KGU

Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ

ШӮЪБАИ ТАҶРИБАОМӮЗӢ ВА КОР БО МУТАХАССИСОНИ ҶАВОН

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сохтори қисми таълимӣ ба шумор рафта, ба мустаҳкам намудани донишҳои назариявии азбаркардаи донишҷӯён дар раванди таҳсил ва ба даст овардани малакаю маҳорати амалӣ дар касби интихобкардаашон омӯзгорӣ равона шудааст.
Шуъба таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолияти худро тибқи «Низомнома»-и таҷрибаомӯзии педагогии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон бар роҳ мондааст.
Барои расидан ба мақсад дар доираи фаъолияти худ шуъба вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:
-ташаккули ҷаҳонбинии дурусти илмӣ ва идеявии донишҷӯён, аз худ намудани намудҳои маъмули фаъолияти тарбияи идеявӣ;
-бадастории сифатҳои касбии шахсияти омӯзгори оянда ва сифатҳои шахсии мутахассис, ки ба талаботи ҷамъият кункнӣ ҷавобгӯ бошанд;
-тарбияи муҳаббат ва иззату эҳтироми донишҷӯён нисбати ихтисоси омӯзгорӣ;
-ба роҳ мондани фаъолияти амалии донишҷӯён, ташаккули маҳорату малакаҳои касбӣ, ки асоси ташкили хуби корҳои таълимӣ – тарбиявӣ ба ҳисоб мераванд, аз бар намудани усулҳои ниҳоят паҳнгаштаи таълиму тарбия;
-дар амал ба роҳ мондан ва мустаҳкам намудани алоқаи фанҳои назариявӣ, ки донишҷӯён ҳангоми омӯзиши фанҳои ҷамъиятӣ, тахассусӣ ва равоншиносиву омӯзгорӣ аз худ намудаанд;
-шиносоии донишҷӯён бо ҳолати корҳои таълимӣ – тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ ва раҳнамоии донишҷӯён дар ҳаллу фасли масъалҳои таълимиву тарбиявӣ;
-ба роҳ мондани муносибатҳои зичи ҳамкории донишҷӯён бо омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миталабагон, омӯзиши хислатҳои синнусолӣ ва фардии онҳо;
-коркарди муносибати эҷодӣ ва тадқиқотӣ нисбат ба фаъолияти омӯзгорӣ, аз худ намудани малакаҳои таҳлилӣ, натиҷаҳои кори худ, ба роҳ мондани талабот ба худомӯзӣ.

Мақсади таҷрибаомӯзӣ

ташкил ва баланд бардоштани маҳорати тахассусии донишҷӯён дар асоси омӯзиши таҷрибаи кории фаъолияти муассиса, мактаб ба чорабиниҳои мактабӣ, ташкилот, корхона, малака ҳосил кунондан дар корҳои мустақилонаи мутахассисони оянда, дар шароитҳои муайяни омӯзгорӣ аст.
ташкили гузаронидани таҷрибаомӯзӣ, мундариҷаи таҷрибаомӯзӣ, вазифаҳои инфиродӣ, талаботи ҳисобот дар бораи таҷрибаомӯзӣ, ҷамъбасти таҷрибаомӯзӣ.
Намуд ва муҳлати таҷрибаомӯзӣ аз рӯи стандарти таълимӣ, нақшаҳои таълимӣ муайян карда шуда, бо барномаҳои таҷрибаомӯзӣ аз тарафи кафедраҳои методӣ коркард ва муайян мегардад.
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ шартнома ва ҳамкории зич дорад.
Шуъбаи таҷрибаомӯзӣ мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 15.02.2017, №05/5-1067 «Оид ба раванди ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии омӯзгориро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2016-2017 дар асоси Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/16» мавриди  иҷро қарор додааст. Ҳамзамон барои дар сатҳи даркорӣ ба роҳ мондани таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1,2,3,5,51,53 ва муассисаи «Мактаби Президентӣ» барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб кафедраҳои методикаи таълими фанҳоро кушода, тибқи шартномаи сеҷониба амал карда истодааст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 15.02.2017, №05/5-1067 «Оид ба раванди ташкил ва баргузории таҷрибаомӯзии омӯзгориро дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2016-2017 дар асоси Низомномаи таҷрибаомӯзии педагогӣ (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.01.2017, №1/16» мавриди  иҷро қарор додааст.
________________________________________________________________________________________________________________________________________

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: 918 10 95 15; 918 73 31 88