KGU

Шуъбаи умумӣ

Шуъбаи умумӣ

1.1 Шӯъбаи бақайдгирӣ ва машваратии Донишгоҳ хадамотест, ки фаъолияти донишҷӯёнро дар низоми кредитии таҳсилот ба қайд мегирад ва натиҷаҳои дастовардҳои онҳоро дар чорабинӣ тавсия, барои таҳлил ва баррасӣ ба деканати факулта пешниҳод менамояд.
1.2 Фаъолияти Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ иборат аст аз:
- омода намудани намунаҳо (шаклҳо)-и гуногуни ҳуҷҷатҳо барои бақайдгирии донишҷӯён ва омӯзгорон мувофиқи нақшаҳои корӣ ва фардии таълимӣ;
- ташкили бақайдгирии ҳамасола ва рамзгузории донишҷӯён ҷиҳати омӯзиши фанҳои ҳатмӣ ва интихоботӣ, инчунин омӯзгорони дарсдиҳанда  бо кӯмаки эдвайзерҳо;
- таҳия ва назорати риояи тақвими академӣ;
 -пешниҳоди машваратҳо ба донишҷӯён ва кормандони Донишгоҳ доир ба низоми кредитии таҳсилот ва дигар масъалаҳое, ки вобаста ба фаъолияти донишҷӯён ва омӯзгорон алоқаманд мебошад:

- ташкил ва назорати татбиқи низоми холдиҳӣ-рейтингӣ дар ҷараёни таълим ва сессияҳои имтиҳонӣ;
- ташаккули гурӯҳҳои академӣ ва ҷуфтҳои лексионӣ  аз руйи натиҷаҳои бақайдгирӣ ва интихоби фанҳо;
- назорати раванди имтиҳони ҷорӣ, фосилавӣ ва ҷамъбастӣ;
- таъмини донишҷӯён бо ҳуҷҷатҳои зарурии меъёрӣ-ҳуқуқӣ;
- омодасозии варақаҳои шахсии таълимии донишҷӯён;
- ҷамъбасти натиҷаҳои имтиҳони фосилавӣ ва ҷамъбастӣ, муайян намудани рейтинги донишҷӯён ва пешниҳоди онҳо ба декани факултаҳо ҷамъбасти ҳар як семестр ва муайян намудани баҳои миёнаи соҳибгаштаи ҳар як донишҷӯ, инчунин мувофиқати он ба меъёри муқарраршуда;
- ба деканати факултаҳо ва сардори қисми таълим барои таҳлил ва арзёбӣ пешниҳод намудани рӯйхати донишҷӯёне, ки аз фанҳои алаҳида баҳои  F гирифтанд GPA-и онҳо аз меъёри муқараршуда паст мебошад;  
- ташкили семинарии тобистона ва ҷамъбасти натиҷаҳои он;
- тартибдиҳӣ ва ба расмият даровардани транскрипт (маълумотномаи академӣ, замимаи диплом) барои ҳар як донишҷӯ;
ба расмият дарории  нақшаҳои таълимии фардии донишҷӯён ва ворид намудани тағийрот ба онҳо дар мӯҳлатҳои муқараршуда;
- омодасозии фармон оид ба роҳ додани донишҷӯён ба сессияи имтиҳонӣ дар асоси натиҷаҳои санҷишҳои рейтингӣ;
- таҳияи лоҳияи фармон ҷиҳати аз курс ба курс гузаронидани донишҷӯён дар асоси натиҷаҳои сессияҳои имтиҳонӣ ва сатҳи (GPA)-и онҳо;
- ташкили кор оид ба бойгонии ҳуҷҷатҳои бойгонии донишҷӯён;
1.3 Шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ вобаста ба ҷойгиршавии факултетҳо метавонадба таври муттамарказ ҳамчун сохтори таркибии қисми таълим таъсис дода шавад. 

Мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ

2.1. Роҳбарии бевоситаи шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратиро мудири шуъба ба ӯҳда дорад.
2.2. Мудири   шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ кори шуъбаро ташкил намуда, барои фаъолияти он пурра ҷавобгӯй мебошад.
2.3. Мудири Шуъбаро ректор ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд.
2.4. Мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ ба ҳайати Раёсати Донишгоҳ ворид мегардад.
2.5. Мудири шуъбаи бақайдгирӣ  бояд бо Сарқонун, қонунҳо, қарори Хукумат ва ВМ ИҶТ , назария ва усулҳои идораи низоми таҳсил, тартиб ва қоидаҳои ҳуҷҷатнигорӣ дар ҷараёни таълим, педагогика, психология ва методикаи таҳсилоти касбӣ, шакл ва усулҳои муосири таълиму тарбия ошно бошад.
2.6. Ба вазифаи мудири шуъбаи бақайдгирӣ шахсе, ки маълумоти олӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дорад таъин карда мешавад.
2.7. Мудири шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ бояд барномаҳои компютер, забони давлатиро хуб донад. Мудири шуъба инчунин вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:
- ташкил ва танзими маълумотҳои манбаи додашудаҳо;
- тартиб додани ҳисоботҳои семоҳа, нимсола ва солона оид ба кори шуъба;
- роҳбари аз рӯи фаъолияти кормандони шуъба;
- пешниҳод кардани номзадҳо барои ишғоли вазифаҳои холӣ дар сохтори шуъба;    

Мутахассис 

- вазифаҳои техникиро доир ба таъмини кори пурмаҳсули ректори донишгоҳ иҷро менамояд;
- бо компютер ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ карда ба шуъбаҳои дахлдор бурда мерасонад;
- ҳуҷҷатҳоро ҷо ба ҷо карда ба бойгонии донишгоҳ месупорад;
- ҳуҷҷатҳои доимо истифодабарандаи шуъбаро дар бойгонии ҷорӣ ба танзим дароварда амнияти онҳоро ҳифз мекунад;
Бояд донад: қоидаи ҳуҷҷатгузории донишгоҳро пурра донад.
Талаботи тахассусӣ: маълумоти олӣ, собиқаи корӣ дар вазифаҳои дигар доир ба кори ҳуҷҷатгузорӣ, кори махсуси компютерӣ.

  Хаткашон

- ҳуҷҷатҳои лозимаро сари вақт ба ҷойҳои лозима бурда расонад;
- аз шуъбаи алоқа мактубҳои арзишнокро бо имзо гирифта метавонад;
- мактубҳои содиротиро ба қайд гирифта, ба шуъбаи алоқа мефиристонад;
- ҳуҷҷатҳои лозимаро ба мутахассисҳои дахлдори болоӣ расонад;
- мактубҳои ба донишгоҳ воридшударо ба танзим дароварда, онҳоро ба шуъбаҳои дахлдор сари вақт бурда расонад;
Бояд донад: қоидаҳои асосии ҳуҷҷатгузории сохтори донишгоҳ.
Талаботи касбӣ: маълумоти олии касбӣ, донандаи хуби забони давлатӣ, кор бо компютерро хуб донад.
Ҳоло дар шуъбаи бақайдгирӣ ва машваратӣ 3 нафар корманд кор ва фаъолият доранд:

1. Мудири шуъба Ташрифова Мавлуда Раҳматихудоевна ,
2. Ҳуҷҷатгузор Одинаева Давлатбӣ Ҳабибовна
3. Хаткашон Сиҷоатова Адолат Зикриёевна     

tashripova.png
Ташрифова Мавлуда Раҳматихудоевна - мудири шӯъба,
хатмкардаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ соли 1991,
Тел.: (+992) 987 52 19 75   






davlatbi.png
Одинаева Давлатбӣ 
– коргузори шӯъба,
хатмкардаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ соли 2000,  
Тел.: (+992) 988 63 25 25






adolat.png
Сиҷоатова Адолат 
– коргузори шӯъба,
хатмкардаи ДДК ба номи А. Рӯдакӣ соли 2015,
Тел.: (+992) 988 23 23 55





Реҷаи корӣ:

Душанбе                    аз 08:00   то 17:00
Сешанбе                    аз 08:00   то 17:00
Чоршанбе                 аз 08:00   то 17:00
Панҷшанбе              аз 08:00   то 17:00
Ҷумъа                        аз 08:00   то 17:00
Шанбе                       аз 08:00   то 14:00
Хуроки нисфирӯзӣ: аз 12:00 то 13:00
Рӯзи истироҳат:            якшанбе

            

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯчаи С.Сафаров 16,
ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои маъмурӣ, ошёнаи якум, утоқи 108.
Тел: (+992 8 33 22) 2-36-26