KGU

Кафедраи педагогика

КАФЕДРАИ  ПЕДАГОГИКА


Дар болоравии раванди таълиму тарбия ва дар тайёр кардани мутахассисони барои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ, ба хусус соҳаи мактабу маориф, кафедраи омӯзгорӣ ва равоншиносӣ чун қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи донишгоҳ дар тӯли солҳои мавҷудияти худ мавқеи босазоро ишғол карда меояд.
Солҳои 1945-1946 вазифаи мудири кафедраи ва психологияро Абдулло Раҳимов ба ӯҳда дошт. Сипас аз соли  1952 то соли 1960 М. Г. Ярошевский ва Н. Сафаров ба ҳайси мудири кафедра кору фаъолият доштанд. Аз соли 1965 то соли 1970 ба кафедра номзади илми фалсафа А.Х.Гаджиев роҳбарӣ мекард. Солҳои 1970-1973 вазифаи мудири кафедраро дотсент З. А. Ахмедов ба ӯҳда дошт. Солҳои 1973-1976 вазифаи мудирии кафедраро С.И.Исоев., Р.Амиршоев  ва  И. Арабов иҷро намуданд. Якчанд сол мудири кафедра дотсентон Ф. В. Повшедная, А. Паҳлавонов ва Расулов Д. буданд.
Аз соли 1978 то соли 1990 ба кафедра дотсент М.Табаров роҳбарӣ мекард. Дар тӯли 13- соли роҳбарии ӯ се нафар аъзои кафедра –Х. С. Авзалов, И. А. Арабов, А.Паҳлавонов рисолаҳои доктории хешро дар соҳаи педагогика дифоъ кардаанд. Солҳои 1978-1990, 9-нафар муаллимони кафедра рисолаҳои номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ ва психологӣ дар Шуроҳои махсусгардонидашудаи  ҳимояи рисолаҳои номзадӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Челябинск, Алмаато, Москав, Тифлис ҳимоя намудаанд. (М.Табаров, С.Исоев, Д.Расулов, М.Шарифходжаев, А.Мирзоев, Б.Кодиров, А.Югай, М.Мустафоқулов). Дар солҳои 1991-1992 Г.Иброҳимов, Л.Сайдаҳмадов, А.Ғаффоров ва К.Маҷидова рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.
      Ҳоло дар кафедра 3 дотсент: Расулов Д., Табаров М., Иброҳимов Г.; 3 номзади илмҳои педагогӣ: Ғафурова Д., Ғаффоров А., Давлатова Н.; 2 муаллими калон: Назаров Т., Назаров Ҳ.; муаллим: Ашрапова Г.,Лоиқов П.;1корманди техникӣ: Набиева С. кор мекунанд.
      Кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ дар гузашта ва алҳол дар миқёси ҷумҳурӣ ва донишгоҳ яке аз кафедраҳои бонуфуз ба ҳисоб меравад.
     Дар кафедра Расулов Д. - бо ордени дӯстии Халқҳо, аълочии маорифи Тоҷикистон, Табаров М.- бо корманди шоистаи Варзиши Ҷумҳурӣ, устоди варзиши даврони шӯравӣ, аълочии маорифи Ҷумҳурӣ, Иброҳимов Г.- бо унвони корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон; дорандаи «Ифихорнома»-и Ҳукумати ҶТ, Ғафурова Д.Ҷ. бо унвони аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон, Давлатова Н.бо унвони аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият менамоянд.
      Аз соли 2011 то инҷониб роҳбарии кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳиро иҷрокунандаи вазифаи дотсент, аълочии маорифи ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафурова Дилором ба ӯҳда дорад.
      Аъзоёни кафедра фаъолияти илмию педагогии хешро аз рӯи ду проблема ба роҳ мндаанду тадқиқоти илмӣ мебаранд:

1.    Такмили назария ва методикаи таълиму тарбияи хонандагону донишҷӯён, таёрии касбии муаллимони оянда тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»
2.    Роҳҳою воситаҳои баланд бардоштани сифату самаранокии таълиму тарбияи  хонандагон ва донишҷӯён.
     Аъзоёни кафедра аз рӯи проблемаҳои гузошташуда тадқиқотҳои илмӣ бурда истодаанд. Самараи маҳсули дастовардҳои фаъолияти эҷодииустодону муаллимони кафедра дар шакли китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ, барномаҳо, дастурҳои илмию методӣ. « Таърихи педагогикаи тоҷик», «Педагогика» (китоби дарсӣ), «Дидактика» (китоби дарсӣ), «Барномаи таълими педагогика», «Тавсияҳои методӣ барои гузаронидани таҷрибаи бефосила», «Муносибатҳои комплексӣ ба тарбия», «Инъикоси масъалаҳои таълиму тарбия дар Қобуснома-и Кайковус», «Ақидаҳои педагогии Фирдавсӣ», «Ақидаҳои педагогии Ҳусейн Воизи Кошифӣ» (васоити таълимӣ), «Тарбияи инсондӯстӣ, дӯстию рафиқӣ ва ватандӯстӣ дар педагогикаи ниёгони тоҷик», «Барномаи таълими этикаи педагогӣ», «Раҳнамои роҳбарӣ гурӯҳи таълимӣ», «Ақидаҳои педагогии Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ», «Афкори иҷтимои-маорифпарварии мутафаккирони форсу тоҷик», «Ташаккули муносибатҳои байнишахси дар коллективи хонандагон»(дастури методӣ) ва садҳо мақолаҳои иламию методӣ нашр гардидаанд.
      Аъзоёни кафедра оид ба масъалаҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, асосҳои ватандӯстиихонандагону донишҷӯён дар байни муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва донишҷӯён ба таври мунтазам суханронӣ мекунанд.   
     Дар назди кафедра маҳфили  «Педагоги ҷавон» фаъолият дошта, миқдори муаяни донишҷӯёни ҳамаи 7факултети донишгоҳро дар бар мегирад.
     Мақсади асосии маҳфил аз он иборат аст, ки донишҳои педагогии донишҷӯён ба ин соҳаҳои илмҳои номбаршуда мукаммал гардонида шавад. Аз байни донишҷӯёни лаёқатманд, ки аъзоёни ин маҳфил мебошандукорҳои курсӣ, дипломӣ ва маърӯзаҳо таёр мекунанд, минбаъд ҳайати муаллимони кафедра пурра гардонида мешаванд.
Расулов Д.
Телефони шахсӣ :     985039585
            Телефони хона:         3-46-56
М а ъ л у м о т н о м а
1.    Ному насаб : Табаров Мирзоалӣ Табарович
2.    Дараҷа ва унвони илмӣ : номзади илмҳои педагогӣ
3.    Вазифа ва ҷои кори ҳозира : дотсенти кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  ба номи А.Рӯдакӣ
4.    Номи пурраи рисолаи номзадӣ: Ташаккул  ва тайёр кардани синфҳои болоӣ ба касбҳои коргарӣ
5.    Дотсенти кафедраи педагогика:
6.    Мукофоту ҷоизаҳо:
Аълочии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2005)  (Душанбе)
Корманди варзиши Тоҷикистон (2007)  (Душанбе)
7.    Номи китобҳои чопшуда бо сабти сол ва ҷои нашр
- Тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касб (2010)  (Кӯлоб)
      8. Номи мақолаҳои илмӣ:
        - Интихоби касб дар синфҳои болоӣ (2009)  (Кӯлоб)
        - Роҳбари синф ва тарбияи шаҳрвандии хонандагон (2010)  (Кӯлоб)
        - Тарбияи шаҳрвандии хонандагон дар мактаб (2011)  (Кӯлоб)
        - Интихоби касби хонандагон дар мактаб (1981)  (Москва)
     9. Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтирои
        - Дар солҳои охир дар мактабҳои ҳамагонӣ интихоби касбӣ

           хонандагон диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Шарҳи ҳол

            Табаров Мирзоалӣ Табарович 15.03.1938 дар қишлоқи Сарихосор собиқ ноҳияи Сарихосор дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст.
Бо амри тақдир аз кӯдакӣ аз падар  ва модар бе насиб шудааст. Соли 1951 дар хонаи бачагони ноҳияи Балҷувон таълим ва тарбия гирифтааст. Соли 1953 хонаи бачагони ноҳияи Балҷувонро ба шаҳри Норак кучониданд. Эшон дар хонаи бачагони ш. Норак то соли 1955 тарбия  гирифтааст. Соли 1955 баъди  хатми синфи 7 ба шаҳри Душанбе рафта дар техникуми тарбияи ҷисмонӣ дохил шуда ва соли 1958 техникумро  тамом карда, ҳамон сол ба донишкадаи педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченкоро дохил шуда, соли 1962 донишкадаи номбурдаро бо ихтисоси муаллими тарбияи ҷисмонӣ ва анатомия, физиология хатм кардааст.
Аз соли 1962 инҷониб дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ ба вазифаи муаллим, мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва педагогика ифои вазифа кардааст.
Соли 1987 рисолаи номзадиро дар шаҳри Челябенски Россия дифоъ  кардааст.
Айни ҳол азифаи  дотсенти кафедраи педагогикаро ба уҳда дорад. Дар муддати 52 соли фаъолияти педагогиаш дар донишгоҳ зиёда аз 50 мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои методӣ навиштааст.
Табаров М.Т.
М а ъ л у м о т н о м а
1.    Ному насаб:Расулов Давлатмурод
2.    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
3.    Вазифа ва ҷои кори ҳозира: и.в.профессори кафедраи педагогикаиДонишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ
4.    Номи пурраи рисолаи номзадӣ: «Тарбияи илмӣ-атеистиихонандагони синфҳои 7-10 дар дарсҳои таърихи СССР ва корҳои беруназсинф»
5.    Унвони дигар,ба мисли дотсент, профессор ва ғайра: - дотсент (1993)  (Москва ) и.в. профессор (2013) Кӯлоб
6.    Мукофоту ҷоизаҳо:
-    Аълочии Маорифи Тоҷикистон (1981) (Душанбе )
-    Ордени дустӣ  (2004)  ( Душанбе )
7.  Номи китобҳои чопшуда бо сабти сол ва ҷои нашр 
-Методические рекомендации по организации и руководству
-Неприрывной педагогической практики студентов педагогического факультета (1983. 35с)  (Душанбе)
-    Муносибати комплекси ба тарбияи хонандагон (1990. 21с) (Душанбе)
-    Барномаи таълимии педагогика барои донишҷуёни шуъбаи методикаи таълими ибтидоӣ ( 1993. 29с)
-    Барномаи таҷрибаи педагогӣ (барои донишҷӯёни шуъбаи методикаи таълими ибтидоӣ (1993. 49с)  (Кӯлоб)
-    Барномаи таълимӣ аз фанни «Асосҳои маҳорати педагогӣ (1997.42с)  (Кулоб)
-    Барномаи таълими аз фанни «Этикаи педагогӣ» (2006. 15с) (Кӯлоб)
-    Инъикоси масъалаҳои таълиму тарбия дар «Қобуснома»-и
      Кайковус. Васоити таълимӣ (1996. 84с)  (Кӯлоб)
-     Тарбияи инсондӯсти, дустию рафиқи ва ватандӯстӣ  дар
       педагогикаи ниёгони тоҷик. Васоити таълимӣ (2009. 60с)
-      Методикаи таълими математика дар синфҳои ибтидоӣ (Китоби дарсӣ барои донишҷӯёни шуъбаи методикаи таълими ибтидоӣ (2009. 266с (Душанбе)
-      Китоби дарсӣ қисми 1 ( 2006. 93с)  (Кӯлоб)
-      Педагогика ( Назарияи тарбия) Китоби дарсӣ  барои донишҷӯёни
        шуъбаи методикаи таълими ибтидоӣ (2009. 266с) (Душанбе)
-      Дидактика (китоби дарсӣ) (2013 . 234с)  (Душанбе).
-      Роҳнамои гуруҳи таълимӣ (2009. 30с) (Кӯлоб)
-      Одоби педагогии омӯзгор (васоити таълимӣ) (1999. 40с) (Кӯлоб)
- Тарзи гузаронидани лексия дар мактаби олӣ (дастури методӣ)
  (2000.36с) (Кӯлоб)
 - Мақоми таълими педагогика дар тайёр намудани муаллими оянда
ба тарбияи  шаҳрвандии хонандагон (тавсияҳои методӣ) 2006. 18с
   (Кулоб)
-  Инъикоси масъалаҳои таълиму тарбия дар «Қобуснома»-и
    Кайковус. Нашри 2 (2009. 60с) (Кӯлоб)
-  Ба тарбияи шаҳрвандии хонандагон тайёр намудани муаллимони
    оянда (дастури методӣ) (2010. 46с) (Кӯлоб)
8.  Номи мақолаҳои илмӣ
      -  Тарбияи ҷавоно дар аҳди Сомониён  (1997. 5с)  (Душанбе)
      -  Тарбияи ҷавоно дар аҳди Сомониён (1999. 4с)   (Қурғонтеппа)
      -  Инъикоси масъалаҳои дустию рафиқи дар педагогикаи  ниёгони
          тоҷик (1997. 6с)  ( Қурғонтеппа )
      -   Роҳҳою воситаҳои самаранок ба роҳ мондани тарбияи хонандагон
          (1990. 10с) (Кӯлоб)
      -  Тарбияи ҷинсии хонандагон (1999.8с) (Кӯлоб)
      -  Тарбияи ахлоқӣ дар осори  Н.Хусрав. (2003) (Қурғонтеппа)
      -  Ташкили ва роҳбари ба корҳои илмӣ- тадқиқоти донишҷӯён.
          (1994.6с.)  (Кӯлоб)
      -  Роҳҳою воситаҳои самаранок ба роҳ мондани тарбияи ҳуқуқии
          хонандагон (2001. 8с)  (Кӯлоб)
      -   Омӯзгор будан шараф аст (1994. 5с)  (Кӯлоб)
      -   Дониш рушноии чашм аст (1994.6с) (Кӯлоб)
      -   Омӯзгори мактаби олӣ: талабот ба тайёрии касби илмию методӣ
          (2006. 10с)  (Кӯлоб)
      -   Омӯзгори мактаби олӣ будан шараф аст (2009.6с) (Кӯлоб)
      -   Мактабу маорифи шаҳри бостонии Кӯлоб дар солҳаи истиқлолият
           (2006.5с) (Кӯлоб)
      -   Асосҳои илмӣ-назариявии тарбияи шаҳрвандии ҷавонон дар
           солҳои истиқлолият (2006.5с)  (Кӯлоб)

      -   Роҳҳою воситаҳои самаранок ба фаҳмонидани  тарбияи
          ҳуқуқшиносии хонандагон (1997.10с)  (Душанбе)
     -   Маълумоти шаҳрвандии муаллимон (1997.5с)  (Душанбе)
     -   Тайёрии касби-педагоги-психологии муаллими оянда ба тарбияи
          шаҳрвандии хонандагон (2010.8с) (Кӯлоб)
     -    Инъикоси масъалаҳои таълиму тарбия дар Синбоднома (2013.8с)
          (Душанбе)
     -    Ба худомӯзию худмаълумотгирӣ тайёр намудани донишҷӯён
          (тавсияҳои методӣ) (2014.8с.) (Хуҷанд)
        9. Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироӣ
        -   Истифодаимаводҳои педагогикаи ниёгони тоҷик воситпи муҳими      
            баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи  хонандагон;
       -   Дар асоси ба ҳисоб гирифтани педагогикаи халқи тоҷик аз фанни 
            педагогика китобҳои дарси навиштааст.
       -    Ба тарбияи шаҳрвандии хонандагон тайёр намудани муаллимони
            ояндаро кор карда аст:
       -   проблемаҳои тарбияи ҳуқуқи ва ҷинсиро ба китобҳои дарсии
           педагогика дохил намудааст.

Шарҳи ҳол   (13.02.1939.)
            Зодаи Ашурқовони ноҳияи Балҷувон. Аз хонадони деҳқон. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1946-1956). Хатмкунандаи факултети таърих ДМТ (1961). Муаллими омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб (1961-1965)
Муаллими кафедраи педагогика и ИПД (1965-1968). Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи СССР дар рутбаи лейтинанти калон (1965-1970). Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи педагогика ва психология (1970-1971). Ҷонишини декани факултети омӯзгорӣ (1971-1977). Муаллими калони кафедраи педагогика ва психология (1974-1980). Ҷонишини декани факултети омӯзгори (1980-1983). Декани факултети  омӯзгорӣ (1983-1993). Дотсенти кафедраи педагогика ва психология (1993-1995). Мудири кафедраи педагогика ва психологияи таълими ибтидоӣ (1995-1997). Дотсенти кафедраи педагогика ва психология (1998-2000). Мудири кафедраи педагогика ва психология (2002-2011). Дотсенти кафедраи педагогика, иҷрокунандаи вазифаи профессор 2012
          Телефони шахсӣ :     985039585
          Телефони хона:         3-46-56
                                                              Расулов Д.

Мудири кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ:  Ғафурова Д.Ҷ.
М а ъ л у м о т н о м а
1.    Ному насаб:Ғафурова Дилором Ҷаборовна
2.    Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои педагогӣ
3.    Вазифа ва ҷои кори ҳозира: мудири кафедраи педагогикаиДонишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ
4.    Номи пурраи рисолаи номзадӣ: «Педагогические взгляды Зайниддина Хусайна Воиза Кошифи в контексте современных проблем воспитания»
5.    Унвони дигар, ба мисли дотсент, профессор ва ғайра:  
6.    Мукофоту ҷоизаҳо:
-    Аълочии Маорифи Тоҷикистон (2012) (Душанбе )
7.  Номи китобҳои чопшуда бо сабти сол ва ҷои нашр
-  Тарбияи инсондӯсти, дустию рафиқи ва ватандӯстӣ  дар
    педагогикаи ниёгони тоҷик. Васоити таълимӣ (2009. 60с)(Кӯлоб).
      - Ақидаҳои педагогии Ҳусайн Воизи Кошифи. Васоити таълимӣ. 
        (2009. – 68 c)(Душанбе).
  - Дидактика (китоби дарсӣ) (2013 . 234с)  (Душанбе).
8.  Номи мақолаҳои илмӣ
       -  Нравственное воспитание в «Книга благородства султанов»          
          (2008. 3с) (Душанбе)
      -  Педагогические взгляды Ҳусайна Воиза Кошифи относительно
          воспитания (2010. 5с)  (Қурғонтеппа)
      -  Педагогические идеи Зайниддина Хусайна Воиза Кошифи и её
         использование в школах (2010. 5с)   (Душанбе)
      -  Хусайн Воизи Кошифи об учителе и этике общения  (2010. 4с) 
          (Душанбе)
      - Тарбия аз оила шурӯъ мешавад.(2011.4с)(Душанбе)
      - Аз нав дида баромадани нақшаҳои таълимӣ дар донишгоҳҳои олӣ  
        (2013.11с) (Алма-Ато)
      -  Тарбияи духтарони бепарастор(2014.5с.) (Душанбе)
      -  Инъикоси тарбияи оилавӣ ва зан дар «Авасто».
          (2014.5с.)  (Душанбе)
       - Зиёда аз 20 маърӯзаҳои илми дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ
         назариявӣ ва байналмиллалӣ
       9. Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот
-Аввалин маротиба  ҷойгоҳ ва истифодабарииақидаҳои педагогии
Ҳ.В.Кошифиро дар мутобиқа бо мушкилиҳои имрӯзаи тарбияи
насли наврасу ҷавонон исбот намудааст.
-Аҳамияти меросиҲ.В.Кошифӣ– ро дар тараққиёти ақидаҳои 
педагогикаи миллии мардуми тоҷик асоснок намудааст.
Шарҳи ҳол   (25.06.76.)
            Зодаи ш.Кӯлоб.Вилояти Хатлон.  Аз хонадони  хизматчӣ. Солҳои таҳсил дар мактаби миёна (1982-1990). Хатмкунандаи коллеҷи омӯзгорӣ(1995) факултети МТИ ДДК (2003). Мудири шӯъбаи кадрҳо дар корхонаи шахсии « Ғаффор»-ш.Кӯлоб (1993-1995). Лаборанти кафедраи алгебра ва геометрияи ДДК(1995-1996). Муаллимаи мактаби №9-и ш. Кӯлоб  (1996-1997). Муаллимаи мактаби №37-и ш.Кӯлоб(1997-1999). Муаллимаи мактаби №5-и ш.Кӯлоб (1999-2004). Мушовири шӯъбаи забонҳои хориҷии шӯъбаи маорифи ш.Кӯлоб(2004-2005). Муаллимаи калони кафедраи педагогикаи ДДК(2005-2008). Аспиранти академияи илмҳои педагогии Тоҷикистон ҳамзамон муаллимаи калони кафедраи педагогика ва психологияи ДДЗТ (2008-2010). Муаллимаи калони кафедраи педагогика, корманди шӯъбаи равобити байналмиллалии ДДК (2010 - 2011). Мудири кафедраи педагогикаи ДДК(2011)
            Олимону омузгорони кафедра дар баробари фаъолияти педагогӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқоти диққат дода, корҳои гуногуни илмӣ, илмӣ-эҷодиро пнҷом додаанд.
            Гаҷиев А.Х. проблемаи психологияи иҷтимоиро таҳқиқ намуда, рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст.
            Исоев С. – дар мавзӯи «Тарбияи меҳнат дар оила» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.
            Тадқиқоти Амиршоев Р ба интихоби касб бахшида шуда, рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.
            Арабов И.А. Проблемаитайёрии хонандагони синфҳои болоӣ ба ҳаёти оилавӣ тадқиқот гузаронида рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя намуд.
            Паҳлавонов А. Проблемаи таърихи мактабу маориф ва ақидаҳои педагогии мутаффакирони тоҷику форс тадқиқот гузаронида рисолаҳои номзадию докторӣ ҳимоя намудааст.
            Авзалов Х. Оид ба мактабу Маорифи Эрон тадқиқотҳои илми гузаронида, рисолаҳои номзадию доктори ҳимоя намудааст.
            Иброҳимов Г. Корҳои зерини илмӣ илмӣ-методиро анҷом додаст: рисолаи номзади дар мавзуи «Тарбияи интернационалии хонандагони синфҳои 5-6 дар ҷараёни таълим ва корҳои беруназдарсӣ, дастуру мақолаҳо, аз ҷумла мазмун ва мундариҷаи кори роҳбари синф: дастуру мақолаҳо, аз ҷумла мазмун ва мундариҷаи кори роҳбари синф:, «Роҳбарии корҳои тарбиявӣ ва коргузорӣ дар мактаби олӣ», «Роҳҳо ва методҳои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ, семинарӣ, амалӣ дар мактаби олӣ»
            Табаров М. Интихоби касбҳои хоҷагии қишлоқ  (рисолаи номзадӣ), «Интиъхоби бошууронаи касб аз тарафи хонандагони синфҳои болоӣ», «Ба тарбияи шаҳрванди тайёр намудани хонандагон».
            Расулов Д. Тарбияи атеистии хонандагони синфҳои 7-10 дар ҷараёни  таълими таърихи СССР ва корҳои беруназдарсӣ (рисолаи номзадӣ), Педагогика (китоби дарсӣ), Дидактика (китоби дарсӣ). Барномаи таълимии педагогика, Барномаи таълимии асосҳои маҳорати педагогӣ, Барномаи этикаи педагогӣ, Инъикоси масъалаҳои таълиму тарбия дар «Қобуснома»-и Кайковус, Инъикоси тарбияи инсондӯсти, дустию рафиқӣ дар педагогикаи ниёгони тоҷик.
            Давлатова Н. Ташаккули сифатҳои ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ. (Рисолаи номзадӣ), Ташакули сифатҳои ахлоқии хонандагони синфҳои ибтидоӣ дар раванди таълими забони модарӣ.
            Ғафурова Д. Ақидаҳои педагогии Воизи Кошифӣ (рисолаи номзадӣ), Кошифи дар бораи устоду муаллим (васоити таълимӣ).
            Назаров Ҳ. Ақидаҳои педагогии Шоҳ Неъматуллои Валӣ (рисолаи номзадӣ)
            Лоиқов Парвиз. Ташаккули муносибатҳои байнишахсӣ дар коллективи хонандагон дар фаъолияти беруназдарсӣ. (рисолаи номзадӣ), Ташаккули муносибатҳои байнишахси дар коллективи хонандагон (дастури методӣ).
            Назаров Т. Масъалаҳои таълиму тарбия дар  Авесто. (мақола), Тарбияи шаҳрвандии муаллимони оянда (мақола).
Телефони шахсӣ:     934337676, 988266639
 Телефони хона:       2-40-47