KGU

Кафедраи илмҳои компютерӣ

КАФЕДРАИ ИЛМҲОИ КОПЮТЕРӢ 

ДАР БОРАИ КАФЕДРАмахфили.png
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
МУДИРОНИ КАФЕДРА ДАР ДАВОМИ 70 СОЛ
МУАЛЛИМОНИ АВВАЛИНИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА

Дар бораи кафедра

Дар соли таҳсили 2016-2017 дар кафедраи илмҳои компютерӣ 11489 соатҳои таълимӣ мавҷуд мебошад, ки аз инҳо 718,1 кредит ва 1168 соати анъанавӣ мебошанд. Шумораи аъзоёни кафедра ба 21 нафар расидааст, ки аз инҳо 9 нафар аъзоёни доимӣ, 5 нафар аъзоёни дохилӣ ва 7 нафари дигарро камкоронӣ берӯна ташкил медиҳанд.


Таърихи кафедра

Кафедраи илмҳои компютерӣ аз 12-июни соли 2013  дар асоси  фармони №125 ректори донишгоҳ аз таркиби кафедраи информатика ва техникаи ҳисоббарор ҷудо шуда мустақил гардид. Мудири аввалини он номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Одинаева Сафаргул Атабековна буданд. Аз сентябри соли 2014 то октябр соли 2015 вазифаи мудирии кафедраро муаллими калон Азимов С.Д бар ӯҳда доштанд. Айни ҳол мудирии кафедраро муаллими калон Рафиев С.А. ба ӯҳда доранд. Дар кафедра 22 нафар омӯзгорон кору фаъолият менамоянд. Аз ин шумора  дар кафедра 2 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна, 3 нафар номзадони илм, дотсент, ҳамкори беруна, 1 нафар номзади илм, муаллими калон, ҳамкори дохила, 2 нафар муаллими калон ва 13 нафар ассистентон мебошанд. Дар маҷмӯъ 2-нафар унвонҷӯ (Азимов С.Д. ва Одинаев А.Р.), 1 нафар аспиранти таълими ғоибона (Шоҳсанами Р.) ва 1 нафар аспиранти таълими рӯзона (Сафаров С.С.)-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошанд. Дар соли таҳсили 2016-2017 шумораи фанҳои кафедра ба 53 номгӯй расидааст. Ба таркиби кафедра фанҳои сикли аз қабили забонҳои барномасозии баландфароз, графика ва дизайни компютерӣ, усулҳои иқтисодии математикӣ ва моделсозии компютерӣ, тиҷорати электронӣ, системаҳои автоматикунонии ахбор, шабакаҳои компютерӣ ва информатика дохил гардиданд.

 

НИЗОМНОМАИ КАФЕДРАИ ИЛМҲОИ КОМПБТЕРӢ

I. Қоидаҳои умумӣ.

Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», « Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовара аз 13. 04. 2006, таҳти № 8/4) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

1. Кафедраи адабиёти тоҷик ҷузъи тар кибии сохтори Донишгоҳ ва факултети филологияи тоҷик ва журналис тика  буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тар биявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедраи адабиёти тоҷик бо фармони ректори Донишгоҳ аз 4 ноябри соли 2010 таъсис ёфта аст.
3. Кафедра дар мактаби таҳсилоти  миёнаи умумии № 1 ш. Кӯлоб филиали худро  дорад.

II. Вазифаҳои хизматии кафедра.

Ба зиммаи кафедраи дабиёти тоҷик вазифаҳои зерин гузошта шудааст:

1. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бояд хар 5 сол 1 маротиба аз коромӯзӣ ва курси такмили ихтисос гузаранд.
2. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кор мандони илмии кафедра дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи озмун,  талаботи Низомномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқи конунгузории ҷорӣ ба амал бароварда мешавад;
3. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузорӣ дар  байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад:
4. Маҳдудияти синну солӣ ҳангоми интихоби мудири кафедраи му ассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти кодекси меҳнати Ҷум ҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
5. Кафедра дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ 1 маротиба ҷаласа ме  гузаронад.
6. Дар ҳолати набудани мудири кафедра вазифаи онро муваққатан яке аз аъзои ботаҷрибаи кафедра иҷро мекунад.
7. Ба кафедраҳое, ки зиёда а 20 нафар аъзо доранд, вазифаи муови ни мудири кафедра иҷозат дода мешавад.
8. Барои роҳбарӣ ба кафедра дар сарбории мудири кафедра 50 соат ба нақша гирифта мешавад.
9. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра то 3 моҳ иҷозат дода ме шавад.
10. Барои навиштани рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, омӯзгорони кафедра метавонанд ба муддати се моҳ, шаш моҳ ва як сол ба рухсатии эҷодӣ бароянд.

III. Мақсад ва намудҳои фаъолияти кафедра.

1. Ташкил  ва  гузаронидани  машғулиятҳои  лексионӣ,  семинарӣ  (амалӣ), лабораторӣ  ва  дигар  намуди  машғулиятҳои  таълимӣ  тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи тахсилоти олии касбӣ ( дараҷаи баланди илмию назариявӣ);
2. Роҳбари ба корҳои таълимию истехсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсӣ,  лоиҳа ва корҳои дипломи ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони чорӣ;
3. Ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни дониш ҷӯён;
4. Мувофиқи  тартиби  муқарраргардида  таҳия ва  таъбу  нашри барномаҳои таълимӣ оид  ба  фанхои  тадрисшаванда;
5. Пешниҳоди  тақриз  ва  хулоса ба  барномаҳои  таълимие,  ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
6. Таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусхои нав;
7. Ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
8. Роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён;
9. Муҳокимаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар ама лияи ҷамъиятӣ – истеҳсолӣ;
10. Ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
11. Баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
12. Омӯзиш, баррасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзго рони кафедра;
13. Дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
14. Таҳия  ва  баррасии чорабинии  оид  ба  истифодаи  маводҳои муосири таълимӣ ҳангоми машғулиятхои амалӣ ва назариявӣ;
15. Тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ;
16. Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, барои дифоъ пеш ниҳод;
17.Бо  супориши  ректори  муассисаи  таҳсилоти  олии  касбӣ му ҳокима  ва  баррасии  рисолаҳои  номзадӣ  ва  доктории  аз  берун ворид шаванда;
18. Барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи робитаи назария бо амалия;
19.Ташкили робитаи мунтазам бо хатмкунандагони муассисаи    таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
20. Ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва корман  дони  кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
21. Ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсхои кушоди устодони кафедра;
22. Муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.

IV. Идоракунии кафедра.

1. Кафедраро мудир рохбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздихии пинхонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати чор сол интихоб карда мешавад. Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи  номзадҳои  илм,  дотсентон  ба муддати чор сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи  ҳам,  ба  тариқи  овозди хии пинхонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ инти хоб карда мешаванд. Мудирони кафедраҳое, ки то вакти амали шудани Низомномаи мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд ( аз зум раи  номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.
2.  Интихоби  мудири  кафедра  аз ҷумлаи омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони  илмӣ  надоранд,  манъ  аст. Барои баъзе ихтисосхо – забон хои хориҷӣ, варзиш , сохаи фарҳанг, ба таври истисно барои як муддат иҷозат дода  мешавад.
3. Интихоби  мудири  кафедра дар  асоси  озмун  гузаронида мешавад.

Озмун аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш аз инти хоби мудири кафедра дар саҳифаҳои васоити ахбори умум эълон ва интишор карда мешавад:
- дар  озмун  довталабон  мутобиқи бандҳои  2  ва 5- и Низомномаи мазкур, мувоффиқ ба ихтисос ва шифри тахассус иштирок карда ме тавонанд;
- ҳамон нафаре мудири кафедра ҳисобида мешавад, ки агар дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми овоздиҳӣ аз  се ду ҳиссаи овозҳои аъзои Шӯрои олимонро гирад;
- овоздиҳӣ ба таври пинҳонӣ сурат мегирад.

4. Мудири кафедра узви Шӯрои олимони факултет мебошад.
5. Ба ҳайати кормандони кафедра, доктори илм, профессор – мушовир, номзади илм, дотсент, омӯзгор, омӯзгори калон, ассистент, ходими калон ва хурди илмӣ, докторант ва аспирант, муҳаққиқ – коромӯз ва  кормандони таълимию ёрирасон (лаборант, лаборанти калон, мудири  лаборатория, мудири кабинет, котиби кафедра) дохил мешаванд.

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА

Дар соли 2016 дар кафедраи илмҳои компютерӣ 22 нафар устодон ба фаъолияти илмӣ- татқиқотӣ, таълимӣ ва тарбиявӣ машғул мебошанд. Аз ин шумора  дар кафедра 2 нафар доктори илм, профессор, ҳамкори беруна, 3 нафар номзадони илм, дотсент, ҳамкори беруна, 1 нафар номзади илм, муаллими калон, ҳамкори дохила, 2 нафар муаллими калон ва 13 нафар ассистентон мебошанд. Дар маҷмӯъ 2-нафар унвонҷӯ (Азимов С.Д. ва Одинаев А.Р.), 1 нафар аспиранти таълими ғоибона (Шоҳсанами Р.) ва 1 нафар аспиранти таълими рӯзона (Сафаров С.С.)-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошанд. Синну соли миёнаи кормандони илмии кафедра ба 39 сол баробар аст.
Аъзоёни кафедраи илмҳои компютерӣ дар соли 2016 зиёда аз 48 мақола, фишурдаҳои маърӯзаҳо ва дастурҳои таълимиро таҳия ва чоп намудаанд. Аз ҷумла 7 мақола, 16 фишурдаи маърӯзаҳо, 1 мақола дар рузнома ва 3  дастури таълимиро чоп намудаанд. 1 мақолаи илмӣ ва 10 фишурдаи маърӯзаҳо ба чоп пешниҳод намудаанд.

Рӯйхати аъзоёни кафедра

1. Рафиев Сафархон – муаллими калон, мудири кафедра
2. Сафаров Мунир - муаллими калон, н.и.п
3. Азимов Саидиброҳим - муал. калон
4. Одинаев Абдулфаёз - ассистент, унвонҷӯ
5. Шоҳсанами Ризо - ассистент
6. Асоев Мирзошариф – ассистент, магистр
7. Пиров Муҳаммад – ассистент
8. Сулаймонов Убуйдулло – ассистент, магистрант

Ҳамкорони дохилӣ
9. Самариддинова Зайнаб - муал.калон, н.и.п.
10. Даминова Қурбонбӣ - ассистент
11. Сафаров  Сайтоҷиддин – ассистент, аспиранти рӯзона
12. Зоиров Абдуманон - ассистент
13. Ғуломов Суҳроб – ассистент, магистрант
14. Одинаев Сайфиддин – ассистент, магистрант
15. Умедаи Талаб – ассистент, магистрант

Ҳамкорони беруна
16. Юнусӣ Маҳмадюсуф - д.и.ф.м., профессор, ҳамкор
17. Одинаева Сафаргул - н.и.ф.м., дотсент, ҳамкор
18. Шарипов Фаридун - д.и.п., профессор, ҳамкор
19. Шарифов Илҳом  - н.и.п., дотсент, хамкор
20. Холов Абдураҳмон - ассистент
21. Юнусов Шамшер - н.и.п., дотсент, хамкор

22. Шарипов Бегиҷон – ассистент, ҳамкор

Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён, ҷалби онҳо ба илмомӯзӣ ва тайёр намудани донишҷӯён ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ дар кафедра маҳфили «Барномасозони ҷавон» фаъолият дорад. Роҳбари маҳфил ассистенти кафедра Асоев М.А. мебошад. Тибқи нақша маҳфил дорои 33 нафар аъзо буда, шуморои аъзоёни он рӯз аз рӯз меафзояд.

   Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Дар кафедраи илмҳои компютерӣ 1 нафар аспиранти рӯзона Сафаров С.С. ва 1 нафар аспиранти шуъбаи ғоибона Шоҳсанами Ризо кору фаъолият мекунанд. Онҳо аз рӯи мавзӯъҳои корҳои илмӣ - тадқиқотии худ бо ҳамроҳии роҳбарони илмӣ мақолаҳо рӯи чоп оварда истодаанд. Ҳамзамон дар кафедра 2 нафар унвонҷӯ Азимов С.Д. ва Одинаев А.Р. кору фаъолият менамоянд.
Муаллими калони кафедра, унвонҷӯ Азимов С.Д.  бо роҳбарии профессор Юнусӣ М. ва Одинаева С. аз соли 2013 дар мавзӯи «Исследование математических моделей задачи сравнения и идентичности региональных экосистем РТ» (на примере заповедника «Дашти-Джум»)» кор бурда истдодааст. Пайваста бо устодони номбаршуда дар алоқа буда бо онҳо дар бораи кори илми суҳбатҳо гузаронида, равияи илмии худро омӯхта истодааст. Дар соли 2016 1 васоити таълимӣ, 1 фишурдаи маърӯза ва 2 мақола дар паёми ДМТ ба чоп расонидааст.
Унвонҷӯ Одинаев А.Р.  аз таърихи 22.11.2012 дар ДДК ба сифати унвонҷӯ аз рӯи ихтисоси 13.00.01-Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот қабул гардида таҳти роҳбарии узви вобастаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Шукурзод Т.А., дар мавзӯи «Применении педагогические технологии методы оценки качества математической подготовки обучающихсия вобразовательных учереждений» фаъолият намуда истодааст. Мавзӯи илмиаш  дар ҷаласаи кафедра ( 25.12.2013) дар ҷаласаи шӯрои олимони факулта (2.01.2014) ва шӯрои олимони донишгох  2014 тасдиқ гардидааст. Оид ба ин масъала адабиёти лозими  ҷамъоварда, аз рӯи онхо омӯзиши пайдархамии масъалаҳои мавзуъ дар асоси накшаи тартиб додашуда ичро намудааст. Мувофики накша кори илмии ӯ аз мукаддима, 2 боб (боби 1-ум 3 параграф, боби 2-юм 4-параграф) ва хулоса иборат мебошад. Аллакай ҳар се параграфи боби якумро дар шакли дастнавис пешкаши роҳбар намуда, дар шакли дурусти электорнӣ низ таёр гардонидааст. Бо тавсияи роҳбар аз кори илми ду мақола ба донишгоҳи миллӣ бо номҳои «Педагогические анализ опыта оценки качества подготовки обучаюшихся образовательних учреждений» ва «Технология проведения интернет-экзамен в сфере выщего профессионального образования» барои чоп намудан  супоридааст.
Аспиранти таълими ғоибона Шоҳсанами Ризо дар соли таҳсили 2015-2016  ба ҷамъоварии мавод барои рисолаи номзадӣ машғул гардида, моҳи апрели соли 2016 бо маърӯзаҳо дар конеренсия баромад намудааст. Фишурдаҳои маърузаҳои ӯ дар 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ аз чоп баромад. ӯ зери роҳбарии н.и.п., дотсент Юнусов Шамшер Юсуфович дар мавзӯи «Использование информационных технологи в занимательных играх, с целях развития познавательного интереса студентов на уроках математики» тадқиқот бурда истодааст. Дар доираи мавзӯи тадқиқотии хеш зиёда аз 10 диссератасия ва 35 адабиёт ҷамъоварӣ намуда, ба омӯзиш ба таҳлили онҳо машғул мебошад.
Шоҳсанами Ризо қайд дар доираи корҳои илмии худ 8 мақола ва фишурдаҳои маърӯзаҳо аз чоп бароварда, 2 мақола ба паёмҳои ДМТ ва Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон ба чоп супоридааст.
Сафаров С.С. аспиранти курси 1-уми таълими рӯзона зери роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ Мирзоев А. дар мавзӯи «Особенности содержания информационно – коммуникативных технологий обучения, способствующий формированию профессиональных компетентности студентов» ба тадқиқот оғоз намудааст. Оид ба ба ӯҳдагирифтани роҳбарӣ розигии хаттии доктори илмҳои педагогӣ А. Мирзоевро оварда, мавзӯи илмӣ ва роҳбари илмиашро дар ҷаласаи кафедраи илмҳои компютерӣ аз 24.05.2016, №8, дар ҷаласаи Шурои факулта аз 27.05.2016, №8 ва дар Шурои олимони донишгоҳ аз 28.07.2016, №11 тасдиқ намудааст. Дар 2 конференсияи ҷумҳуриявӣ баромад намудаам, ки як фишурдаи мақолааш аз чоп баромадана 1- тои дигараш ба наздики чоп хоҳад шуд.