ва кафедраи забони тоҷикӣ (1968-1990) таълим дода мешуд.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992 3322) 2- 36-68;   918 67 08 50
E-mail: fil.tojik@kgu.tj@mail.ru