KGU

Кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо

КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКӢ ВА НАЗАРИЯИ ФУНКСИЯҲО 

ДАР БОРАИ КАФЕДРАтахлили кафедраи математика ва назарияи функсияхо.png
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
МУДИРОНИ КАФЕДРА ДАР ДАВОМИ 70 СОЛ
МУАЛЛИМОНИ АВВАЛИНИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА

Дар бораи кафедра

Кафедраи Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣӣ, илмӣӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои таҳлили математикӣ, муодилаи дифференсиалӣ, МФМ, НФТК, Курси махсус, Фанҳои тахассусӣ, Усулҳои ададӣ, таҳлили функсионалӣӣаз рӯи ихтисосҳои 1-020501, 1-02050401, 1-020505, 1-31030302, 1-050403, машғулиятҳоӣ мегузаронанд. Дар кафедра профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентон дарс мебаранд. Кафедра мутахассисони баландихтисоси соҳаи математика, физика ва информатикаро тайёр мекунад.


Таърихи кафедра

Кафедраи Таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омӯзгорон корҳои таълимӣӣ, илмӣӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултет аз фанҳои таҳлили математикӣ, муодилаи дифференсиалӣ, МФМ, НФТК, Курси махсус, Фанҳои тахассусӣ, Усулҳои ададӣ, таҳлили функсионалӣӣаз рӯи ихтисосҳои 1-020501, 1-02050401, 1-020505, 1-31030302, 1-050403, машғулиятҳоӣ мегузаронанд. Дар кафедра профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентон дарс мебаранд. Кафедра мутахассисони баландихтисоси соҳаи математика, физика ва информатикаро тайёр мекунад.

 

НИЗОМНОМАИ
КАФЕДРАИ ТАҲЛИЛИ МАТЕМАТИКӢ ВА НАЗАРИЯИ ФУНКСИҲО

Бо қарори мушовараи
Вазорати маориф ва илм
аз 30. 03.соли 2017, №3/13
тасдиқ шудааст

1.    МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
2. Кафедра сохтори асосии таълимию илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба шумор рафта, фаъолияти худро дар самти корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалӣ ба роҳ мемонад. Корҳои таълимию методӣ ва илмию таҳқиқотии кафедра бояд ба самти асосии фаъолият ва фанҳои нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунандаи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, ки таълими онҳо бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар назди кафедра муқаррар карда шудааст, мутобиқат намоянд.
3. Кафедра тибқи муқаррароти амалкунанда дар асоси қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис ё барҳам дода мешавад.
4. Кафедра дар ҳайати на камтар аз 5 нафар омӯзгорон, ки ҳадди ақал 2 нафари онҳо дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, таъсис дода мешавад.
5. Кафедраро мудир, ки номзадии ӯ аз ҳисоби ҳайати профессорону омӯзгорон ё шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ пешбарӣ ва тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар ҷаласаи Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда шудааст, роҳбарӣ менамояд.
6. Мудири кафедра дар асоси Низомномаи мазкур ва шартномаи меҳнатӣ (Замимаи 1) аз ҷумлаи докторони илм ва номзадҳои илм ба вазифа интихоб карда мешавад.
7. Дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра метавонанд шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ иштирок намоянд. Мудири кафедра барои як муҳлат ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ интихоб карда мешавад. Шахсони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра танҳо дар ду муҳлат иштирок карда метавонанд.
8. Интихоби мудири кафедра аз ҷумлаи шахсоне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, қатъиян манъ аст. Ба таври истисно дар кафедраҳои соҳаи фарҳанг ва варзиш интихоби мудири кафедра аз ҷумлаи омӯзгорони собиқадоре, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, барои як муҳлат иҷозат дода мешавад.
Дар ин ҳолат ба чунин номзадҳо имтиёз дода мешавад: 1) дар соҳаи санъат – ба шахсоне, ки ба унвони ифтихории Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ё собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ (ҳунарпешаи халқӣ, рассоми халқӣ, меъмори халқӣ, арбоби шоистаи санъат, ҳунарпешаи шоиста, рассоми шоиста) сазовор гардида, ё барандаи ҷоизаи (дипломи) на камтар аз ду намоишгоҳ, озмун ё ҷашнвораи байналмилалӣ ва ё ҷумҳуриявӣ аз рӯйи соҳаҳои муайяни санъат бошанд; 2) дар соҳаи варзиш - ба шахсоне, ки қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, қаҳрамони мусобиқаҳои ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусобиқаҳои қаҳрамонии миллӣ бошанд ё унвони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, собиқ ҷумҳуриҳои иттифоқӣ, унвони фахрии байналмилалӣ дошта бошанд ё барандаи ҷоиза дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бошанд ё на камтар аз 1 нафар қаҳрамони варзиш, барандаи ҷоизаи Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои параолимпӣ, мусобиқаи қаҳрамони ҷаҳон, Аврупо, Осиё, Ҷумҳурии Тоҷикистон, қаҳрамони мусобиқаи миллӣ аз рӯйи соҳаҳои гуногуни тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро тайёр карда бошанд.
9. Ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ баъди интихоби мудири кафедра бо ӯ шартномаи меҳнатӣ мебандад. Натиҷаи иҷрои шартнома, инчунин фаъолияти мудири кафедра дар соли якум аз тарафи шуъбаи кадрҳо ва комиссияи махсуси муқарризон (иборат аз 3 нафар), ки бо фармоиши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шудааст, мавриди санҷиш қарор дода шуда, дар Шӯрои олимон баррасӣ мегардад.
10. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад.
10.1. Эълон дар бораи гузаронидани озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш дар cаҳифаҳои васоити ахбори умум интишор карда мешавад:
– дар озмун номзадҳо мутобиқи бандҳои 5-8-и Низомномаи мазкур, мувофиқ ба ихтисос ва тахассуси кафедра иштирок карда метавонанд;
– номзаде мудири кафедра интихоб мегардад, ки аз се ду ҳиcсаи овозҳои аъзои дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ширкаткардаро соҳиб шавад.
10.2. Мудири кафедраи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар мавридҳои зерин бозхонд карда мешавад:
– иҷро накардани вазифаҳое, ки Низомномаи мазкур муқаррар намудааст;
– иҷро накардани талаботи шартномаи меҳнатӣ;
– манфӣ арзёбӣ гардидани фаъолияти кафедра;
– бо сабаби вазъи саломатӣ;
– ба синни нафақа расидан;
– бо хоҳиши худ;
– муқаррароти дигаре, ки Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузорӣ амалкунанда муайян намудааст.
10.3. Маҳдудияти синнусолӣ ҳангоми интихоб ва аз вазифа озод намудани мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» муайян карда мешавад.
11. Фаъолияти кафедра тибқи нақшаҳои корӣ, ки иҷрои корҳои таълимию методӣ, илмию таҳқиқотӣ, иҷтимоию тарбиявӣ ва робитаҳои байналмилалиро дар бар гирифтааст, ба роҳ монда мешавад.
12. Масъалаҳои ба фаъолияти кафедра алоқаманд, рафти иҷрои нақшаҳо таҳти роҳбарии бевоситаи мудир дар ҷаласаҳои кафедра мавриди муҳокима қарор дода мешавад.
13. Дар ҷаласаҳои кафедра метавонанд профессорону омӯзгорон ва кормандоне, ки аз дигар кафедраҳо, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ё муассисаву ташкилотҳо даъват шудаанд, иштирок намоянд.
14. Дар кафедра бояд ҳуҷҷатҳое мавҷуд бошанд, ки феҳристи онҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалқунанда муайян карда шуда, мундариҷа, усулҳои ташкил ва гузаронидани тамоми шаклҳои фаъолияти кафедраро инъикос намоянд.
15. Фаъолияти кафедра бояд дар самти тайёр намудани бакалаврҳо, магистрҳо, докторҳои фалсафа (PhD), докторҳо аз рӯи ихтисос ва докторҳо, ки дорои дониш ва маҳорату малакаи баланди касбии барои бомуваффақият фаъолият намудани онҳо зарур, ҳамчунин рушди қобилияти эҷодии донишҷӯ, қобилияти илмии магистр, аспирант, докторант аз рӯи ихтисос, докторант ва ташаккули мавқеи шаҳрвандии онҳо ба роҳ монда шавад.
16. Кафедра фаъолияти худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оиннома, қарорҳои Шӯрои олимон ва фармоишҳои ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

КОРҲОИ ИЛМӢ-ТАДҚИҚОТИИ КАФЕДРА

Сатҳи баланди корҳои таълиму тарбия ба гузориши дурусти корҳои илмӣ –тадқиқотӣ  зич вобаста аст. Корҳои илмӣ-тадқиқотии аъзоёни кафедра ба ҷараёни таълими фанҳои тахассуси мутобиқ кунонида шудааст. Қариб ҳамаи  аъзоёни кафедра бо маърӯзаҳои илмӣ-методӣ дар семинариҳои  кафедра, баромад карданд.

Дар кафедра аъзоён: Р.Акбаров,  Х.Хидиров,  Ҷ.Мирзоев, Н.Каримова, Қ.Тураев, Кулобиев М,Мухторова Ш аз  рӯи  Равияи илмӣ: физика ва  математика дар  мавзӯъи «Масъалаҳои  канории сарбори доштаи аъзоҳои озоди назарияи функсияҳои аналитикӣ ва умумишудаи аналитикӣ бо шартҳои иловагӣ ва  алоқаи  он дар  тайёр намудани  мутахассисони математик»  кор  бурда  истодаанд. 

Рӯйхати аъзоёни кафедра

1. Каримова Назокат, мудири кафедра, муаллими калон;
2. Шамсуддинов Ф .М., муаллими калони кафедра;
3. ХИДИРОВ ХУДОЙКУЛ, муаллими калони кафедра;
4. Кулобиев Мирзо Ашурмадович, ассистент;
5. Даминова Қурбонби Искандаровна, ассистент;
6. Абдуллоев Абдулазиз, ассистенти кафедра;
7. Мухторова Шоира Марватшоевна, ассистенти кафедра;
8. Табарова  Силсиламо, лаборанти  калони  кафедра.


Фаъолияти маҳфилҳо дар кафедра

Дар соли тахсили 2016-2017 маҳфили кафедра бо номи «Математикони ҷавон» амал дорад,  Роҳбари маҳфил ассистенти кафедра  Мухторова Ш. буда, 15 нафар донишҷӯён аз курсҳои 1то 4 дар он аъзо мебошанд. Маҳфил моҳе ду бор гузаронида мешавад, ки натиҷаи он дастрас мебошад. Масалан муваффақияти кори маҳфил буд, ки соли равон як  нафар донишҷӯи аз курси 3-юми факултет Бобоназаров Идибек дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ  ширкат варзида соҳиби ҷои дуввум ва дар гирифтани Ҷоми Академияи илмҳои ҶТ  бошад соҳиби Ифтихорномаи ВМҶТ гардид, (роҳбари маҳфил ассистенти кафедра  Мухторова Ш. ) буд, ки он пайваста бо донишҷуён кор мекард).
Дар конференсияи «Ҷавонон ва илми муосир » Манучеҳри А. дар зери роҳбари муаллими калон Каримова Н. дар мавзӯи «Системаи муодилаҳои дифференсиали хаттӣ» баромад намуда боварӣаст, кия гон ҷои намоёнро сазовор гардад.

   Аспирантон ва унвонҷӯёни кафедра

Дар кафедраи аспирантону унвонҷӯён таълими ғоибона омӯзгорон дар соли таҳсили 2016-2017  ба ҷамъоварии мавод барои рисолаи номзадӣ машғул гардида, ҳар моҳ бо маърӯзаҳо дар конеренсия баромад мекунанд. Фишурдаҳои маърузаҳо дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ аз чоп мебароянд.