KGU

Физика ва математика

МАЪЛУМОТИ УМУМӢ

Асоси.pngЛоготип.png








 

     15-августи соли 1945 ба қарори Ҳукумати Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии муаллимтайёркунӣ дар заминаи омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Кӯлоб таъсис ёфтааст. Дар ибтидои кор донишкада дар ҳайати се факултет: таъриху филология, физика-математика ва табиатшиносию ҷуғрофия ташкил ёфт. Факултети физика ва математика яке аз аввалин факултетҳои донишкада ба ҳисоб мерафт, ки фаъолияташро бо ҳама мушкилотҳои мавҷуда ба роҳ монд.

Дар факулта 4 кафедра амал менамояд:

1.Кафедраи математика ва методикаи таълими он

Кафедраи таҳти №13 аз 16-ҳуми январи соли 2018 дар назди факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои педагогӣ Самариддинова Зайнаб Наимовна ба уҳда дорад.

2.Кафедраи таҳлили математика ва назарияи функсияҳо

Кафедраи таҳти №13 аз 16-ҳуми январи соли 2018 дар назди факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Абдулазизов Абдулҳаким Холмуродович ба уҳда дорад.

3.Кафедраи физика, методикаи таълими он ва технологияи материялҳо

Кафедраи таҳти №13 аз 16-ҳуми январи соли 2018 дар назди факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро муаллимаи калон Қодирова Дилафрӯз Толибовна ба уҳда дорад.

4.Кафедраи илмҳои компютерӣ

Кафедраи таҳти №13 аз 16-ҳуми январи соли 2018 дар назди факултаи физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Рафиев Сафархон Аюбович ба уҳда дорад.

Бо қарори Шӯрои олимони
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба
номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз
9 ноябри соли 2016, № 74
тасдиқ шудааст.

НИЗОМНОМАИ 
факултаи физика ва математика
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ 

         Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон«Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

         Факултаи физика ва математика ҷузъи таркибии сохтори таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ ва маъмурии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  буда, дар асоси қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  аз 27.01.2014, №6, мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 28.02.2014, №05/2-833 ва бо фармони ректори донишгоҳ №57 аз 06.04.2014 ташкил шудааст.

1.   Факулта дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи Низомномаи мазкур таъсис дода шуда, дар асоси он фаъолият менамояд.  
2.   Факулта вазифаҳои зеринро иҷро мекунад      
–      тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аспирант ва докторантҳо;      
–      ба роҳ мондани низоми таълим, тарбия, такмили ихтисоси устодон ва кормандони техникию ёрирасон;  
–      пешбурди фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмию методӣ ва илмию тадқиқотӣ.

3.    Факултаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар назди муассисаҳои калони истеҳсолӣ, корхона, ташкилот ва муассисаҳои таълимии минтақаҳои гуногун таъсис дода мешавад.
4.    Факулта мутахассисонро дар истеҳсолот ва ҷудо аз истеҳсолот тайёр менамояд.
5.    Барои ташкили корҳои самараноки таълимӣ ва тарбиявӣ дар сохтори факулта шӯъбаҳои гуногун созмон дода мешаванд.     
6.    Факулта озмоишгоҳҳо, кафедраҳо (тахассусӣ, умумитаълимӣ ва умумиҷамъияти)-и муассисаи таҳсилоти олии касбиро муттаҳид месозад.  
7.    Факулта дар сурате таъсис дода мешавад, ки агар дар шакли таълими рӯзона на камтар аз 200 донишҷӯ, дар шакли таълими шабона на камтар аз 400 донишҷӯ ва дар шакли таълими ғоибона на камтар аз 500 донишҷӯ дошта бошад.    

Эзоҳ: Ҳангоми дар факулта таҳсил намудани донишҷӯёни таълими рӯзона, шабона ва ғоибона чунин таносуб ба инобат гирифта мешавад: миқдори донишҷӯёни таълими рӯзона барои ташкил намудани факулта 1:1, шабона 0,5:1 ва ғоибона 0,4:1.     
8.    Роҳбарии факултаро декан ба ӯҳда дорад. Декани факултаро ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар мувофиқа бо муассис ва ризоияти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи устодони унвони илмидошта ба муддати 4 сол ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.        
9.    Ба вазифаи декани факулта номзади илм, дотсент ба муддати на зиёда аз як мӯҳлат, доктори илм, профессор ба муддати на зиёда аз ду мӯҳлат пайи ҳам таъин карда мешавад.   
10.     Декани факултаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки мӯҳлати деканиаш тибқи муқаррароти банди 9 ва 10-уми Низомномаи мазкур гузаштааст, ҳуқуқи минбаъд декан таъин шудан надорад.  
11.     Маҳдудияти синну солӣ ҳангоми таъини декани факулта тибқи муқаррароти кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонмуайян карда мешавад.        
12.     Фаъолияти ҳамасолаи декани факулта бо роҳи анкетагузаронӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад.       
13.     Вазифа ва ӯҳдадориҳои декани факулта мувофиқи Оинномаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи мазкур муайян карда мешавад.        
14.     Иҷрокунандаи вазифаи декани факулта то 3 моҳ иҷозат дода мешавад.
15.     Дар факулта барои амалӣ сохтани фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва маъмурӣ Шӯрои олимони факулта таъсис дода мешавад.       
16.     Фаъолияти Шӯрои олимони факулта тибқи Низомномаи Шӯрои олимони факултаи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонба роҳ монда мешавад.     
17.     Роҳбарии Шӯрои олимони факултаро декани факулта ба ӯҳда дорад.
18.     Декани факулта мувофиқ ба миқдори донишҷӯён дар ихтиёри худ муовинон дорад: 
    - муовини декани факулта оид ба корҳои таълим; 
    - муовини декани факулта оид ба корҳои тарбия;
    - муовини декани факулта оид ба корҳои илмӣ;
    - муовини декани факулта оид ба таълими ғоибона.

19.     Муовини декани факулта оид ба корҳои илмӣ ба тариқи ҷамъиятӣ фаъолият менамояд ва дар сарбории солонааш 100 соат пешбинӣ карда мешавад.
20.     Вазифаи муовини декани факулта оид ба таълими ғоибона ҳамон вақт таъсис дода мешавад, ки агар миқдори донишҷӯёни таҳсили ғоибона на камтар аз 500 нафар бошад.
21.     Барои ба роҳ мондани корҳои методӣ дар факулта Шӯрои илмӣ-методӣ таъсис дода мешавад. Роҳбари Шӯрои илмию методӣ аз ҳисоби устодони таҷрибаи зиёд дошта, дар Шӯрои олимони факулта интихоб карда мешавад.
22.     Феҳрасти ҳуҷҷатгузорӣ дар факулта ба тариқи зайл сурат мегирад:
1). Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳою санадҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
2).     Фармонҳои ректор.
3).     Қарорҳои ректорат.
4).     Қарорҳои Шӯрои олимон.
5).     Фармоишҳои декани факулта.
6).     Дастурҳои вазифавии кормандон.
7).     Нақшаҳо ва ҳисоботи солонаи факулта.
8).     Нақшаҳои солонаи тақсимот ва ҳисоботи сарбории омӯзгорон.
9).     Нақшаҳои таълимӣ.
10).   Ҳуҷҷатҳои кории Шӯрои олимони факулта ва қарорҳои он
11).   Ҳуҷҷатҳои кории Шӯрои илмию методии факулта ва қарорҳои он.
12).   Ҳуҷҷатҳои магистратура.
13).   Ҳисобот ва суратҷаласаҳои комиссияи имтиҳоноти давлатӣ.
14).   Суратҷаласаҳои деканат.
15).   Ҳуҷҷатҳои нишондиҳанда оид ба ҷадвали воҳиди корӣ.
16).   Корҳои илмӣ-тадқиқотии устодон ва донишҷӯён.
17).   Ҳуҷҷатҳои такмили ихтисоси омӯзгорон.
18).   Корҳои кураторӣ.
19).   Мукотиба бо ташкилот ва шаҳрвандон.
20).   Таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ, таълимӣ ва ҳисоботи онҳо.
21).   Корҳои мустақилонаи донишҷӯён.
22).   Ариза, маълумот, пешниҳод ва телефонограммаҳо.
23).   Рӯйхати донишҷӯён.
24).   Ҳуҷҷатҳои таъин намудани идрор ба донишҷӯён.
25).   Ҷадвали дарсҳои таълимӣ, санҷишҳо ва имтиҳонҳо.
26).   Сессияҳои имтиҳонотӣ ва пешрафти донишҷӯён.
27).   Фармонҳои ректор оид ба аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён.
28).   Фармонҳои ректор оид ба хориҷ намудани донишҷӯён.
29).   Фармонҳои ректор оид ба қабул, гузаронидан ва барқароркунии донишҷӯён.
30).   Рӯйхати донишҷӯён аз рӯи гурӯҳҳои таълимӣ.
31).   Нақшаҳои тақвимию мавзӯии фанҳо.
32).   Барномаҳои таълимӣ ва тақвимии корӣ аз фанҳо.
33).   Нақшаи инфиродии омӯзгорон.
34).   Давомоти донишҷӯён ба дарсҳо.
35).   Дафтари қайди дарсҳо.
36).   Маълумотномаи академии донишҷӯён.
37).   Суратҷаласаҳои комиссияҳои экспертӣ.
38).   Рӯйхати амволи кафедраҳо.
39).   Рӯйхати амволи шуъбаҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ.
40).   Ҳуҷҷатҳои кории шуъбаҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ.
41).   Номгӯи корҳои курсӣ, рисолаҳои хатм ва магистрӣ
42).   Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.
43).   Санадҳо.
44).   Китоби содирот ва воридот.
45).   Феҳрастҳо.


Суроға:ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои таълимии №4
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-30-08
E-mail: fizika.matematika@kgu.tj