KGU

Таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ

100_1650.JPG

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ вобаста ба тақозои замон стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаҳои таълимӣ дар факултет такмил дода шуданд ва зина ба зина гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ ва низоми ананави таҳсилот (бакалавриатура, магистратура) ҷараён гирифта истодааст. Стандартҳои нави давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ оид ба ихтисосҳои марбути факулта дар соли 2015 аз ҷониби Шӯрои олимони Донишгоҳ давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав карда шуда, тасдиқ гардиданд. Айни замон факулта аз рӯи таълими рӯзона ва ғоибона ихтисосмандҳои зеринро тайёр мекунад:

Тарбияи ҷисмонӣ;
Тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ; 
Айни замон дар факулта 462 нафар донишҷӯн талими рӯзона ва 273 нафари дигар аз рӯй таълими ѓойбона таҳсил доранд. Ҳамагӣ дар шуъбаи рӯзона 35 нафар тариќи буҷавӣ дар таълими ѓойбона бошад 238 нафар тариќи шартномавӣ таҳсил доранд. Дар соли 2016-17 98 нафар хатмкунанда аз инҳо 27 нафарашон буҷавӣ мебошанд. Дар факулата 4 нафар устоди Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Ихтисосҳои факулта ихтисосҳои ба тақозои бозори меҳнати минтақа ва ҷумҳурӣ дар соли 2015 дар заминаи  факултаи мазкур ташкил шудаанд. Бояд гуфт, ки ҷараёни таълим дар шуъбаи таълими рӯзона аз рӯи ду ихтисос тарбияи ҷисмонӣ ва тарбияи ҷисмонӣ омодагии дифои ҳарбӣ низоми кредити дар шуъбаи таълими ғоибона аз рӯи низоми анъанавӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар факулта 2 кафедра амал менамояд: 

1. Кафедраи тарбяи ҷисмонӣ ва методикаи таълими он
Дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ 4 нафар усоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ як нафар мурабии шоистаи Ҷумҳурии 4 нафар корманди шоистаи варзишӣ Ҷуҳуриявӣ мудири кафедраи фавқро Нурматов Шарофиддин ба уҳда дорад.

2. Кафедраи мудофеаи гражданӣ
Кафедраи мудофиаи граждани  аз соли 1966 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада мудирони кафедраи мудофиаи граждани  Ниёзов, Цидаев О.С, Ҳафизов С,Қодиров М ва солҳои 2005 то 2008 Абдуллоев А. Аз соли 2008 Гулмирзоев А.Аз соли 2009 то 2010 Абдуллоев Д. Аз соли 2010 муаққатан таин шуд Сатторов Х. Аз соли 2010 то 2011  таин шуд мудири кафедраи тарбияи ҷисмони ва мудофиаи граждани Табаров М.Т.  Аз соли 2017 мудирии кафедраро муаллими калон Амиров Ф. ба уҳда дорад.


Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони моб: (+992) 987, 47, 41, 17
E-mail: @kgu.tj@mail.ru