KGU

Кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ

ТАҲСИЛОТИ ИБТИДОӢ

   

ДАР БОРАИ КАФЕДРАkaf_to_maktabi.jpg
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА


Маълумоти умумӣ кафедра

Кафедраи  тарбияи томактабӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаи омӯзгорӣ аз фанҳои педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забони модарӣ, методикаи таълими математика, методикаи таълими забон, математика, таърихи педагогика ва афкори педагогии халқи тоҷик, адабиёти бачагона,  хониши ифоданок, маданияти нутқ дарс мегузаранд. 



Таърихи кафедра

Кафедраи  тарбияи томактабӣ аз соли 1968 инҷониб фаъолият  дорад. Муаллимони аввалини кафедра Богиров Ҳусайн, Яркаева Ганзина, Исоев Саидаҳмад,  Ёралӣ Содиқов, Одина Давлатов, Хайрулло Афзалов, Мирзо Салимов,Муродалӣ Набиев, Ҷумахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот, Сафар Тағоев, Ҳафизов  Саидҷон  буданд. Сарварии кафедра ба зиммаи Яркаева Ганзина вогузор шуда буд. Дар солҳои минбаъда  Салимов Мирзо, Бобоев Тилло, Афзалов Хайрулло, Иззатова Муҳаббат, Юлдошева Ҷамила, Ҳалимова Давлатбӣ, Даминова Арафамо, Фархуддинов Исуф,  Бояҳмадов  Шарифхон адои ин вазифа кадаанд. Мудири феълии кафедра Фархуддинов  Исуф  мебошад.
Айни  ҳол  кафедра  26  нафар  аъзои  худро  дорад,  ки  аз  инҳо 16  нафар  кормандони   доимии  кафедра  буда 9  нафарашон  ҳамкори  беруна  ва  дохила  мебошанд.  Дар  кафедра    як  нафар  доктори  илмҳои  педагогӣ -  Иззатова  Муҳаббат,   ду  нафар  номзади  илмҳои  педагогӣ -  Фархуддинов  Исуф  ва  Юлдошева  Ҷамила, шаш  нафар  муаллимони  калон - Табарова  Зарторбӣ, Ҳалимова  Давлатбӣ, Расулов  Сайдалам,  Ҳафизов  Саидҷон, Алиев  Ҷумахон  ва  Даминова  Арафамо, шаш  нафар ассистентон – Бояҳмадов  Шарифхон, Шарипов  Бахтовар, Носирова  Шамсия, Шоева  Савлатбӣ,  Сайдалиева  Соҷида  ва  Ҳафизов  Сафаралӣ,  нуҳ  нафар  ҳамкорҳои  дохилаю  беруна - н.и.п.  Юлдошева  Ҷамила,  Ёрматов  Алишер,  Мирзоева  Бунавша,  Расулова  Нодира,  Давлатова  Малоҳат,  Нуралиева  Фазила,  Тағоева  Сайлонбӣ,  Хайриддинов  Хайрулло  ва  Ҳикматов  Абдукарим,  коргарони  техникӣ  -  Тешаева  Зулфияхон  ва  Бобоева  Хуморбӣ  мебошанд.

     Аълочиёни   маорифи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Иззатова   Муҳаббат, Фархуддинов  Исуф, Ҳалимова Давлатбӣ, Табарова  Зарторбӣ, Ҳафизов   Саидҷон,   Расулов   Сайдалам, Юлдошева   Ҷамила.



Ассистентону унвонҷӯёни кафедра:

  1. Даминова Арафамо - Асосҳои бархӯрди касбии омӯзгорони ҷавон нисбати рафъи мушкилиҳо дар фаъолияти педагогӣ
  2. Бояҳмадов Шарифхон - Асосҳои дидактикӣ – ташаккули фаъолияти таълимӣ, маърифатии хонандагони синфҳои 5-9, дар раванди машғулиятҳои беруназсинфӣ ва беруназмактабӣ дар ҷараёни омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ
  3. Шарипов Бахтовар -   Ақидаҳои педагогии Абдуррауфи Фитрат                    
  4. Носирова  Шамсия  -  «Шароитҳои   педагогии   баландбардории  сатҳи  тарбияи хонандагони синфҳои ибтидоӣ  бо истифода аз методҳои намуна ва ибрати шахсӣ»

Аз Шумораи нишондодашуда омӯзгорони зерин ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғуланд.

  1. 1.         Доктори  илмҳои  педагогӣ  -   Иззатова  Муҳаббат
    2.         Номзади  илмҳои  педагогӣ  -  Фархуддинов  Исуф
    3.         Номзади  илмҳои  педагогӣ   -  Юлдошева  Ҷамила
    4.         Муаллими  калон   -  Табарова  Зарторбӣ
    5.         Муаллими  калон   -  Ҳалимова  Давлатбӣ
    6.         Муаллими  калон   -   Даминова Арафамо
    7.         Ассистент  -   Бояҳмадов  Шарифхон
    8.         Ассистент  -   Шарипов  Бахтовар




  Маҳфилҳо кафедра

Дар кафедра ду маҳфил: «Педагогикаи томактабӣ» ва «Равоншинос» амал  менамояд. Роҳбарии маҳфили «Педагогикаи томактабӣ»-ро муллими калон  Ҳалимова Давлатбӣ  ба уҳда дорад. Маҳфили мазкур моҳе як маротиба гузаронида мешавад ва он 25 нафар аъзо дорад. 
Ба кори маҳфили «Равоншинос» муаллимаи калон Табарова Зарторбӣ роҳбарӣ менамояд ва маҳфил 20 нафарро фарогир аст. 



НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА

Муқаррароти  умумӣ.

Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти кисбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовара аз 13. 04. 2006, таҳти №8/4) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

1. Кафедраи кафедраи тарбияи томактабӣ ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ ва факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва тарбияи ҷисмонӣ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедра бо фармони ректори Донишгоҳ соли 1968 дар базаи кафедраи педагогика ва психологияи Донишгоҳи омӯзгорӣ бо номи Т.Г.Шевченко (ҳозира ба номи С.Айнӣ) таъсис ёфта, аз 14 воҳиди корӣ (1 нафарашон дотсент, 1- нафар номзади илм,6-нафар муаллими калон, 6- нафар ассистент иборат  мебошад).
3.  Кафедра дар  муассисаи таҳсилоти томактабии  № 2  ба номи «Парвин», муассисаи хусусии таҳсилоти томактабии «Меҳрона» ва муассисаи будубоши рӯзонаи кӯдакони имконияти маҳдуди «Парасту» филиали худро дорад.

                     II. ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ КАФЕДРА
Ба зиммаи кафедраи тарбияи томактабӣ  вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
1. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бояд ҳар 5 сол 1 маротиба аз коромӯзӣ ва курси такмили ихтисос гузаранд;
2. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони илмии кафедра дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи озмун, талаботи Низомномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқи қонунгузории ҷорӣ ба амал бароварда мешавад;
3. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузаронӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад;
4. Маҳдудияти синнусолӣ ҳангоми интихоби мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
5. Кафедра дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ 1 маротиба ҷаласа мегузаронад;
6. Дар ҳолати набудани мудири кафедра вазифаи ӯро муваққатан яке аз аъзои ботаҷрибаи кафедра иҷро мекунад;        
7. Ба кафедраҳое, ки зиёда аз 20 нафар аъзо доранд, вазифаи муовини мудири кафедра иҷозат дода мешавад:
8. Барои роҳбарӣ  ба кафедра дар сарбории мудири кафедра 50 соат ба  нақша гирифта мешавад;
9. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра то 3 моҳ иҷозат дода мешавад;
10. Барои навиштани рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, омӯзгорони кафедра метавонанд ба  муддати се моҳ, шаш моҳ ва як сол ба рухсатии эҷодӣ бароянд.

III. Мақсад ва намудҳои фаъолияти кафедра
1. Ташкил, гузаронидани машғулияти лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ (тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ) дар дараҷаи баланди илмию назариявӣ;
2.  Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони ҷорӣ;
3. Ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
4. Мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;
5. Пешниҳоди тақриз ва хулоса ба барномаҳои таълимие, ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
6. Таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусхои нав;
7. Ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
8. Роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён;
9. Муҳокимаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ- истеҳсолӣ;
10. Ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
11. Баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ  ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
12. Омӯзиш, барасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорони кафедра;
13. Дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
14. Таҳия ва баррасии чорабиниҳо оид ба истифодаи маводҳои  муосири таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ;
15. Тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ;
16. Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, барои дифоъ пешниҳод намудани онҳо.
17. Бо супориши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муҳокима ва баррасии рисолаҳои номзадӣ ва доктории аз берун воридшаванда;
18. Барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи робитаи назария бо амалия;
19. Ташкили робитаи мунтазам бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
20. Ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
21. Ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра;
22. Муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.

                           IV. Идоракунии кафедра
1. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии ниҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати чор сол интихоб карда мешавад.
Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, дотсентон  ба муддати чор сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии кабӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани Низомномаи мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд;
2. Интихоби мудири кафедра аз ҷумла омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, манъ аст. Барои баъзе ихтисосҳо забонҳои хориҷӣ, варзиш, соҳаи фарҳанг ба таври истисно барои як муҳлат иҷозат дода мешавад;
3. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад. Озмун аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш аз интихоби мудири кафедра дар саҳифаҳои васоити ахбори умум эълон ва интишор карда мешавад:
- дар озмун довталобон мутобиқи бандҳои 2 ва 5 –и Низомномаи мазкур, мувофиқ ба ихтисос ва шифри тахассус иштирок карда метавонад;
-ҳамон нафаре мудири кафедра ҳисобида мешавад, ки  агар дар шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми овоздиҳӣ аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои шӯрои илмиро гирад:
- овоздиҳӣ ба таври пинҳонӣ сурат мегирад.
4. Мудири кафедра узви Шӯрои олимони факултет мебошад;
5. Ба ҳайати кормандони кафедра, доктори илм, профессор мушовир, номзади  илм, датсент, омӯзгори калон, ассистент, ходими калон ва хурди илмӣ, докторант ва аспирант, муҳаққиқ – коромӯз ва кормандони таълимию ёрирасон (лаборант, лаборанти калон, мудири лаборатория, мудири кабинет, котиби кафедра) дохил мешавад.

V. Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра.

1. Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳо, санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
2. Фармони ректор ва супоришҳои ноибони он.
3.  Қарорҳои ректор ва шӯрои илмӣ.
4. Суратҷаласаҳои кафедра ва машваратҳои илмӣ.
5. Дастурҳои вазифавии кормандон.
6. Нақшаҳои кории кафедра.
7. Ҳуҷҷатҳои татбиқи корҳои илмӣ.
9. Нақшаҳои инфиродӣ ва ҳисоботи солонаи устодон.
10.Барномаҳои корӣ оид ба раванди таълим.
11. Ҳисоботи солонаи кафедра.
12. Ҳисоботи аспирантҳо.
13. Воҳидҳои корӣ ва тақсимоти соатҳои устодон.
14.Номгӯи мавзӯъҳои корҳои дипломии донишҷӯён.
15. Ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои дипломӣ ва тақриз ба онҳо.
17. Билетҳои имтиҳонӣ аз фанҳои таълимии кафедра.
18. Ҳуҷҷатҳои ҷамъияти илмии донишҷӯён.
19. Ҳуҷҷатҳо оид ба таъминоти моддию техникии ҷараёни таълим.
20. Тақризҳо ва хулосаҳои кафедра.
21. Дафтари бақайдгирии журналҳо.
22. Дафтари бақайдгирии иҷрои сарбории таълимӣ.
23. Дафтари бақайдгирии корҳои курсӣ ва санҷишӣ.
24. Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ.
25. Дафтари бақайдгириии суратҷаласаҳо.
26. Дафтари бақайдгирии иштироки устодон ба дарсҳои ҳамдигар.
27. Дафтари бақайдгирии воситаҳои техникӣ дар ҷараёни таълим.
28. Ҷадвали навбатчигарии устодон дар кафедра.
29. Ҷадвали қабули сабақгардонӣ.
30. Ҷадвали қабули микросанҷишҳо ва коллоквиумҳо.
31. Ҷадвали машваратҳои иловагӣ ва инфиродӣ.
32.Ҷадвали супоридани санҷишу имтиҳонот, лоиҳаҳои курсӣ ва корҳои назоратӣ.
33. Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.
34. Санадҳо.
35. Феҳрастҳо.
36. Дафтари воридот ва содирот.