KGU

Кафедраи психология

КАФЕДРАИ  ПСИХОЛОГИЯ

ДАР БОРАИ КАФЕДРАКафедраи равоншиносӣ.JPG
ТАЪРИХИ КАФЕДРА
НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА
ҲАЙАТИ ИМРӮЗАИ КАФЕДРА
ФАЪОЛИЯТИ МАҲФИЛҲО ДАР КАФЕДРА
КОРҲОИ ИЛМӢ - ТАДҚИҚОТИИ АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
ИШТИРОК ДАР КОНФРОНСҲО ВА МАШВАРАТҲОИ ИЛМӢ.
ФАЪОЛИЯТИ АСПИРАНТОН ДАР КАФЕДРА

Дар бораи кафедра

Кафедраи психологияи умуидонишгоҳӣ ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, дар байни донишҷӯёну омўзгорон корҳои таълимӣ, илмӣ-методиро ба роҳ мемонад. Устодони кафедра дар факултетҳои мухталиф аз фанҳои психологияи умумӣ, психологияи синнусолӣ, омўзгорӣ, психологияи иҷтимоӣ ва равоншиноси мактаб машғулияти назариявию амалӣ мебаранд.


Таърихи кафедра

Кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ аз  10 02.1992 бо фармони №7 ва карори шўрои илмии  донишгоҳ аз 6.01.1992  арзи вуҷуд дорад. Солҳои аввали мавҷудияти донишкада  муаллимони кафедраи психология дар  ҳайати  кафедраи педагогика шомил буданд. Аз 6.01.1992 кафедраи психология таъсис дода шуд, ки ба ҳайти он Р.Амиршоев номзади илми педагогӣ, иҷрокунандаи мудири кафедра, Т. Мустафоқулов номзади илми психология, муаллимони калон Яркаева Г.Ш., Нарзуллоева М., ассистентон Исоева Д.С., Сабко Л.Н., Ашуров Н, Абдураҳимов А., Давлатова Р. дохил буданд. Кафедраи психология мустақилона муддати дер фаъолият накард ва бо фармони №68 аз 15.09.1997 барҳам дода шуда, ҳайати он ба сохтори кафедраи педагогика шомил гардиданд.
Бо қарори шўрои илмии донишгоҳ аз 30.12.2005 тахти №5 бо фармони №6 аз 25.01.2006 кафедраи умумидонишгоҳии психология аз сохтори кафедраи педагогика дар ҳайати  зерин ба ду кафедра ҷудо карда шуд. Ҳайати кафедраи психология аз як номзади илми психологӣ (Т.Мустафоқулов, мудири кафедра), ду номзади илми педагогӣ (Р.Амиршоев, К.Маҷидова), ду муаллими калон (Д.Исоева, М.Бараимова) иборат буд. Баъдтар аз солди 2007 то соли 2010 як зумра ҷавонони боистеъдод ба монанди М.Набиева, М.Давлатов, М.Қурбонов, М.Абдуллоева, М.Ҳайдаров, А.Шарипов, М.Ҷумаев ба кор қабул карда шуд.
Аз 29.12.2012 бо фармони №163 аз 28.12.2012 Исоева Д.С. иҷрокунандаи мудири кафедраи психология таъин карда шуд. Ҳоло дар кафедра 2 номзади илм (Т.Мустафоқулов ва К.Маҷидова), 5 муаллими калон ва 4 ассистент ва як лаборанти кафедра фаъолият менамояд.

 

НИЗОМНОМАИ КАФЕДРА

I. Қоидаҳои умумӣ.

Низомномаи кафедраи психологияи умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд-низомнома) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф таҳия шудааст.
1. Кафедра  ҷузъи таркибии сохтори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ умумидонишгоҳӣ буда, дар байни донишҷӯён ва омӯзгорон корҳои таълимию тарбиявӣ, илмию методиро ба роҳ мемонад.
2. Кафедра дар сурати мавҷуд будани на камтар аз 5 воҳиди корӣ  барои кормандони илмию педагогӣ пешниҳод шуда, ки аз ин миқдор на камтар аз 2 нафарашон номзад ва доктори илмӣ  бошанд, ташкил карда мешавад.
3. Кафедра бо пешниҳоди Шӯрои олимони донишгоҳ, тибқи қарори Шӯрои олимони муассисаи  таҳсилоти олии касбӣ  таъсис ва барҳам дода мешавад.
4.Кафедраро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири кафедра аз ҷумлаи докторони илм, профессорон, номзадҳои илм, дотсентон ба тариқи овоздиҳии пинҳонӣ  дар Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  ба муддати 4-сол интихоб карда мешавад.
Мудирони кафедраҳое, ки то вақти амалӣ шудани низомномаҳои мазкур ду мӯҳлат паи ҳам адои вазифа кардаанд (аз зумраи номзадҳои илм ва дотсентон), минбаъд ҳуқуқи иштирок намуданро дар озмуни ишғоли вазифаи мудири кафедра надоранд.

 

 Маҳфили «Равоншиноси ҷавон»

Дар кафедра махфили «Равоншиноси ҷавон» амал мекунад. Маҳфил бо истифода аз усулҳои фаъоли  таълим  аз қабили интернет, проектор ва тахтаи электронӣ     гузаронда мешавад. Азбаски дар кафедра омӯзгорон пайваста кору фаъолияташонро бо донишҷӯён мегузаронанд, маҳфил боз ҷолибтар мегузарад.
Мақсади умумии маҳфил:

  • Омодагии касбии донишҷӯён ба силсилафанҳои психологӣ;
  • Муайян намудани нақши таълим дар тараққиёти психикии хонандагон;
  • Барои  донишҷӯ  қобилияти зеҳнӣ ва шавқу рағбати зиёд нисбати силсилафанҳои психологӣ  дошта бошад маҳфил ба ӯ имконияти беҳтар аз намудани равандҳои психологиро меомӯзонад;
  • мақсади умумии маҳфил на танҳо моҳият ва мазмуни психологиро фаҳмонидан мебошад, балки қобилиятҳои синнусолии бачагонро дар зинаҳои гуногун нишон медиҳад.

.

Аспирантону унвонҷӯёни кафедра

1.   Исоева Д.С. - унвонҷӯ, мавзӯъ: «ФОРМИРОВАНИЕ У УЧАЩИХСЯ ЭКОНОМИЧЕСКИ ЗНАЧИМЫХ КАЧЕСТВ ЛИЧНОСТИ В ПРОЦЕССЕ ОБУЧЕНИЯ ТЕХНОЛОГИИ»  таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академик Қодиров Қ. Б.
2.   Давлатов М. - унвонҷӯ, мавзӯъ: «Педагогическое общение в начальных классах школ  » таҳти роҳбарии доктори илмҳои педагогӣ, академик Қодиров Қ. Б.
3.   Абдулоева М.- унвонҷӯ, мавзӯъ: «дар зери роҳбарии доктори илмҳои  педагоги Ҳоҷиматова  Г.М. кори илми бурда истодааст . Мавзуи кори илмиаш«Вазифаҳои  ичтимои -психологию  педагогии омодасозии ҷавонон ба ҳаёти оилавӣ»
4.   Қурбонов М — унвонҷӯ, мавзӯъ: «Хусусиятҳои муошират дар синни наврасӣ» зери роҳбарии н.и.психологӣ Мустафоқулов Т. кори илмӣ карда истодааст
5.   Шарипов А - аспиранти курси 2-юм (ғоибона)  Асосҳои тарбияи маънавӣ-равонии кӯдак дар оила» зери роҳбарии номзади илмҳои психологӣ, дотсент Мустафоқулов Т. кори илмӣ карда истодааст.



ҲАЙАТИ КАФЕДРА

  1. Исоева Дилором -мудири кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ, номзади илми педагогика;
  2. Мустафоқулов Тошпулот - номзади илмҳои психологӣ, дотсент.        
  3. Қурбонов Маҳмадӣ - муаллими калони кафедраи психологияи умумидонишгоҳӣ          
  4. Абдуллоева  Меҳринисо   -  муаллими калони кафедра;
  5. Набиева Муқадас - муаллими калони кафедра, унвонҷӯ;
  6. Давлатов Миралӣ - муаллими калон;
  7. Шарипов Анвар - ассистенти кафедра;