KGU

Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ

КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИ КОРХОНАҲО ВА СОҲИБКОӢ 


ДАР БОРАИ КАФЕДРА
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
МУДИРОНИ КАФЕДРА ДАР ДАВОМИ 70 СОЛ
МУАЛЛИМОНИ АВВАЛИНИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА

Дар бораи кафедра

Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ ба сифати ҷузъи таркибии факултаи иқтисод ва идораи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ амал намуда, дар тайёр намудани мутахассисони соҳаҳои бахши иқтисодии минтақаи Кӯлоби Вилояти Хатлон нақши босазо дорад. Фанҳои таълимии кафедра бо назардошти ихтисосҳои зерин: иқтисоди идора дар корхона, иқтисод ва идора дар корхонаҳои хурд, иқтисоди идора дар комплекси агросаноатӣ(КАС) ҷараён мегиранд. Корҳои илмӣ- тадқиқотии ҳайати устодон ва омӯзгорони кафедра дар заминаи равияҳои зерин: 1. иқтисоди корхонаҳо ва 2. Асосҳои ташаккули соҳибкорӣ ба роҳ монда шудааст. Дар кафедра дотсентон. - П.С. Назаров, Н. Расулов; муалимони калон. - Л. Расулова, О. Нозимов, А. Ҳакимов; асистентон: Шаҳнозаи Содиқ, Т. Сироҷова, Қ. Мирзоев, М. Нуралиева, С. Бекматова, М. Назаров, Т. Мирзоев , М. Ибодова, ба донишҷӯён таълим медиҳанд.


Таърихи кафедра

Кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорb тибқи  фармони  ректори донишгоҳ профессор Абдулло Ҳабибулло  таҳти №57  аз 6.04. 2014  таъсис дода шудааст.  Дар ибтидои фаъолият кафедра 10 нафар аъзо дошт. Дар ин муддат  ба ҳайси мудирони  кафедра  устодони зерин  кору фаъолият намуданд: дотсент Расулов Н.С.- апрел – октябри соли 2014, муалими калон –Расулова Л.Н. №113 7.10 2014 то моҳи майи соли 2016, н.и.сиёсӣ, дотсент Назаров П. С. аз  28 05 2016 то ин ҷониб.   Дар айни замон дар кафедра шумораи аъзоёни кафедра 16 нафар аз онҳо 2 нафар дотсентон,-П. Назаров., Н. Расулов) 4 нафар муалими калон,-  А.Ҳакимов., О.Нозимов., Л.Расулова.,  Д. Раҳматов  10 нафар ассистент- Т. Сироҷова., М.Назаров Т.Мирзоев Шаҳнозаи Содиқ.,

Қ. Мирзоев., С. Бегматова., А.Каҷкулоев., М. Нуралиев., М, Ибодова Хисрави Абдулло мебошанд. Илова бар ин дар кафедра 4 нафар докторанти “PhD” (курси якум 2 нафар), (курси дуюм 2 нафар), фаъолият дораннд. Шумораи магистрантҳои назди кафедра 15 нафаро ташкил медиҳанд.

 

НИЗОМНОМАИ КАФЕДРАИ ИҚТИСОДИ КОРХОНАҲО ВА СОҲИБКОРӢ

I. Муқарароти умумӣ.

Низомномаи кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1. Кафедра  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашон номзад ва доктори илм бошанд, ташкил карда мешавад. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои ғайрифилологӣ) аз талабот истисно мебошанд.
3. Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
4. Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд.
5. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА

1. Расулов Н.С. - Менеҷмент – панҷсаду панҷоҳу панҷ ахтари дурахшони роҳбарӣ; Васоити таълимӣ – Душанбе – 2014с. 164 – саҳ. Ҷузъи чопӣ – 14,2. Нашрияи «Ирфон»
2.  Расулова Л.Н. Менеҷмент – Ҳазору ҳафсаду ҳафтоду ҳафт саволу ҷавоби роҳбарӣ; Васоити таълимӣ - Душанбе – 2014с. 228 – саҳ. Ҷузъи чопӣ – 15,2. Нашрияи «Ирфон»
3. Расулов Н.С. - Сиёсати кластерии рушди иқтисод ва амнияти озуқаворӣ (мақола дар конференсияи илмию амалии xумҳуриявӣ) Хуҷанд – 2014, ИИК АИКТ 7-саҳифа
4. Нозимов О.Қ. – Моҳияти молиявии корхонаҳои истеҳсолӣ ва нақши онҳо дар низоми молияи давлатии Χумҳурии Тоxикӣстон, Паёми ДДК – 1(12)2015 Душанбе – ПРОМЭКСПО саҳ 128-130.

Рӯйхати аъзоёни кафедра

1. Назаров Пирали Сафарович, номзади илми сиёсӣ, мудири кафедра.      
2. Расулова Лутфия Нуралиевна  – муаллими калони   кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ.
3. Ҳакимов А.С. – муаллими калони кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ (ҷонишини декан оид ба таълими рӯзона).
4. Нозимов Орзу Қурбоналиевич – муаллими калони кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ.
5. Мирзоев Тоҳир Зайниддинович – ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ (ҷонишини декан оид ба таълими ғоибона.
6. Назаров Муродалӣ Солеҳович  - асистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ (Ҷинишини декан оид ба тарбия.
7. Сироxова Тахмина – ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ
8. Мирзоев Қурбоналӣ Саидович  – ассистенти кафедраи иқтисоди корхонаҳо ва соҳибкорӣ.


Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедра маҳфили фаннии «Менеҷерон ва маркетологони ҷавон» амал карда истодааст, ки  роҳбарии онро ассистенти кафедра Абдулов Дилшод ба уҳда дорад.  Маҳфил 35 нафар аъзоён  дорад, ки  аз ҳисоби донишҷӯёни  лаёқатманди бахшҳои менеҷмент, маркетинг,  иқтисод ва идора дар корхонаҳо ташкил ёфта аст.  Нақшаю барномаи кории маҳфили фаннӣ дар ҷалассаи кафедра муҳокима гашта аз ҷониби шуъбаи илми Донишгоҳ тасдиқ  карда шудааст, ки аз руи он маҳфил амал карда  дар як моҳ ду маротиба гузаронида мешавад.
Маҳфили фаннии кафедра бо номи «Соҳибкор» ҳар моҳи санаи 30.10.2014. баргузор мегардад, аз донишҷӯёни лаёқатманди факултет 36 – нафар аъзои ин маҳфил буда амал мекунанд. Ба ҳайси роҳбари маҳфил ассистенти кафедра Сироҷова Т.М., таъин шудааст. 

   Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Дар кафедра 4 нафар аспирантону унвонҷӯён ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ машғул аст.
Расулова Л., равияи иқтисодӣ
Ҳакимов А. , равияи иқтисодӣ
Нозимов О. , равияи иқтисодӣ
Сироҷова Т. , равияи иқтисодӣ