KGU

Раёсати таълим

Раёсати таълим дар кори худ бевосита ба муовини ректор оид ба таълим итоат мекунад воҳиди сохтории пешбари донишгоҳ дар самти ташкил, танзим, идоракунӣ ва ҳамоҳангсозии раванди таълим буда, банақшагирӣ ва ташкили таҳсилоти олии касбӣ ва таъмини ҷустуҷӯ ва дарёфти технологияҳои нави таълим, алоқаманд намудани донишҳои назариявиро дар амалия, коркарди воситаҳои айёнию техникӣ дар раванди таълимро амалӣ менамояд. Раёсати таълим фаъолияти устодонро бобати таҳияи барномаҳои таълимӣ, васоити таълимӣ, нишондодҳои методӣ, адабиёти таълимӣ тибқи талаботи стандартҳои давлатии таҳсилоти олӣ ба танзим медарорад. 
Назорати иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва ташкилӣ-методиро дар вақти таҳия ва тасдиқи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаҳои таълимӣ, ҷадвали машғулиятҳо ва имтиҳонҳо амалӣ менамояд.
Иҷрои талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриро дар вақти таҳияи нақшаи таълимии кори факултаҳо, ҳисоби ҳаҷми корҳои таълимӣ, тақсимоти сарбории таълимии устодон ва баҳисобгирии иҷрои онро назорат намуда, маълумотро оид ба ҳисоби ҳайати профессориву омӯзгорӣ барои соли таҳсил омода намуда, дар ташкили комиссияҳои аттестатсияи давлатӣ иштирок менамояд. 

Раёсати таълим аз чунин зерсохторҳо иборатанд:

1. Бахши мониторинг ва назорати сифати таълим;
2. Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон;
3. Шуъбаи тайёрӣ;
4. Шуъбаи магистратура;
5. Маркази бақайдгирӣ ва иттилоотии низоми кредитии таҳсилот;
6. Маркази тестии низоми кредитии таҳсилот.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, бинои нави маъмурию таълимӣ, ошёнаи 3-юм, утоқи таълимӣ,
Телефони корӣ: (+992 8 33 22) 2-51-25
E-mail: talim@kgu.tj,