KGU

Кафедраи мудофиаи гражданӣ

КАФЕДРАИ  МУДОФИАИ ГРАЖДАНИ ВА ОМОДАГИИ ДИФОИ ҲАРБИ

ДАР БОРАИ КАФЕДРАкаф мудофеаи гараждани.JPG
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА

Дар бораи кафедра

Кафедраи мудофиаи граждани таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷуёну омӯзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои мудофиаи граждани, ҳарби аз рӯи ихтисос,,ёрии аввалини тиббӣ, фанҳои омодагии дифои ҳарби, ҳусни баён машғулиятҳои амалӣ мегузаранд. Дар кафедра, номзади илмҳои педагогӣ, -муаллими калон ва ассистентон дарс мегӯянд.


Таърихи кафедра

Кафедраи мудофиаи граждани  аз соли 1966 арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада мудирони кафедраи мудофиаи граждани  Ниёзов, Цидаев О.С, Ҳафизов С,Қодиров М ва солҳои 2005 то 2008 Абдуллоев А.Аз соли 2008 Гулмирзоев А.Аз соли 2009 то 2010 Абдуллоев Д. Аз соли 2010 муаққатан таин шуд Сатторов Х. Аз соли 2010 то 2011  таин шуд мудири кафедраи тарбияи ҷисмони ва мудофиаи граждани Табаров М.Т. Аз соли 2012 мудирии кафедраро н.и.педагогӣ Гулмирзоев А .Д ба уҳда дорад.

 

НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА

I. Қоидаҳои умумӣ.

Низомномаи кафедраи мудофиаи граждани ва омодагии дифои ҳарбӣ,донишкадаи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи маориф», Қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1.    Кафедра  Ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (факултет) буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
2.    Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳодшуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашонномзад ва доктори илмӣ бошанд, ташкил карда мешавад. Кафедраҳои махсус, тарбияи ҷисмонӣ ва забонҳои хориҷӣ (факултетҳои ғайрифилологӣ) аз талафот истисно мебошанд.
3.    Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони факултет, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ таъсис ва барҳам дода мешавад.
4.    Кафедраҳои тахассусии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар истеҳсолот  филиалҳои худро дошта метавонанд.
5.    Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад. 

Ба таври истисно мудири кафедра аз зумраи номзадҳои илм, ассистентон ба муддати 4-сол ва на зиёда аз ду муҳлат паи ҳам, ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ дар шурои олимони муассисаи таҳсилоти олии  касбӣ интихоб карда мешавад. Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду муҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

 

 Маҳфилҳо дар кафедра

Дар кафедраи мо ду маҳфил фаъолият дорад, ки бо номи «Нури шавқат» роҳбараш ассистенти кафедра Сафаров Ш ва «Муҳофизони ҷавон» роҳбараш Ҷалилов Ғ  вобаста шудааст.                                         .

.

Ҳайати кафедра

Амиров Файзуллохуҷа - мудири кафедраи мудофияи граждани ва омодагии дифои ҳарбӣ;
Абдуллоев Асламиддин ассистенти кафедра;
Абдуллоев Донёр  - муаллими калони кафедра;
Сатторов Хайриддин – ассистенти кафедра;
Ҷалилов Ғолиб - ассистенти кафедра;
Сафаров Ширинҷон – ассистенти кафедра;
Хайриддинов Харулло - ассистенти;
Ашуров Содирхон  - ассистенти.