KGU

Шӯъбаи тайёрӣ

ШУЪБАИ ТАЙЁРӢ

Шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Safarov P.jpgСаидов Парвин, сардори шуъбаи тайёрӣ

Шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз солҳои 1978 асри гузашта, то ин ҷониб фаъолият намудааст. Мақсади асосии таъсиси ин шуъба тайёр намудани довталабон барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олии  касбӣ мебошад. Алалхусус, бештар ин довталабон барои дохилшавӣ ба Донишгоҳи давлатии Кӯлоб тайёр карда мешуданд.
Дар давраи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад ва мароми ин шуъба бештар гардида, айни ҳол довталабон зиёдтар ба ин шуъбаҳо муроҷиат мекунанд.
Шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳам барои самаранок ҷорӣ намудани таълим дар шуъба, пеш аз ҳама нақшаҳои таълимиро дар асоси талаботи кластерҳо, ки Маркази миллии тестӣ пешниҳод намудааст, таҳлил намуда, дар ҷаласаи Шӯрои Олимон тасдиқ намуд.
Барои таълиму тадриси фанҳое, ки дар имтиҳонҳои дохилшавӣ мавҷуданд, бо супориши роҳбарияти донишгоҳ омӯзгорони собиқадор, алалхусус собиқаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумидошта ҷалб карда шудаанд.
Дар соли таҳсили 2017-2018 шуъбаи тайёрӣ барои ҳамаи кластерҳои ММТ шунаванда қабул намуд. Шунавандагони шуъбаи тайёрӣ дар асоси шартнома таҳсил намуда, рафти донишазхудкунии онҳо аз тарафи омӯзгорон ва мутасаддии шуъбаи тайёрӣ назорат карда мешавад.

Айни ҳол, шунавандагон аз рӯи гурӯҳҳои зерини кластерҳои ММТ –ро  меомӯзанд.
1.Гурӯҳи ихтисосҳои табии ва техникӣ;
2. Гурӯҳи ихтисосҳои иқтисод ва география;
3. Гурӯҳи ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат;
4. Гурӯҳи ихтисосҳои ҷамиятшиносӣ ва ҳуқуқ;
5. Гурӯҳи ихтисосҳои таббӣ, биологӣ  ва варзиш;

Баъди хатми курси тайёрӣ ба шунавандагон гувоҳнома дар асоси супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ дода мешавад.
Шунавандагон имконият доранд, ки ҳуҷҷатҳои худро на танҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, балки ба дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ низ супоранд.
___________________________________________________________________________________________________

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992) 918 30 41 51
E-mail: mail.ru