KGU

Кафедраи тарбияи томактабӣ

КАФЕДРАИ ТАРБИЯИ ТОМАКТАБӢ ВА КОРИ ИҶТИМОИ
   

ДАР БОРАИ КАФЕДРАkaf_to_maktabi.jpg
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
МУДИРОНИ КАФЕДРА ДАР ДАВОМИ 70 СОЛ
МУАЛЛИМОНИ АВВАЛИНИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА


Маълумоти умумӣ кафедра

Кафедраи  таҳсилоти ибтидоӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултаи омӯзгорӣ аз фанҳои педагогика, забон ва адабиёти тоҷик, забони модарӣ, методикаи таълими математика, методикаи таълими забон,математика, таърихи педагогика ва афкори педагогии халқи тоҷик, адабиёти бачагона,  хониши ифоданок, маданияти нутқ дарс мегузаранд. 



Таърихи кафедра

Кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ аз соли 1973 арзи вуҷуд дорад. Муаллимони аввалини кафедра Исоев, Соат Чалишев, Кароматулло Қаландаров, Куган Изатуллоев, Ёралӣ Содиқов, Одина Давлатов, Муродалӣ Набиев, Исроил Исмоилов, Ҷумахон Сайдаҳмадов, Сафар Наҷот. буданд. Айни ҳол дар кафедра устодон ва омӯзгорони зерин фаъолият доранд; Набиев М., Изатуллоев К., Шералиева С., Фархуддинов И., Ҷӯраев Б., Даминова Х., Бозоров Х.,Сафаров Д.,   Мирзоева Б., Акбарова М., Абдуҷаббори С., Ҳикматов А., Ёрматов А.  
Дар кафедра омӯзгорони зерин дар мавзӯҳои гуногун мақолаҳои илмӣ-методӣ таълиф намуда ба чоп расонидаанд. Аз ҷумла, устод дотсент и.в профессор Набиев М. «Фарқият ва умумияти аъзоҳои пайрав аз ҷумлаҳои пайрав»  «Ташаккули муносибатҳои воқеӣ ба олам ва ҳисси накӯи хонандагон», н.и.п Фархудинов И «Проблемаи ислоҳот ва дурнамои рушди системаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дотсент Изатуллоев К. «Материалҳои дидактикӣ барои синфҳои 3-4 мавқеи масъалаҳои матни м.к»,  н.и.п. Бозоров Х. «Ташаккули муносибатҳои хайрхоҳонаи кӯдакони синни хурди томактабӣ». Муаллими калон Ҷӯраев Б. «Ақидаҳои педагогии У.Кайковус нисбат ба оила ва оиладорӣ». Муаллими калон Шералиева С. «Ташаккул ва инкишофи забони муосири тоҷик дар замони истиқлолият». Муаллими калон Сафаров Д. «Модернизатсияи маълумоти мактабӣ».  Даминова Хатичамо  «Ташаккул ва инкишофи тарбияи иқтисодии донишҷӯён дар муносибатҳои бозоргонӣ». Ассистенти кафедра  Мирзоева Б. «Идеяи тарбияи меҳнатӣ аз нигоҳи педагогҳои халқи тоҷик». 



Ассистентони кафедра:

  1. Акбарова Маҳрамбӣ, ассистенти кафедра.
  2. Ёрматов Алишер, ассистенти кафедра.
  3. Абуҷаббори Сафаралӣ, ассистенти кафедра.
  4. Ҳикматов Абдукарим, ассистенти кафедра.
  5. Дилафрӯзи Раҷабалӣ, ассистенти кафедра.

Аз Шумораи нишондодашуда омӯзгорони зерин ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғуланд.

  1. Шералиева Садбарг дар мавзӯи «Гидронимияи Вилояти Хатлон», дар таҳти роҳбарии доктори илмҳои филологӣ Ҷумахон Алимӣ фаъолият дорад.
  2. Сафаров Даврон, оид ба мавзӯи «Модернизатсияи маълумоти мактабӣ» дар тахти роҳбарии Академик Қодиров К.Б. тадқиқот бурда истодааст.
  3. Даминова Хатичамо А. дар мавзӯи «Ташаккул ва инкишофи тарбияи иқтисодии донишҷӯён дар муносибатҳои бозоргонӣ» таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, профессор Авғонов Самариддин Саидович фаъолит дорад.
  4. Мирзоева Бунафша дар мавзӯи «Идеяи тарбияи меҳнатӣ аз нигоҳи педагогҳои халқи тоҷик» дар таҳти роҳбарии Сангинов Н.Н.дотсенти Д.О.Д. ба номи С.Айнӣ тадқиқот бурда истодааст.


Маҳфилкафедра

Маҳфилҳои  амалкунанда  дар назди  кафедра Дар кафедра махфилҳои фаннии «Забоншиносӣ» ва «Математика»  амал мекунад. Маҳфил бо истифода аз усулҳои фаъоли  таълим  аз қабили интернет, проектор ва тахтаи электронӣ гузаронда мешавад. Азбаски дар кафедра донандаҳои забони адабии тоҷик ва математика фаъолият мекунанд, маҳфил боз ҷолибтар мегузарад.

Мақсади умумии маҳфилҳо:

  • омӯзондани донишҷӯён барои аз худ кардани қисматҳои забони тоҷикӣ ва мафҳумҳои математика дар сатҳи зарури ба роҳ монда мешавад; 
  • инкишофи нутқи шифоҳии донишҷӯён, хаттию даҳони ва омӯхтани роҳҳу усулҳои ҳалли баъзе масъалаҳои математикӣ, баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён;
  • агар донишҷӯ барои ба инкишофи нутқи шифоҳии донишҷӯён, хаттию даҳони ва омӯхтани роҳҳу усулҳои ҳалли баъзе масъалаҳои математикӣ дошта бошад маҳфилҳои зикршуда имконияти беҳтар гардонидани нутқи шифоҳию хатти ва азхуднамудани масъалаҳои математикиро медиҳад.




                                                                                                  НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА

    Муқаррароти  умумӣ.

    Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти кисбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовара аз 13. 04. 2006, таҳти №8/4) ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.

    1.  Кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ  ҷузъи таркибии сохтори Донишгоҳ ва факултети таҳсилоти ибтидоӣ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
    2. Кафедра  бо фармони ректори Донишгоҳ  соли 1973 арзи вуҷуд дошта  дар базаи кафедраи  педагогика ва  методикаи таълими ибтидоӣ  Донишгоҳи омӯзгорӣ бо номи Т.Г.Шевченко (ҳозира ба номи С.Айнӣ) таъсис ёфта, аз 14 воҳиди корӣ (1 профессор, 1 нафарашон дотсент, 1- нафар номзади илм,5-нафар муаллими калон, 6- нафар ассистент   иборат  мебошад).
    3. Кафедра дар  муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ №8,53 МТМУ филиали худро дорад.

                         II. ВАЗИФАҲОИ ХИЗМАТИИ КАФЕДРА
    Ба зиммаи кафедраи таҳсилоти ибтидоӣ  вазифаҳои зерин гузошта шудааст:
    1. Омӯзгорон ва кормандони кафедра бояд ҳар 5 сол 1 маротиба аз коромӯзӣ ва курси такмили ихтисос гузаранд;
    2. Ишғоли вазифа аз ҷониби ҳайати профессорон, омӯзгорон ва кормандони илмии кафедра дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи озмун, талаботи Низомномаи мазкур ва дар асоси шартномаи тарафайн тибқи қонунгузории ҷорӣ ба амал бароварда мешавад;
    3. Фаъолияти ҳамасолаи мудири кафедра бо роҳи анкетагузаронӣ дар байни донишҷӯён ва кормандони он аз тарафи раёсати муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муайян карда мешавад;
    4. Маҳдудияти синнусолӣ ҳангоми интихоби мудири кафедраи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи муқаррароти Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
    5. Кафедра дар асоси нақшаи корӣ ҳар моҳ 1 маротиба ҷаласа мегузаронад;
    6. Дар ҳолати набудани мудири кафедра вазифаи ӯро муваққатан яке аз аъзои ботаҷрибаи кафедра иҷро мекунад;        
    7. Ба кафедраҳое, ки зиёда аз 20 нафар аъзо доранд, вазифаи муовини мудири кафедра иҷозат дода мешавад:
    8. Барои роҳбарӣ  ба кафедра дар сарбории мудири кафедра 50 соат ба  нақша гирифта мешавад;
    9. Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра то 3 моҳ иҷозат дода мешавад;
    10. Барои навиштани рисолаҳои номзадӣ, докторӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методӣ, омӯзгорони кафедра метавонанд ба  муддати се моҳ, шаш моҳ ва як сол ба рухсатии эҷодӣ бароянд.

    III. Мақсад ва намудҳои фаъолияти кафедра
    1. Ташкил, гузаронидани машғулияти лексионӣ, семинарӣ (амалӣ), лабораторӣ ва дигар намуди машғулиятҳои таълимӣ (тибқи нақшаҳои таълимии муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ) дар дараҷаи баланди илмию назариявӣ;
    2.  Роҳбарӣ ба корҳои таълимию истеҳсолӣ, таҷрибаомӯзӣ, курсӣ, лоиҳа ва корҳои дипломӣ, ҳамчунин корҳои мустақилонаи донишҷӯён, ташкил ва гузаронидани санҷишу имтиҳони ҷорӣ;
    3. Ташкил ва ба роҳ мондани корҳои тарбиявӣ дар байни донишҷӯён;
    4. Мувофиқи тартиби муқарраргардида таҳия ва табъу нашри барномаҳои таълимӣ оид ба фанҳои тадрисшаванда;
    5. Пешниҳоди тақриз ва хулоса ба барномаҳои таълимие, ки аз тарафи кафедраҳои дигар омода гардидаанд;
    6. Таҳияи китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, дигар маводҳои методӣ, аёният ва хулосаҳои илмию методӣ барои нақшаҳои таълимӣ ва тахассусхои нав;
    7. Ба роҳ мондани корҳои илмию тадқиқотӣ дар асоси нақшаи тасдиқшуда;
    8. Роҳбарӣ ба корҳои илмию тадқиқотии донишҷӯён;
    9. Муҳокимаи корҳои илмию тадқиқотӣ ва татбиқи онҳо дар амалияи ҷамъиятӣ- истеҳсолӣ;
    10. Ба нашр тавсия намудани таълифоти анҷомёфта;
    11. Баррасии нақшаву барномаҳои инфиродии таълимӣ, илмӣ, методӣ  ва корҳои тарбиявии устодон ва кормандони кафедра;
    12. Омӯзиш, барасӣ ва татбиқи таҷрибаи пешқадами омӯзгорони кафедра;
    13. Дастгирӣ ва ёрии методӣ ба омӯзгорони ҷавон ва камтаҷриба дар роҳи такмил додани маҳорати педагогии онҳо;
    14. Таҳия ва баррасии чорабиниҳо оид ба истифодаи маводҳои  муосири таълимӣ ҳангоми машғулиятҳои амалӣ ва назариявӣ;
    15. Тайёр намудани кадрҳои илмию педагогӣ;
    16. Муҳокимаи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ, барои дифоъ пешниҳод намудани онҳо.
    17. Бо супориши ректори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ муҳокима ва баррасии рисолаҳои номзадӣ ва доктории аз берун воридшаванда;
    18. Барқарор намудани алоқа бо истеҳсолот ва татбиқи робитаи назария бо амалия;
    19. Ташкили робитаи мунтазам бо хатмкунандагони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, собиқ аспирантон ва докторантони кафедра;
    20. Ташвиқу тарғиби дастовардҳои илмии омӯзгорон ва кормандони кафедра, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмили ихтисоси устодон ва кормандон;
    21. Ташкил, баррасӣ ва муҳокимаи дарсҳои кушоди устодони кафедра;
    22. Муҳокимаи матни лексияҳои устодони кафедра ва тасдиқи онҳо.

                               IV. Идоракунии кафедра
    1. Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии ниҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати чор сол интихоб карда мешавад.
    Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, дотсентон  ба муддати чор сол ва на зиёда аз ду мӯҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии кабӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани Низомномаи мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд;
    2. Интихоби мудири кафедра аз ҷумла омӯзгороне, ки дараҷа ва унвони илмӣ надоранд, манъ аст. Барои баъзе ихтисосҳо забонҳои хориҷӣ, варзиш, соҳаи фарҳанг ба таври истисно барои як муҳлат иҷозат дода мешавад;
    3. Интихоби мудири кафедра дар асоси озмун гузаронида мешавад. Озмун аз тарафи муассисаи таҳсилоти олии касбӣ як моҳ пеш аз интихоби мудири кафедра дар саҳифаҳои васоити ахбори умум эълон ва интишор карда мешавад:
    - дар озмун довталобон мутобиқи бандҳои 2 ва 5 –и Низомномаи мазкур, мувофиқ ба ихтисос ва шифри тахассус иштирок карда метавонад;
    -ҳамон нафаре мудири кафедра ҳисобида мешавад, ки  агар дар шӯрои илмии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҳангоми овоздиҳӣ аз се ду ҳиссаи овозҳои аъзои шӯрои илмиро гирад:
    - овоздиҳӣ ба таври пинҳонӣ сурат мегирад.
    4. Мудири кафедра узви Шӯрои олимони факултет мебошад;
    5. Ба ҳайати кормандони кафедра, доктори илм, профессор мушовир, номзади  илм, датсент, омӯзгори калон, ассистент, ходими калон ва хурди илмӣ, докторант ва аспирант, муҳаққиқ – коромӯз ва кормандони таълимию ёрирасон (лаборант, лаборанти калон, мудири лаборатория, мудири кабинет, котиби кафедра) дохил мешавад.

    V. Ҳуҷҷатгузорӣ дар кафедра.

    1. Қарорҳо, фармонҳо, дастурҳо, санадҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
    2. Фармони ректор ва супоришҳои ноибони он.
    3.  Қарорҳои ректор ва шӯрои илмӣ.
    4. Суратҷаласаҳои кафедра ва машваратҳои илмӣ.
    5. Дастурҳои вазифавии кормандон.
    6. Нақшаҳои кории кафедра.
    7. Ҳуҷҷатҳои татбиқи корҳои илмӣ.
    9. Нақшаҳои инфиродӣ ва ҳисоботи солонаи устодон.
    10.Барномаҳои корӣ оид ба раванди таълим.
    11. Ҳисоботи солонаи кафедра.
    12. Ҳисоботи аспирантҳо.
    13. Воҳидҳои корӣ ва тақсимоти соатҳои устодон.
    14.Номгӯи мавзӯъҳои корҳои дипломии донишҷӯён.
    15. Ҳуҷҷатҳо оид ба корҳои дипломӣ ва тақриз ба онҳо.
    17. Билетҳои имтиҳонӣ аз фанҳои таълимии кафедра.
    18. Ҳуҷҷатҳои ҷамъияти илмии донишҷӯён.
    19. Ҳуҷҷатҳо оид ба таъминоти моддию техникии ҷараёни таълим.
    20. Тақризҳо ва хулосаҳои кафедра.
    21. Дафтари бақайдгирии журналҳо.
    22. Дафтари бақайдгирии иҷрои сарбории таълимӣ.
    23. Дафтари бақайдгирии корҳои курсӣ ва санҷишӣ.
    24. Ҳуҷҷатҳои таҷрибаомӯзии таълимӣ ва истеҳсолӣ.
    25. Дафтари бақайдгириии суратҷаласаҳо.
    26. Дафтари бақайдгирии иштироки устодон ба дарсҳои ҳамдигар.
    27. Дафтари бақайдгирии воситаҳои техникӣ дар ҷараёни таълим.
    28. Ҷадвали навбатчигарии устодон дар кафедра.
    29. Ҷадвали қабули сабақгардонӣ.
    30. Ҷадвали қабули микросанҷишҳо ва коллоквиумҳо.
    31. Ҷадвали машваратҳои иловагӣ ва инфиродӣ.
    32.Ҷадвали супоридани санҷишу имтиҳонот, лоиҳаҳои курсӣ ва корҳои назоратӣ.
    33. Ҳуҷҷатҳои бойгонишуда.
    34. Санадҳо.
    35. Феҳрастҳо.
    36. Дафтари воридот ва содирот.