KGU

Кафедраи адабиёти рус ва хориҷа бо МТЗАР

Кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи
таълими забон ва адабиёти рус

кафедраи адабиёти рус ва хорича бо МТЗ.jpg
ДАР БОРАИ КАФЕДРА

ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НАҚШИ КАФЕДРА ДАР ТАЙЁР НАМУДАНИ ОЛИМОН 
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
АСПИРАНТОН ВА АНВОНҶӮЁНИ КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ
 




Дар бораи кафедра

Айни замон кафедра номи кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти русро дорад.  Дар кафедра 16  фанни таълимӣ   мавҷуд буда,   9  нафар  омӯзгорон  фаъолият мекунанд, аз он ҷумла  7 нафар  корманди асосӣ (н.и.ф. Асоева К.А., н.и.п. Раҳимова С.Р., муаллимони калон: Бобоқулов Ҷ.А., Ғуломова С.Н.,  Ҳалимова М.Р., Кармышева Б.Н., муаллима  Салихова Л.Н.) ва 2 нафари  дигар (дотсент Валиев Н.У., н.и.ф., дотсент Худойдодова Ш.З.)  ҳамкор  мебошанд.
Кафедра  аз рӯи равияи «Русская и зарубежная литература»,  проблемаи «Традиции и новаторство в литературном процессе» ва мавзӯи «Русско-таджикские литературные связи»  фаъолияти илмии худро ба роҳ мондааст.  Оид ба ин лоихаи кафедра дар айни ҳол н.и.ф. Асоева К.А.,  н.и.п. дотсент Раҳимова С.Р., муаллимони калони кафедра  Бобоқулов Ҷ.А., Ғуломова С.Н., Қармышева Б.Н. ва Ҳалимова М.Р., Салихова Л.Н. корҳои илмӣ бурда истодаанд.    
Устодон аз фанҳои методикаи таълими забон ва адабиёти рус, курси амалии адабиёти рус, муқаддимаи адабиётшиносӣ, назарияи адабиёт, таърихи адабиёти рус, таърихи адабиёти хориҷӣ, адабиёти хориҷӣ, адабиёти муосири рус ва ғайраҳо дарс мегузаранд. 
Кафедра алоқаҳои доимӣ бо донишкада ва донишгоҳҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Россия дорад: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянию русии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Дони шгоҳи давлатии ш. Москва, Донишгоҳи давлатии Тула ва дигарон.


Таърихи кафедра

Кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус аз рӯзҳои аввали ташкилёбии факултаи забон ва адабиёти рус вуҷуд дорад. Вай ҳамчун кафедраи санҷишӣ ташкил карда шуда буд. Фармон дар бораи ташкил кардани вай  дар  соли 1952 бароварда шуда буд. Ҳангоми ташкил кардани ин кафедра ба сифати мудири кафедра номзадҳои илмҳои филологӣ, дотсентон даъват карда шуда буданд. Ба сифати мудири кафедра профессор Лавров С.Г., н.и.ф., дотсент Звагелский, н.и.ф. Бжассо,н.и.ф. Комилов Ш.К., Х.Ш. Точиева, Л.В. Попырина,  Сон Л.М., А.А. Нозимов, Н.Н. Салихов, С.Р. Рахимова ва дигарон кор мекарданд.
Сон Л.М. ба сифати мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти рус дар солҳои 1982-1986 кор мекард. Дар ин айём дар ин кафедра омӯзгорон Ващенко А.С., Брагин Г.Г., Драгунова Е., Зеленкова Н.В., Салихов Н.Н., Путинцева Е., Рахимова С.Р., Нозимов А.А., Столштейн Н., Каримова У.С., Абдуллоева С., Валиев Н.У.,  кор ва фаъолият мебурданд.
Дар солҳои 1988-1992 Нозимов А.А. ба сифати мудири кафедра кор мекард. Ҳоло Нозимов А.А.  доктори илмҳои филологӣ, профессор, иҷрокунандаи директории филиали МГУ ба номи  М.В. Ломоносови ш. Москва дар Тоҷикистон мебошад.
Салихов Н.Н. доктори илмҳои филологӣ, профессор.  Дар солҳои 1992-2000-ум ба сифати мудири кафедра кор ва фаъолият мекард. Айни замон вай дар вазифаи ректори Донишгоҳи славянӣ – русии Тоҷикистон кор мекунад.
Қодиров Н.С. муаллими калон. Ба сифати мудири кафедра дар солҳои 2001-2002 кор кардааст. Донишманди хуби адабиёти рус башумор мерафт.
Раҳимова С.Р.,н.и.п. хатмкардаи факултаи забон ва адабиёти рус, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб. Дар солҳои 2001-2002  ба сифати мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус кор ва фаъолият мекард. Аз соли 2002 то соли 2011 ба сифати мудири кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо методикаи таълими забон ва адабиёти  рус фаъолият намуд. Дар ҷараёни фаъолияташ вай шогирдони зиёде тайёр карда, ба сифати омӯзгорони ҳамин факулта ба кор даъват карда шуданд. Соли 2012-ум вай рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Тарбияи маънавӣ дар дарс-мубоҳиса дар синфҳои болоии мактабҳои тоҷикӣ» дифоъ намудаст. ӯ ба «Ифтихорномаҳои фахрӣ» ва «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», соли 2016 бо унвони «Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сазовор гардид. Муаллифи зиёда аз 22 мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад.  Айни замон Раҳимова С.Р. аз фанҳои методикаи таълими адабиёти рус ва адабиёти хориҷӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебарад.
Валиев Н.У., номзади илмҳои филологӣ, дотсент. Муддате ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуд. Ҳоло бошад, мудири кафедраи адабиёти ҷаҳонӣ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон кор ва фаъолият карда истодааст.  Дар айни замон Валиев Н.У. дар  кафедра ба сифати  ҳамкор фаъолият мекунад.
Бобоқулов Ҷ.А., муаллими калон. Аз соли 2011 то соли 2013 ба ҳайси мудири кафедра фаъолият намуд. Ҳоло вазифаи декани факултаро иҷро карда истодааст.   Моҳи сентябри соли 2016   рисолаи номзадиашро бо роҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Солеҳов Н.Н. дар мавзӯи «Хусусиятҳои бадеӣ-услубшиносии тарҷумаи асарҳои Иван Бунин ба забони тоҷикӣ»-ро дифоъ намуд. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз фанҳои адабиёти муосири рус ва назарияи адабиёти рус дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебарад.
Асоева К.А. баъди бомуваффақият дифоъ намудани рисолаи номзадӣ дар мавзӯи  «Навъҳои алоқаи тобеъи калимаҳо дар ибораҳо ва ҷумлаи содда дар забонҳои русӣ ва тоҷикӣ» аз феврали соли 2014 вазифаи мудири кафедраро ба ҷо оварда истодааст. Вай ба гирифтани унвони номзади илмҳои филологӣ мушарраф гардидааст. Дар корҳои илмӣ ва ҷамъиятии факулта ва донишгоҳ фаъолона иштирок мекунад. Асоева К.А. дорандаи «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Муаллифи зиёда аз 20 мақолаҳои илмӣ ва як монография мебошад. Аз фанни методикаи таълими забони русӣ дарсҳои назариявӣ ва амалӣ мебарад.


Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар факултети филологияи рус маҳфили адабии «Зелёная лампа» аз сентябри соли 2003 то инҷониб амал мекунад. Роҳбарии маҳфилро муаллими калони кафедраи адабиёти рус ва хориҷӣ бо МТЗАР ҲалимоваМавҷуда ба ӯҳдадорад. Маҳфил мувофиқинақшамоҳе як маротибагузаронидамешавад.
Нақшаимаҳфил дар суратҷаласаи  кафедра дар моҳисентябрмуҳокимаватасдиқ карда мешавад. Аъзоёнимаҳфил 15 нафармебошанд. Дар маҳфилдонишҷӯёникурсҳоиякум то чорумфаъолонаиштирокменамоянд, инчуниномӯзгорони кафедра ваустодон дар кори маҳфилширкатмеварзанд.
Ба донишҷӯёнибеҳтаринИфтихорнома  аз тарафи кафедра вафакултетсарфарозгардонидашуд,  чунки дар рафтимаҳфилбеҳтаринҳохудробопуррагӣнишонмедиҳанд. Дар ҳар як маҳфил як маърӯзашунидамешавад. Рӯзномаидевориибономи «Зелёная лампа» амалменамояд.


   Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

1.  Ғуломова С.Н.  - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Адабиёти тоҷику форс ва мавзуҳои Шарқ дар эҷодиёти Иван Бунин». Роҳбари илмӣ: профессор Вали Самад.
2. Ҳалимова М.Р. -  унвонҷӯ, мавзӯъ: «Асосҳои педагогии рушди қобилияти эҷодии хонандагон дар дарсҳои забони русӣ».  Роҳбари илмӣ: профессор Ҳоҷиматова Г.М.
     
3. Кармышева Б.Н. - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Тарбияи инсондӯстӣ дар эҷодиёти Ҷаллолидини Румӣ». Роҳбари илмӣ:  акдемик Қодиров К.Б
.