KGU

Шӯъбаи мониторинг ва назорати сифати таълим

ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

оДИНАМО.png

Суроға: 735360, ш.Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16
Шарипова ОДИНАМО, Сардори шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот
Телефон: (+992) 988.63.57.20
E-mail:khadamot@kgu.tj

Шариповой Одинамо Пирназаровне родилась 14 января 1980 года, гражданка Республики Таджикистан, в 2002 году окончила Кулябский государственный университет им. А.Рудаки по специальности учитель русского языка и литературы (диплом ТС №0037687)
Ученая степень кандидата педагогических наук присуждена специализированным советом по защите диссертаций на соискание ученой степени кандидата наук на базе Курган-тюбинского государственного университета имени Носира Хусрава, решением диссертационного совета от 25.05.2012г., протокол №44 и выдан диплом ДКН № 180240, приказом от 11.03.2013г., №133\нк-5 Высшей Аттестационной Комиссии Министерства образования и науки Российской Федерации.
Стаж научно – педагогической работы в высших учебных заведениях - 13 лет. Опубликованные научные работы Шариповой О.П. написаны на достаточно высоком научном уровне и имеют важное теоретическое и практическое значения. По результатам своих исследований часто выступает с докладами на научно-методическом Совете факультета русской филологии, профессорско-преподавательских семинарах на республиканских и международных научно-практических конференциях.
Имеет 30 публикаций, из них 3 учебно-методических пособий, 1 монография и 25 научных работ, используемых в педагогической практике.
Отличник образования Республики  Таджикистан (26.09.2012, № 2029)

ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

1.    Маълумотнома оид ба таъсис гардидани шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот: 
НИЗОМНОМАИ ШУЪБАИ ИДОРАКУНИИ СИФАТИ ТАХСИЛОТИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ  БА НОМИ АБӯАБДУЛЛОҲИ РӯДАКӢ

1.Муқаррароти умумӣ.

1.1. Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолияти худро дар асоси Қонуни  Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таълимии олии касбӣ (мактабҳои олӣ)- и  Ҷумҳурии То ҷикистон», «Оиномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ», «Барномаи идоракунии сифати тахсилот дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ» ба роҳ мемонад.
1.2 . Маркази шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот  ҷузъи таркибии Раёсати таълими Донишгоҳ ба шумор меравад.
1.3. Марказ дар фаъолияти худ Қонуни Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии То ҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ», «Оиномаи Донишгоҳ», қарорҳои Шурои олимони донишгоҳ, фармонҳои Ректор, дастуру супоришҳои Раёсати таълим ва Низомномаи мазкурро ба роҳбари мегирад.
1.4. Марказ фаъолияти худро дар ҳамкори бо Раёсати Донишгоҳ, Раёсати таълим ва муассисаъҳи тобеи Донишгоҳ амалӣ менамояд.
1.5. Марказ бо мақсади татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар соҳаи маориф, и ҷрои стандартҳои давлатии таҳсилотро вобаста ба ихтисосҳои дар Донишгоҳ амалкунанда назорат карда, ба ҷараёни таълиму тарбия, сатҳи сифати дониши дониш ҷӯён, тайёр намудани мутахассисон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти Донишгоҳ баҳо медиҳад.

2. Вазифаҳои шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

Маркази идоракунии сифати таҳсилот вазифаҳои зеринро и ҷро менамояд:
2.1. Бо мақсади сан ҷиш ва баҳодиҳии сифати таҳсилот дар Донишгоҳ тибқи нақшаи корӣ чорабиниҳо мегузаронад.
2.2. Донишгоҳро бо дастурҳои иттилоотии технологӣ  ҷиҳати амали намудани тартиби назорат ва баҳодиҳи таъмин менамояд.
2.3. Оид ба вазъи сан ҷиш ва таҳлили сифати таҳсилот дар кафедраҳо ва факутетҳои Донишгоҳ гурӯҳи корӣ ташкил мекунад.
2.4. Гузориш ва маълумотнома ба Раёсати Донишгоҳ, Раёсати таълим ва Шурои олимони Донишгоҳро таҳия мекунад.
2.5. Ро ҷеъ ба рафти и ҷрои карорҳои Шурои олимон ва Раёсати Донишгоҳ назорат мебарад.
2.6. Доир ба вазъи и ҷрои нақшаҳои таълими ва сарбориву нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳо сан ҷиш мегузаронад.
2.7. Дар кори аттестатсияи дониш ҷӯёни хатмкунанда ва муайян намудани сатҳи дониши назариявию амалии онҳо иштирок менамояд, тавсияҳо медиҳад ва таклифҳо пешниҳод мекунад.
2.8. Дар бобати сатҳи тахасусии омӯзгорон ва мувофиқати онҳо ба вазифаашон ба унвони Раёсати Донишгоҳ як ҷоя бо Раёсати таълим маълумотнома ирсол менамояд.

2.9. Вобаста ба нати ҷаи мониторингҳои гузаронидашуда, дар бобати ҳавасмандгардонии устодон ва фаъолияти онҳо хулосаҳои худро ба унвони Ректори Донишгоҳ (дар мувофиқа бо Раёсати таълим) ва Кумитаи иттифоқи касабаи устодони Донишгоҳ манзур менамояд.
2.10. Ҷараёни та ҷрибаи омӯзгорӣ ва фаъолияти методистону дониш ҷӯёнро дар рафти та ҷрибаомӯзи зери назорат мегирад.
2.11. Доир ба и ҷрои нақшаҳои  корҳои илмӣ- тадқиқотии факултаҳо сан ҷиш мегузаронад.
2.12. Вобаста ба сифати корӣ устодон, малакаю маҳорати касбии онҳо аз нигоҳи дониш ҷӯён анкета (пурсишнома) мегузаронад.

3. Марказ дар созмон додани корҳои зерин иштирок менамояд:
3.1. Дар ташакул додани бонки ягонаи маълумот дар бораи маводи имтиҳонӣ, аз  ҷумла маводи савн ҷишию меъёрӣ.
3.2. Дар таҳия ва такмили технологияи сан ҷиш ва баҳодиҳи ба сифати таҳсилот.
3.3. Дар ташкил ва рушди системаи иттилооти дар соҳаи назорат ва баҳодиҳи ба сифати таҳсилот.
3.4. Дар таъмини иҷрои талаботи ягона ҳангоми гузаронидани аттестатсияи хатмкунандагони Донишгоҳ ва назорат аз рӯи сан ҷишу имтиҳоноти  ҷорӣ, давлатӣ ва дохилшавӣ дар Донишгоҳ.
3.5. Таҳкики вазъи таҳсилот дар Донишгоҳ ва омӯзиши талабот ба мутахассисони  ҷавон оид ба ихтисосҳои мав ҷуда дар Донишгоҳ.
3.6. Ба нақшагирии муҳтавои таълим, коркард ва и ҷрои барномаҳои таълимӣ, таъмини илмӣ –методӣ ва моддии раванди таҳсилот, таъмини фаъолияти илмию – методӣ дар Донишгоҳ.
3.7. Сан ҷиши сифати баргузории конференсияҳо, машваратҳо, семинарҳои илмӣ ва таълимию методӣ.
4. Марказ дар  ҷамъоварии маводҳо доир ба сифати таҳсилот иштирок менамояд:
4.1. Дар омода намудани маводҳои фаврӣ, иттилоотию таҳлили ва оид ба назорат ва баҳодии сифати таҳсилот барои роҳбарияти донишгоҳ ширкат мекунад.
4.2. Дар такмил додани сохт ва системаҳои назорат ва баҳодиҳи ба сифати таҳсилот ёрӣ мерасонад.
4.3. Дар амали намудани барномаҳои мақсадноки таълимӣ, корҳои илмию тадқиқити ширкат меварзад.
4.4 Сатҳи сифати та ҷрибаомӯзии дониш ҷӯёнро арзёби мекунад.
4.5. Сатҳи сифати корҳои таълимӣ-тадқиқоти ва илмӣ-тадқиқотии дониш ҷӯён, фаъолияти илмӣ – тадқиқотии устодону омӯзгорон, фаъолияти аспирантура- докторантураро месан ҷад.
4.6. Пешниҳоду усулҳои нави таълим барои таҳсилоти босифат.
4.7. Дар татбиқ намудани тадбирҳои муайянкунанда, огоҳкунанда ва пешгирикунанда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии То ҷикистон муқаррар гардидааст, оид ба роҳ надодан ё барҳамдиҳии оқибати вайронкориҳо аз тарафи устодони донишгоҳ, ширкат мекунад.
5. Мувофиқи тартиби муқарраргардида Марказ дар корҳои зерин иштирок менамояд:
5.1. Дар омода намудани лоиҳои санадҳои ҳуқуқию меъёри босупориши Раёсати Донишгоҳ ва Раёсати таълим таҳия карда мешавад.
5.2. Даври таҳияи маводҳои ҳисоботи оид ба и ҷрои нақшаи таълим ва барномаҳои таълимии Донишгоҳ аз нати ҷаи сан ҷиш марбут ба сифати таълими дониш ҷӯён ба Раёсати Донишгоҳ маълумотнома пешниҳод менамояд.
5.3. Нати ҷаҳои фаъолияти Марказро  ҷамъбаст намуда, самтҳои фаъолияти марказро барои соли нави таҳсил муайян менамояд.
5.4. Маводҳои ҳисоботиро оид ба и ҷрои нақшаҳои фаъолияти Маркази шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ва Раёсати Донишгоҳ омода карда, нати ҷабардорӣ менамояд.
5.5. Рафти и ҷрои чорабиниҳо ва барномаи таълимии Донишгоҳро зери назорат мегирад.

6. Ҳуқуқ ва вазифаҳои Марказ.

Маркази шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот барои амали намудани вазифаҳои ба зимааш гузошташуда ҳуқуқ дорад.

6.1. Барои и ҷрои вазифаҳое, ки ба салоҳияти Марказ дохиланд, маводҳо ва ҳу ҷ ҷатҳои заруриро дархост ва талаб менамояд.
6.2. Бо супориши роҳбарияти Донишгоҳ ва Раёсати таълим назорат ва сан ҷиш мегузаронад. Ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти кори Марказ дохиланд, баҳо дода, риояи талаботи муқараргардидаро дар соҳаи назорат ва баҳодиҳи ба сифати таҳсилот назорат менамояд, маслиҳатҳо медиҳад.
6.3. Ба Ректори Донишгоҳ оид ба ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти Марказ дохил мешаванд, таклифҳо пешниҳод менамояд.
6.4. Дар ҳалли масъалаҳое, ки ба салоҳияти кори Марказ дохил мешаванд, бо Ректори Донишгоҳ ва Раёсати таълим ҳамкорӣ менамояд.
6.5. Дар бораи беҳтар ба роҳ мондани самаранокии сифати таълим ва баланд бардоштани сатҳи корҳои таълиму сифати тайёр намудани хатмкунандагон ба Ректори Донишгоҳ таклифҳо пешниҳод менамояд.
6.6. Рафти и ҷрои Қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро назорат менамояд.
6.7. Сифати таълимро дар Донишгоҳ назорат мекунад.
6.8.Дар ҳолати ошкор намудани қонунвайронкуниҳо, суйистеъмол аз мансаб, бемасъулияти аз  ҷониби омӯзгорон ва кормандон нисбати онҳо оид ба додани  ҷазоҳои интизоми ва дигар намуди  ҷазоҳо ба роҳбарият таклиф пешниҳод менамояд.

7. Сохтори Марказ.
7.1. Маркази шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот  ҷузъи сохтори Донишгоҳ буда, аз мудир ва аъзо иборат аст. Роҳбари Маркази шуъбаи идоракунии сифати таҳсилотро Ректори Донишгоҳ таъин ва аз кор озод менамояд. Роҳбари Марказ барои и ҷрои вазифаҳои ба зиммаи Марказ гузошташуда масъул мебошад.
7.2. Роҳбари Маркази вазифаҳои хизматии кормандони шуъбаро таҳия ва барои тасдиқ ба Ректори Донишгоҳ пешниҳод менамояд.
7.3. Роҳбари Марказ барои и ҷрои вазифаҳои хизматии кормандони Марказ  ҷавобгӯ мебошад.7.4. Роҳбари Марказ барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи ӯ гузошташуда ва дар амал тадбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф масъул аст.      

        Ҳайати кормандони шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот

давлатов-т.png

Давлатов Толқун, сармутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот:      
Маълумот: олӣ, хатмкардаи Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб, Факултаи физика математика, ( ихтисоси математика)
Тел: (+992) 917 25 87 97
E-mail:


мирзоев.png

Мирзоев Қурбоналӣ Саидович, мутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот:
Маълумот: олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Кӯло ба номи А.Рӯдакӣ, Факултаи иқтисод ва идора (ихтисоси иқтисодиёт ва идора дар корхона 1.25.01.07 )
Тел: (+992) 918 99 32 99, 907 79 22 29
E-mail: k.mirzoev-99@ mail.ru  

       

хайдар.png

Ҳайдаров Ҳайдар Назаралиевич, мутахассиси шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот:
Маълумот: олӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии То ҷикистон , Факултаи Муносибатҳои байналхалқӣ (ихтисоси дипломат 1.23.01.01.00 ) 
Тел: (+992) 987 57 57 00 , 905 09 35 35
E-mail: Haydar_11@ mail.ru