KGU

Таърих ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмиллалӣ

tarikh va huquq.jpg

МАЪЛУМОТИ  УМУМӢ

Факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамсоли донишгоҳ буда, фаъолияти худро аз солҳои 1945-1946 дар назди факултаи филологияи тољик ва журналистика оғоз намуда аст. Моҳи декабри сои 2001 шуъбаи таърих аз ихтисоси филологияи тољик људо шуд ва ба факултаи мустақил бо номи таърих ва ҳуқуқ ташкил ёфт. Соли 2014 факулта номи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалиро гирифт. Факулта аз рӯи зинаҳои бакалавр, магистр низоми таълими кредити дар таълими рӯзона, мутахасис дар таълими ғоибона аз руи ихтисосҳои зерин ихтисосмандонро тайёр мекунад.

>   «Таърих: 1-02 01 01»;
>   «Таърих ва ҳуқуқ: 1-02 01 02»;
>   «Муносибатҳои байналмилалй: 1-2301 01»;

Айни ҳол дар факулта ду кафедра амал менамояд.

1. Кафедраи таърих ва ҳуқуқ
Кафедра  тайи солҳои 1946-1947 таъсиси ёфта, то соли 1970 фаъолият кардааст. Соли 1990 номи таърихи иҷтимой-сиёсии асри XX, соли 1992 номи таърихи халқи тоҷик ва назариян иқгисодиро мегирад. Дар заминай ин кафедра соли 2002 кафедраи таърих ва ҳуқуқ таъсис меёбад. Соли 2009 кафедраи таърихи хащи тоҷик ва назарияи иқтисодӣ бо кафедраи таърих  ва ҳуқуқ ҳамроҳ карда шуда, дар сохтори факулта дода мешаванд. Дар кафедра ду маҳфил «ҳукуқшинос» ва «таърихшинос» амал менамояд. Мудирии кафедраро айни ҳол номзади илмҳои таърих  Боқиев Р.У ба уҳда доранд.

2.Кафедраи таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих

Кафедра дар заминаи кафедраи таърих ва ҳуқуқ соли 2007 таъсис дода шудаааст. Дар кафедра 15 нафар устодону  омӯзгорон, 3 нафар дотсентон, 3 нафар муаллими калон 9 нафар омӯзгорон аз рӯи 31 фанни таълими дар се ихтисос ба донишҷӯён даре мегуянд. Дар кафедра маҳфили «бостоншинос» амал менамояд, ки моҳе ду маротиба љамъомадҳо мегузаронад. Мудирии кафедраро айни ҳол муаллими калон Сафаро Х. ба уҳда доранд.



Суроға: ш. Кӯлоб, маҳалаи Якуми май,
Телефони корӣ: (+992 83322) 2-36-54
E-mail: @kgu.tj