KGU

Маркази ихтирокорони ҷавон

Маркази «Истеъдодҳои ҷавон»

Маркази «Истеъдодҳои ҷавон»-и Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  аз сентябри соли 2016-2017 то инҷониб як қатор дастовардҳои зеринро ноил гаштааст.

firuz.pngБахшида ба «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»- 26 апрел, барои иштироки фаолона дар чорабиниҳои илмию эҷодӣ ва қобилияти 3ю3.pngмалакаи зеҳнӣ, дар асоси Фармони Директори МДММПИ аз 25 апрели соли 2016, №27 Сайфуддинов Фирӯз бо Ифтихорномаи Муассисаи Давлатии Маркази Патенту Итилооти Вазорати Рушди Иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
14-уми марти соли 2017 дар шаҳри Душанбе озмуни телевезионии «ИХТИРОЪ» дар ТВС баргузор гардид. Дар озмуни мазкур аз Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  Назаров Аминҷон, донишҷӯи курси дуюми факултаи физика ва математика иштирок намуда, барои иштироки фаолона ба дипломи озмуни телевизионии «ИХТИРОЪ» сарфароз гардонида шуд.
5ю5.pngМувофиқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои банди 24 баргузор намудани «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкор» даври якуми озмун дар сатҳи факултаҳои ДДК ба номи А.Рӯдакӣ рӯзи 26.01.2017 ва даври дуюми озмуни мазкур рӯзи 15 феврали соли 2017  дар сатҳи Донишгоҳ  таҳти унвони «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкор» гузаронида шуд. Озмуни мазкур байни донишҷӯён ва магистрантон баргузор гардида, ғолибони даври дуюм дар сатҳи донишгоҳ бо чунин натиҷаҳо ҷамбаст гардид:

Ғолиби ҷои якум

Сайфуддинов Фирӯз- магистранти курси 2, ихтисоси «Химия». Дору бономи  «Дармонбахши меъда», барои бартараф намудани бемории газаки меъда.        

Ғолибони ҷои дуюм

Умедаи Талаб - магистранти курси 2, ихтисоси «Информатика». «Довари электронӣ»
Неъматулло Айсиддин- донишҷeи курси 1-уми факултаи филалогияи хориҷӣ. «Лоиҳаи илмии техникӣ»

Ғолибони ҷои сеюм

Назаров Аминҷон- донишҷeи курси 2-юми факултаи физика, матиматика ва информатика. «Ручкаи равшанидиҳанда»
Холиқова Шукрона - донишҷeи курси 1-уми факултаи филалогияи хориҷӣ. «Барномаи бозӣ»

15-16 марти соли 2017 даври Ҷумҳуриявии «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкор» дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи Техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ баргузор гардид. Озмуни мазкур се самтро дар бар мегирифт: самти тиб, техникаву техгнология ва самти барномасозӣ. Дар натиҷа Сайфуддинов Фирӯз барои ишғол намудани ҷои якум дар самти тиб ба дипломи дараҷаи I- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Умедаи Талаб барои ишғол намудани ҷои дуюм дар самти барномасозӣ ба дипломи дараҷаи II - Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст. Назаров Аминҷон бошад, барои иштироки фаолона дар ин фестивалозмун ба ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
Дар таърихи 13-14 апрели соли 2017 Сайфуддинов Фирeз, Умедаи Талаб ва Назаров Аминҷон аз тарафи Муассисаи Давлатии Маркази Миллии Патенту Иттилоот ба форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «ҶАВОНОН-МУҲАРРИКИ РУШДИ СОҲИБКОРИИ ИННОВАТСИОНӢ»  бахшида ба соли ҷавонон барои намоиш додани ихтироотҳои худ даъват шуда буданд. Дар ин форум меҳмонон аз хориҷи кишвар низ хеле зиёд буд. Донишҷӯёни муассисаҳои мактабҳои олии ҷумхурӣ наздики 400 нафарро ташкил медод. Форуми мазкур дар китобхонаи Миллии Точикистон аз тарафаи «Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумхурии Точикистон» баргузор гардида буд. Дар форуми мазкур аз тарафи МД ММПИ 14-нафар ихтироъкорони беҳтарини ҷумхурӣ дар назди меҳмонони хориҷи кишвар муарифи гардиданд, ки Сайфуддинов Фирeз, Умедаи Талаб ва Назаров Аминҷон аз ҷумлаи он ихтироъкорон мебошанд. Ихтироотҳои онҳо дар шакли банер тули ду рӯзе, ки форум давом кард, ба намоиш гузошта шуда буд. Умедаи Талаб ҳамчун барномасози беҳтарини ҷумхарӣ ба як қатор туҳфаҳои хотиравии муассисаи рушди Сармоягузорӣ, ММПИ ва Кумитаи Ҷавонон  қадрдони карда шуд.
Ҳамчунин 15-уми апрели соли 2017 фестивалозмуни шаҳрӣ таҳти унвони «Парвози Орзӯ» дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. Озмӯни мазкур дар се самт гузаронида шуд: ихтирокорӣ, маҳорати дузандагӣ ва фалаксароӣ. Дар озмун аз ихтироъкорони донишгоҳ Сулаймонов Убайдулло, Назаров Аминҷон ва Холиқова Шукрона иштирок доштанд. Сулаймонов Убайдулло  бо  лоиҳаҳои худ «Автоматикунонии барномаи занг дар раванди таълим» ва «Сохтани сомонаи туристӣ (дар мисоли мавзеҳои зиёратӣ ва туристии минтақаи Кӯлоб)» барои ишғол намудани ҷои дуюм ба дипломи дараҷаи II-и Раиси шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ гардид.
Бахшида ба «Рӯзи байналмилалии моликияти зеҳнӣ»- 26 апрел, барои иштироки фаолона дар чорабиниҳои илмию эҷодӣ ва қобилияти малакаи зеҳнӣ, дар асоси Фармони Директори МДММПИ аз 21 апрели соли 2017, №17 Каримов Самариддин Каримович бо дипломи иштирокчӣ дар озмуни мазкур аз тарафи Муассисаи Давлатии Маркази Патенту Итилооти Вазорати Рушди Иқтисод ва Савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.