KGU

Маркази рушди касбият ва инноватсия

МАРКАЗИ РУШДИ КАСБИЯТ ВА ИННОВАТСИЯ

Маълумоти умумӣ

         Маркази рушди касбият ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар асоси мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.02.2016, №05/1-976 таъсис дода шудааст. Марказ дар ошёнаи дуюми бинои маъмурии Донишгоҳ, утоқи №200  ҷойгир аст. Дар марказ 5 нафар фаъолият мекунад: сардор ва чор нафар мутахассис. Самти фаъолияти марказ ҳамкорӣ бо ташкилоту муассисаҳо, кор бо ихтиёриён (волонтёрон), таҳия ва дар амал тадбиқ намудани лоиҳаҳо мебошад. Мақсади асосии Марказ ҳамкорӣ бо корхонаву идораҳо (корфармоён) ва омода намудани донишҷӯён ба талаботи онҳо мебошад.

Вазифаҳои марказ

· Маълумоти мушахас оид ба ҷойҳои кори холӣ ва корфармоён;
· Ташкили семинарҳои омузишӣ оид ба талаботи корфармоён;
· Ба донишҷӯён шинос намудани фаъолияти корӣ, шарт, талабот, коргарон ва харитаи корхонаҳо;
· Омӯзонидани тарзи навишти лоиҳа;
· Ташаккул ва тақвият бахшидани маҳорати ихтиёрӣ (волонтёрӣ);
· Баргузор намудани ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ

Дар муддати 1-соли фаъолияти Маркази рушди касбият ва инноватсия яъне аз моҳи январи соли 2017 мутахассисон корҳои зеринро иҷро карданд.

1. Тартиб додани нишона ва оиномаи марказ
2. Ташкил ва тартибдиҳии намунаи лоиҳаи инноватсиоионӣ  (Мутахассисони марказ муддати 1 моҳи аввал рузҳои чоршанбе соати 14:00 семинари хурд оиди чи гуна навиштани лоиҳа гузарониданд)
3. Ташкили курсҳои компютерӣ барои донишҷуён (муддати 2 моҳ дар барномаҳои Micosoft WORD, Microsoft POWER POINT ва тарзи истифодаи шабакаи Internet, Microsoft EXCEL ва насби Windows аз тарафи мутахассисони марказ дарсҳо гузаронида шуда истодааст). Айни ҳол 73 нафар донишҷӯ ба ин курс ҷалб карда шудааст, ки зиёда аз 6 500 сомонӣ ба бучети донишгоҳ ворид гардидааст.
4. Ташкили клуби мубоҳисавии “ПЕШСАФ” дар назди Донишгоҳ , ки то имрӯз фаъолияташро мутахассисони марказ ба уҳда доранд. Ин аввалин клуби мубоҳисавӣ бо забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мебошад. Тренингхо оид ба «Малакаи ба кор таъмин шудан», «Асрори ба муваффақият гузаронидани мусоҳиба», «Пешсафӣ», «Ихтиёрӣ», «Таҳияи CV (резюме)» аз тарафи мутахассисони марказ ба хатмкунандагон ва донишҷӯёни Донишгоҳ пайваста гузаронида шуда истодааст.
5. Ташкили мактаби “Лидерӣ”, ки дар доираи ин мактаб семинар-омӯзишҳо пайваста аз тарафи лидерони ҷавони донишгоҳ ва берун аз он гузаронида мешавад.
6. Ташкили клуби “Иқтисод”, дар ин клуб семинар-омӯзишҳо аз тарафи иқтисоддонони донишгоҳ ва кормандони системаи бонкӣ гузаронида мешавад. Ташкили ин семинарҳо ба фоидаи донишҷӯён ва таёр кардани онҳо ба талаботи бозори меҳнат.
7. Ташкили мактаби Бонкдорӣ, ки дар доираи ин лоиҳа семинар-омӯзишҳо аз тарафи мутахассисони баландтаҷрибаи вилояти Хатлон гузаронида мешавад.
8. Гузаронидани ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар донишгоҳ аз тарафи шуғли аҳолии шаҳри Кӯлоб вобаста ба шартнома.

Лоиҳаҳои амалишудаи Маркази рушди касбият ва инноватсия, ки фаъолона амал карда истодаанд.

 № Номи лоиҳа 
 1.

Клуби мубоҳисавии “Пешсаф”

 2.

Мактаби “Лидерӣ”

 3.

Клуби “Иқтисод”

 4.

Мактаби “Бонкдорӣ”

 5.

Лоиҳаи “Нигаҳбонии обҳои пок”