KGU

Таърихи факулта

ТАЪРИХИ ФАКУЛТА


Факултаи иқтисод ва идора 6-уми апрели соли 2014 бо фармони ректори Донишгоҳ  таҳти №57 таъсис дода шуда, яке аз факултаҳои калонтарини Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.

Факултаи иқтисод ва идора дар заминаи факултаи иқтисодӣ таъсис дода шуда аст. Факултаи иқтисодӣ чун вохиди мустакил фаъолияти худро аз мохи августи соли 1992 огоз намудааст. Асоси факултаро кафедраи назарияи иктисоди, ки он вакт 8-муаллим дошт ташкил медод. 

Дар байни онхо номзади илм 4-нафар, 2-нафар муаллими калон ва 2-нафар ассистентон кору фаъолият менамуданд. Соли 1994 дар факулта 2 – кафедраи тахасусӣ: кафедраи «бахисобгирии бухгалетрӣ ва таҳлили фаъолияти хочагидорӣ», мудири кафедра дотсент Чураев О. ва кафедраи «банакшагири ва ояндабинӣ», мудири кафедра Расулов Н.С. амал мекарданд. Соли 1998 дар факулта кафедраи географияи иктисодӣ ташкил карда шуд, ки мутахассисонро барои таълими фанни география дар мактабхои миёна ба тайёр намудан оғоз намуд.

Шарифов З.Ш. номзади илмои иқтисодӣ мудири кафедра, Шарифов Ф. номзади илмҳои иқтисодӣ, Гафуров Х.Г. номзади илмҳои иқтисоди, Конькова А.А. номзади илмҳои иқтисодӣ, Ивазов Н. муаллими калон, Абдураҳмонов У.М. ассистент инчунин ҳамкорон Фазлиддинов С. - доктори илмҳои техники, Латифов М., Ҷалилов А. ва дигар мутахассисон аз идораву ташкилотҳо даъват шуда буданд. Соли 1995 факулта дорои 2 кафедраи тахассусӣ: кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ (мудири кафедра дотсент Ҷураев О., аъзоён: Шарипов З.Ш., Куганов Н., Сафаров А., Исоев М. ва дигар ҳамкорони соатбай) ва кафедраи банақшагирӣ ва ояндабинӣ (мудири кафедра дотсент Расулов Н.С., аъзоён Файзалиев М., Ғуломнабиев К., Бобоев Н. ва дигар ҳамкорони соатбай) амал мекард.

Дар ин кафедраҳо дар солҳои гуногун аз 12 то 16 нафар муаллимон кор ва фаъолият мекарданд. Дар натиҷаи тағироти номенкулатурии тайёр намудани мутахассисон дар соли 1998 кафедраҳои факулта ба кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит, (мудираш Ҷураев О.) ва кафедраи идоракунӣ, (мудираш Расулов Н.С) табдил дода шуд. Ҳамон сол дар факулта шуъбаи географияи иқтисодӣ кушода шуд, ки мутахассисонро барои таълими фанни география дар мактабҳои миёна ба тайёр кардан оғоз намуд. (Маҷидова К. н.и.п мудири кафедра, аъзоен: Шарифова Ф., Баротов Ч., Холматова Х., Бобоев Н., Сайдамадова Д. ва ҳамкорон Бобоев Т. Б., Бобоев М. Б). Аввалин маротиба соли 2003 (18 нафар) ин шуъбаро ба ихтисоси муаллими география хатм намуданд.

Аз соли 2000 сар карда қабули довталабон ба факулта аз рӯи ихтисосҳои ояндадору замонавӣ менеҷмент ва маркетинг оғоз гардид. Ҳамзамон, барои гирифтани маълумоти дуюм аз ихтисосҳои мавҷуда имкониятҳо муҳайё  карда  шудаанд.

Ҳамон сол зиёда аз 100 нафар (аз ҷумла 62 нафар ба шӯъбаҳои менеҷмент ва маркетинг) қабул гардид. Аз соли 2000 сар карда қабул аз рӯи ихтисосҳои молия ва қарз, инчунин баҳисобгирии бухгалтерӣ манъ карда шуд. Аз ҳамин сабаб соли 2004 реформаи кафедраҳои факулта гузаронида шуд, ки дар факулта 3 кафедра – назарияи умумии иқтисодӣ ва маркетинг (мудири кафедра Ҷураев О.), менеҷменти молиявӣ ва соҳибкорӣ (мудири кафедра Расулов Н.С.) ва кафедраи географияи иқтисодӣ (мудири кафедра Маҷидова К. амал мекард. Дар факулта аз рӯи 9 ихтисос, 3 кафедара - назарияи иқтисодӣ, (мудираш Абдураҳмонов У. аъзоён: Конькова А.А. дотсент, Маҳмудов Б., Каримоа Г. – муаллимони калон ва ассистентон Асоеа И., Қурбонов Л., Қурбонов Р., Одинаев К., ҳамкор дотсент н.и.и Нуралиев А.), менеҷмент (мудираш Шарипова Ф. аъзоён: Расулов Н. дотсент, Саидов С. дотсент ҳамкор муаллимони калон Бобохонова Ш., Ҳакимов А., Нозимов О., Содиқов З., ассистентон Абдулов Д., Шамсов.Ҷ., Сироҷова Т., Шафиев Б. ва ҳамкорон ассистентон Абдуллоев М., Қурбонов Х., Камолов) ва кафедраи маркетинг (мудираш Мирсаидов М. аъзоён: муллимони калон Куганов Н., Сафаров А., Сафаров П., ассистентон Сафаров А., Қураев Қ., Комилов Н., Тешаев М., Иброҳимов О., Давлатов Г, Муқимов Ф, Шоева Ҳ, ҳамкор д.и.и проф. Ғаниев Р, н.и.и Исмоилов С, дотсент н.и.и Муминов А, ҳамкор ассистент Худойдодов З) 43-нафар муаллимон кор карда истодаанд, ки дар байни онҳо 9 нафар номзадди илм, муаллими калон 8 нафар ва 26 нафар ассистентон мебошанд. 5 нафар мутахассиссони иқтисодчӣ аз идораҳои давлатӣ ва корхонаҳои   ш. Кӯлоб ба тариқи соатбай кор мекунанд.

Факулта дорои 2 кафедра буда, аз рӯи 6 ихтисос мутахассис тайёр мекунад. 
Дар факултаи иқтисод ва идора айни ҳол 2 – кафедра амал мекунад: кафедраи менечмент ва маркетинг ва кафедраи иқтисоди корхона ва сохибкорӣ.

Собиқ роҳбарони факулта ва фаъолияти онҳо

zaripov_sh.png


Шарипов Зариф Шарифович
 (тав. 15.12.1949, деҳаи Сарёзии Миёнаи ноҳияи Кӯлоб), иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодиёт (1978), дотсент (1980). Омӯзишгоҳи хоҷагии кишлоқи ба номи В.И. Ленин (1968) ва ДДТ-ро хатм кардааст (1972). Лаборанти калони кафедраи иқтисодиёти ДДТ (1972-78), ходими хурд ва калони илмии Пажуҳишгоҳи иқтисодии АИ ҶШС Тоҷикистон (1978-83), мудири кафедраи иқтисодиёт ва фалсафа (1983-92), декани факултаи иқтисодии ДДК (1992 – 1997), мудири шуъбаи молия, ҷонишини Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз соли 1999-2006), ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айни (2007-2010). Муаллифи чандин асару мақолаҳои илми аст.



kurbonaliev_b.png


Қурбоналиев Бобоқул
(тав.16.06.1939, деҳаи Чагами н. Шурообод), иқтисодшинос, номзади илмҳои иқтисодӣ (1967), дотсент (1968), Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон. Факултаи таърихи ДДТ-ро хатм намудааст. (1960). Аспиранти Донишкадаи лоҳасозии ш. Куйбишев (Россия; 1963-66). Аз соли 1966 дар ДДК дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедра, декани факултаи забон ва адабиёти рус, ноиби ректор оид ба кори таълиму тарбия, декани факултаи иқтисоди (1997 – 2003)  кор кардааст. Муаллифи беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, илми – методӣ ва пбулитсистӣ мебошад. Бо медали «Барои хизмати шоён», ба муносибати 100 – солагии зодрӯзи В.И. Ленин» (1970) сарфароз шудааст. 



konkova_a.png

Конькова Анна Александровна (тав. 5.05.1952, ш. Душанбе), иқтисодчӣ, номзади илмҳои иқтисодӣ (1986), дотсент (1990). Факултаи физикаю математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлобро хатм кардаст (1973). Муаллим, муаллими калон, дотсенти кафедраи иқтисодӣ сиёсӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб (1973-97). Аз соли 1996 раиси ҷамъияти русҳои шаҳри Кӯлоб ва аз соли 1998 узви раёсати ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамватанони хориҷа». Муаллифи чандин асарҳои илмӣ мебошад. Аз соли 2003 то 2006 дар факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ҳайси декани факулта ва солҳои 2006-2013 дотсенти кафедраи маркетинги факултаи иқтисодӣ  кору фаъолият намудааст.


rasulov_n.pngРасулов Нуралӣ Сангакович соли таваллудаш 1956, зодаи д.Даханаи Чанори н. Кулоб. Аз хонадони хизматчи. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1963-1973 мактаби миёнаи №5 ш. Кулоб). Хатмкардаи ф-таи физика-математикаи  ДДК (1978).  Муаллим, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи ДДК(1978-1993). Муовинидекани факултети иктисодии ДДК(1993-1996). Мудири кафедраи Иктисодиёт ва идоракунии ДДК (1996-2006). Декани факултети менечмент ва маркетинги ДДК (2006-2013). Дотсенти кафедраи менечменти ДДК (2013-2014). Аз моҳи апрел то октябри соли 2014 мудири кафедраи иктисодиёти корхонахо ва сохибкории ДДК. Аз моҳи октябр то декабри соли 2014 мудири шуъбаи иқтисодиёти Академияи илмҳои кишоварзии ҶТ, аз моҳи январи соли 2015 то инҷониб сардори раёсати таълими методии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон.

nazarov_p.png
Назаров Пиралӣ Сафарович
1.04.1957 дар  д. Лиҷаки Боло н. Муъминобод дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Солҳои таҳсил дар мактаби миёнаи №12, н. Кӯлоб (1964 – 1974). Хатмкардаи ф-таи таърих ва филология, шӯъбаи таърих ИДПД ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло ДОТ ба номи С. Айнӣ), (1978). Муаллими фанни таърих ва ҷомеашиносии мактаби миёнаи №12, н. Кӯлоб (1978 – 1999), ҷонишини директор оид ба кори тарбияи мактаби миёнаи №12 н. Кӯлоб (1999 - 2003), муаллими калони кафедраи таърих ва ҳуқуқи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2003 - 2005), мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2005 – 2009), ноиби ректор оид ба кори илми ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2009 – 2010), декани факултети иқтисодии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2010 – 2011), муд. кафедраи сиёсатшиносии ДДК ба номи А. Рӯдакӣ (2011 – 2012), мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012 - 2013), Дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ, мудири кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи  ДДК ба номи А. Рӯдакӣ ( аз сентябри 2013 – то ин ҷониб). Муаллифи 5 рисолаи илмӣ (монография) ва 67 мақолаи илмӣ. Соли 2004 дар мавзӯи «Хусусиятҳои бавуҷудоӣ ва инкишофи низоми сиёсӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» рисолаи  номзади дар бахши илми сиёсатшиносӣ дифо намудааст, ки  дорои қимати баланди илмии соҳаи илмҳои ҷомеашиносӣ буда, барои муайян намудани равандҳои сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар нақши муассир мебозад. Ҳамзамон дар доираи алоқаманд ба мавзӯи мазкур, муаллиф бо як қатор лоиҳаҳои фармоишии илмӣ – тадқиқотӣ фаъолият мебарад, ки дар маҷмӯъ дорои қиммати баланд ва дастоварди беназири  илми муосири сиёсатшиносии тоҷик ба шумор мераванд. Имрӯзҳо, П. Назаров  дар мавзӯи «Омилҳои иҷтимоӣ – сиёсии бавуҷудоии низоми сиёсӣ ва хусусиятҳои баамалбарории он дар Тоҷикистони соҳибистиқлол» дар бахши илми сиёсатшиносӣ рисолаи докторӣ омода намудааст ва ҳоло дар арафаи дифои он қарор дорад. Оиладор, соҳиби 3 фарзанд, аъзои ҲХДТ аз соли 1998. Узви иттифоқи журналистони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

kuganov_n.pngКуганов Неъмат Камолович 3.01.1969 дар деҳаи Сангпар ҷамоати деҳоти Зиракии ноҳияи Кӯлоб тавваллуд шудааст. Соли 1977 ба синфи якум ба мактаби миёнаи №12 ба номи «Коминтенрн» рафта соли 1986 мактаби номбурдаро хатм намудааст. Солҳои 1987-89 дар Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ адои хизмат намудааст. Моҳи декабри соли 1989 донишҷӯи шуъбаи тайёрии факултаи математика ва физика, аз моҳи августи соли 1990 донишҷӯи курси якуми шуъбаи математика информатика дохил шуда, соли 1995 ин шуъбаро бо муваффақият хатм намудааст. Аз соли 1995 ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ таҳлил ва аудит фаъолияти меҳнатиро оғоз намуда, солҳои 2004 – 2009 ҷонишини декан оид ба таълимӣ факултаи иқтисодӣ адои вазифа намудааст. Аз  2.07.2013 то 4.04.2014 декани факултаи иқтисодӣ кор карда аз 7.04.2014 мудири кафедраи назарияи иқтисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ таъин шуда то инҷониб фаъолият карда истодааст.


hakimov_a.pngҲакимов Абдуразоқ Саидиброҳимович зодаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Восеъ ҳастам, 10.10. 1984 сол дар оилаи деҳқон ба дунё омадаам. Баъди хатми мактаби миёна соли 2007 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистонро бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит хатм намудаам. Фаъолияти меҳнатиамро дар соли 2007 давоми як сол дар Донишгоҳи технологияи инноватсионӣ ва коммуникатсионии Тоҷикистон дар кафедраи иқтисодиёт ба ҳайси ассистент оғоз намудаам. Аз соли 2008 то инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият дорам. Соли 2008 – ум ба ҳайси ассистенти кафедраи менеҷмент  қабул шуда, фаъолияти меҳнатиамро дар Донишгоҳ оғоз намудаам. Соли 2010-20012 ба ҳайси муовини декан оид ба таълим дар факултаи иқтисоди кор кардаам. Соли 2014 моҳҳои  апрел то октябр ба ҳайси декани факултаи иқтисод ва идора фаъолият намудаам. Аз моҳи октябри соли 2014 то инҷониб муовини декан оид ба таълим кору фаъолият дорам. Оиладор соҳиби 3 – фарзанд буда, айни замон бо роҳбарии н.и.и., дотсент Тағоев Χ.Ҳ. ба корҳои илмӣ тадқиқоти машғул ҳаст.

safarov_m.png
Сафаров Мунир Ватанович
(тав. 11.03.1987, ш.Кӯлоб, вил.Хатлон, аз хонадони зиёӣ), педагог, номзади илмҳои педагогика, барандаи ҷоизаи «Олими ҷавон-2013»-и кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Хатмкардаи  факултаи барномасозии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб (2010). Таҳсил дар мактаби миёнаи №5 ба номи Л.Лангариев (1994-1996), литсейи №1 ба номи Исмоили Сомонӣ (1996-2000), литсейи муштараки тоҷикӣ-туркии ш.Кӯлоб (2000-2005), донишҷӯи  факултаи барномасозии ФДТТК (2005-2010), тарҷумони ташиклоти ғайри давлатии «Заршедабону» (2010-2011), ассистенти кафедраи информатика ва технологияи иттилоотии ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, (2011-2014). Аз апрели соли 2014 декани факултаи иқтисод ва идораи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзӯи «Моделсозии компютерӣ ҳамчун омили муҳими ташаккули тафаккури хонандагон барои ҳалли масъалаҳои  компютерӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои физика-математика, профессор А.Комилӣ ва номзади илмҳои педагогика, дотсент Ш.Юнусов рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Муаллифи беш аз 19 мақолаи илмӣ.