KGU

Молиявию иқтисодӣ

moliyavi.jpg

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи молиявию иқтисодӣ ҳамчун як қисми махсуси ҷудошуда аз собиқ факултаи иқтисодӣ шурӯъ аз 6-ум апрели соли 2014 кори худро бо кафедраҳои азнавташкилшуда ва ихтисосу гурӯҳҳои таълимии ба тобеияташон воридгардида оғоз намуд.

Вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми сезинагии таҳсилот (бакалавриатура, магистратура ва докторантура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факулта соли 2011 ва нақшаҳои нави таълимӣ соли 2014 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:

  • «Молия ва қарз: 1-25 01 04»;
  • «Кори бонкӣ: 1-25 01 04 02»;
  • «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷетӣ ва илмӣ: 1-25 01 08 03».

Ихтисосҳои факулта ихтисосҳои замонавӣ буда, вобаста ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ дар соли 2010 дар заминаи собиқ факултаи иқтисодӣ ташкил шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ ва дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми анъанавӣ ба роҳ монда шудааст. Теъдоди донишҷӯёни факултаи молиявию иқтисодӣ ва ҳаракати онҳо дар солҳои охир дар ҷадвали зер оварда шудааст.

Дар факулта 2 кафедра амал менамояд: 

1. Кафедраи молия ва бонкдорӣ

Кафедраи «Молия ва бонкдорӣ» таҳти №57 аз 6-уми апрели соли 2014 дар назди факултаи иқтисодии Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Аз рӯзи таъсисёби то ба имрӯз вазифаи мудири кафедраро муаллими калон Сафаров Аъзамҷон Аҳмадхонович ба душ дорад.

2. Назарияи иқтисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ

Кафедраи назарияи иқтисодӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ бо фармони ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҳти №57 аз 6-уми апрели соли 2014 дар назди факултаи молиявию иқтисодӣ таъсис ёфтааст. Аз рӯзи таъсисёби то инҷониб вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Куганов Н.К. ба уҳда дорад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-36-64
E-mail: moliyavi-iqtisodi@kgu.tjfm.iqtisod@mail.ru