KGU

Омӯзгорӣ

omuzgori.JPG

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Бо мақсади ба мутахасисони касбӣ таъмин намудани синфҳои ибтидоӣ ва муассисаҳои томактабӣ дар соли таҳсили 1968-1969 дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб факултаи «Педагогика» таъсис дода шуд, ки он аз ду шӯъба: шӯъбаи методикаи таълими синфҳои ибтидоӣ бо ихтисоси муаллими синфи ибтидоӣ ва шӯъбаи педагогикаю психологияи томактабӣ бо ихтисоси мураббии боғчаи бачагон ва муаллими фанҳои педагогикаю психологияи томактабӣ иборат буд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:
Кластери 3 «Филология, педагогика ва санъат»

1010201-Таҳсилоти ибтидоӣ
1010101-Таҳсилоти томактабӣ
101020203-Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ
101010260-Таҳсилоти томактабӣ. Равоншиноси амалӣ
103030201-Дефектология
1030302-Сурдопедагогика
1030304-Олигофренопедагогика
1030301-Логопедия
1230111-Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ
1010202- Таҳсилоти ибтидоӣ. Ихтисоси иловагӣ.

Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи низоми кредитӣ 577 нафар таҳсил доранд, ки аз ин 438 нафар духтарон ташкил медиҳад. Ҳамин гуна 27 нафари дигар тибқи Квотаи Президенти мебошанд. Дар шуъбаи таълими ғоибона 193 нафар донишҷў таҳсил мекунад, ки аз инҳо 46 нафар духтар ва 146 нафари дигаро писарон ташкил медиҳанд.
Дар факулта 2 кафедра амал менамояд:  

1. Кафедраи  таҳсилоти ибтидоӣ 
Кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ аз соли 1968 арзи вуҷуд дошта, 16 нафар аъзо дорад. Феълан дар  кафедра назди факултаи омўзгорӣ Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ташкил шудааст. Имрӯз вазифаи мудири кафедраро Набиев М., и.в. профессор ба душ дорад.

2. Кафедраи таҳсилоти то мактабӣ ва кори иҷтимоӣ

Кафедра аз соли 1970 таъсис ёфта, 16 нафар аъзо дорад. Дар айни замон Иззатова М.И д.и.п, дотсент, Юлдошева Ҷ. Ю. дотсент, н.и.п, Фархудинов И. Ҳалимова Д., Табарова З., Даминова А., Шарипов Б., дар кафедра кору фаъолият доранд. Аини замон вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Ҳалимова Д.,ба ӯҳда дорад. 



Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992) 919 38-59-99
E-mail: omuzgori@kgu.tj@mail.ru