KGU
                           tarikh va huquq.jpg

   ТАЪРИХИ ФАКУЛТА

Факултаи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамсоли донишгоҳ буда, фаъолияти худро аз солҳои 1945-1946 дар назди факултаи филологияи тоҷик ва журналистика оғоз намуда буд. Дар охири соли 1947 шӯъбаи таърих ба факултаи таърих табдил дода шуд, ки дар се гурӯҳи таълимй, ду гурӯҳ бо забони тоҷикӣ ва русй, як гурӯҳ дар шуъбаи ғоибона донишҷӯ қабул намуд. Соли 1947 нахустин шуда, ба 15 нафар шогирдони худ дипломи олии нопурраро дар соҳаи илми таърих ҳадия кард. Факулта бо таҳсили рӯзона ва ғоибона то моҳи ноябри соли 1953 арзи вуҷуд кард. Аз моҳи майи соли 1960 то 27-уми июли соли 1962 ДДОК ба филиали ДДО Душанбе табдил ёфт, ки шуъбаи таърих бо теъдоди 60 нафар хатм карда, фаъолияти ин шуъба қатъ гардид. Ҳангоми таъсиси давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон соли таҳсили 1992-1993 аз нав дар заминай факултаи таърих ва филологияи тоҷик ҳамчун шуъбаи таърих таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро номзади илми филологй, дотсент Сайҷафаров Шоҳвалӣ ба ухда дошт. Дар соли аввали таъсисёбӣ, яъне солҳои таҳсили 1992-1993 ба шуъбаи таърих 32 нафар соли 1993-1995 114 нафар донишҷӯён дохил шуданд.
Соли 1995 дар назди факулта, шуъбаи ғоибона кушода шуд, ки худи ҳамон сол 28 нафар довталабон дохил гардиданд. Соли 1997 аввалин маротиба донишҷӯёни таълими рӯзонаи шуъбаи таърих, бо теъдоди 22 нафар ин ихтисосро бомувафақият хатм намуданд.
Аз соли 1993 то соли 2000-ум дар назди факултаи забои ва адабиёти тоҷик амал карда, Моҳи декабри сои 2001 шуъбаи таърих аз ихтисоси филологияи тоҷик ҷудо шуд ва ба факултаи мустақил бо номи таърих ва ҳуқуқ ташкил ёфт. Соли 2014 факулта номи таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалиро гирифт. Айни замон дар факулта 992 нафар донишҷӯ дар таълими рӯзона ва гоибона тахсил доранд.