KGU

Кафедраи методикаи таълими физика ва ТМ

КАФЕДРАИ ФИЗИКАИ УМУМӢ 


ДАР БОРАИ КАФЕДРАфизикаи умуми.jpg
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ КАФЕДРА
БАРНОМАҲОИ ТАЪЛИМӢ
КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТӢ
АСПИРАНТОНУ УНВОНҶӮЁН
ПРЕЗЕНТАТСИЯҲО
МАҲФИЛҲОИ КАФЕДРА
МАРКАЗИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲО






Дар бораи кафедра

Кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои физика, КТМ, Манзараи табии илмии олам., Биофизика, Муҳофизати меҳнат ба тариқи назариявӣ, амалӣ ва озмоишӣ дарс мегузаранд. Дар кафедра. профессор, академик Каримов С.К., дотсентон: Ѓаффоров С, Раҳмонов Ҳ.О., муаллимони калон:Сайдалиев А., Қурбонов Д., Шарипов А., Қодирова Д.Т., Акрамова Р., Раҳматова Р., ассистентон: Аламова Х., Исоев С., Гулматов У., Муродова С., Кулобиев С., Шарипов С, Лутфияи Ҷурахон, Парвинаи У., Сулаймони Абдуқаҳор., Мусоева Ҷ. дарс мегӯянд.


Таърихи кафедра

Кафедраи физика ё физикаи умумӣ аз рузи таъсисёбии донишкадаи муаллимтайёркунӣ дар алоҳидагӣ мавҷуд набуда дар таркиби кафедраи физика-математикаи факултети физика-математика буд. Мудири кафедра аз давраи таъсисёби то соли 1958 Султонов Мирзо буда кафедра 6 аъзо дошт. Аъзоёни кафедра Е.Б.Ямитин, Мирзоев С, Л.Марочник, В.А. Сивочуб, Мирзо Султонов, Солиев А. буданд. То соли 1962 мудирии кафедраи якҷоягии физика ва математикаро Азизов С., Умаров Ш. ба ӯҳда  дошатанд.
Аз соли 1962 дар факултети физика ва математика кафедраи физика (ҷудо карда шуд) таъсис ёфт. Мудирии кафедрро муаллими калон Ситамов С.  ба уҳда дошт.
Соли 1974 то 1975 ба кафедраи физикаи умумӣ Аббосзода Б. роҳбарӣ карда буд
Аз соли 1975 то 1982 роҳбарии кафедраро номзади илмҳои техникӣ Назаров Ҷ. ба уҳда дошт
Бояд қайд кард, ки дар давраи аз соли 1988 то 1994, ки номзади фанҳои физика математика Зайнуддинов Сафар сарвари  кафедра буд.
Аз соли 1994 то соли 2000 дотсент Ситамов Саъдулло роҳбарии кафедраро уҳдадор буд. Аз соли 2000 то соли 2013 мудирии кафедраро муаллими калон Ситамов Султон уҳдадор буд.  Аз моҳи марти соли 2013 то ноябри соли 2014 вазифаи мудирии кафедраро дотсент Раҳмонов Ҳ.О. ба уҳда дошт.
Ноябри соли 2014 кафедраҳои физикаи умумӣ ва назариявӣ мутаҳид шуданд. Баъди мутаҳид шудани кафедраҳо кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ номгузори шуд ва сарвариашро муаллимаи калон Қодирова ба уҳда дорад.

Дар кафедра  устодон ва муаллимони зерин ба кори таълиму тарбияи донишҷӯён шуѓл меварзанд: профессор, академик Каримов С.К., дотсентон: Ғаффоров С, Раҳмонов Ҳ.О., муаллимони калон:Сайдалиев А., Қурбонов Д., Шарипов А., Қодирова Д.Т.,  Акрамова Р., Раҳматова Р., ассистентон: Аламова Х., Исоев С., Гулматов У., Муродова С., Кулобиев С., Шарипов С, Лутфияи Ҷурахон, Парвинаи У., Сулаймони Абдуқаҳор., Мусоева Ҷ.


 Низомномаи кафедра

Муқарароти  умумӣ

Низомномаи кафедраи физикаи умумӣ ва назариявии давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

1. Кафедра  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад. 2.    Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашонномзад ва доктори илмӣ бошанд, ташкил карда мешавад. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои ғайрифилологӣ) аз талафот истисно мебошанд.
3.    Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
4.    Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд.
5.    Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд..


Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

.


   Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра