KGU

Илм ва инноватсия

Раёсати илм ва инноватсия

Раёсати  ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ, яке аз сохторҳои таркибии донишгоҳ буда, бо мақсади фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва нашри маводҳои профессорону устодон ва донишҷӯён ташкил карда шудааст. Он дар асоси Қонуни ҶТ «Дар бораи илм ва сиёсати илмии техникии давлатӣ». «Барномаи рушди ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барои солҳои 2006-2015», Низомнома оид ба шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ, ҳуҷҷатҳое, ки донишгоҳ ба АИ ҶТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати молияи ҶТ мувофиқа кардааст, фаъолият менамояд. Дар донишгоҳ муҳаққиқон аз рӯи 24 равия, 28 проблема ва 32 мавзӯи илмӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар соҳаҳои илмҳои мухталиф, аз ҷумла илмҳои дақиқ, гуманитарӣ ва табиатшиносӣ кор бурда истодаанд. Аз 34 кафедраи амалкунанда кормандони 33-тои онҳо ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд. Дар донишгоҳ 323 нафар, аз ҷумла 18 нафар доктори илм (А.Табаров, Ҷ.Алимӣ, С.К.Каримов, М.О.Ибодов, С.С.Мирзоев, Р.Акбаров, Ҷ.Шарифов, И.Икромов,  Т.Ғаниев, Х.Абдуназаров, А.Кучаров, А.Комилӣ), 1 академики Академияи байналмилалии педагогӣ (С.С.Мирзоев,), 1 академики АМ ФР ва Арбоби илму техникаи ҶТ (С.К.Каримов), 1 нафар узви вобастаи АИП (С.С.Мирзоев,), 11 нафар профессор, 68 нафар номзадҳои илм (35 нафарашон дотсент) ба пажӯҳиши илмӣ шуғл доранд.
Натиҷаҳои тадқиқоти илмии кормандони донишгоҳ дар маҷаллаҳои илмии Ахбороти АИ ҶТ, Маърифати омӯзгор, Паёми ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ДДҚ ба номи Носири Хусрав, ДДОТ ба номи С.Айнӣ ва ДМТ ва ғ. ба табъ мерасанд. Ҳоло дар шуъба 6  нафар корманд: Худойдодова Шарофат Зардовна -ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, Зайнаб Самариддинова - Сардори Раёсати илм ва инноватсия, мутахассисони Раёсати илм ва инноватсия: Давлатова Мавзуна, Раҳимова Қурбонбӣ, Холова Ғалатӣ, Чолова Майрамбӣ  ба кор ҷалб шудааст.
Мутобиқи Оинномаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ аз 05.11.2016, таҳти №159 Шуъбаи илм ва инноватсия бинобар сабаби васеъ шудани сохтор ба Раёсати илм ва инноватсия табдил дода шуд. Шуъбаи аспирантура, докторантураи PhD, рӯзномаи  “Анвори дониш”, маҷаллаи Паёми донишгоҳ, парки технологӣ, маркази истеъдодҳои ҷавон, маркази илмӣ- истеҳсолӣ ва китобхонаи донишгоҳ зер сохтори  Раёсати илм ва инноватсия дониста шудаанд.  

Дастовардҳо

Донишҷӯёни донишгоҳ дар баробари корҳои таълимию тарбиявӣ пайваста ба корҳои илмӣ ва анҷоми тадқиқотҳо ҷалб карда мешаванд. Дар донишгоҳ тариқи баргузории маҳфилҳои фаннӣ, конфронсҳо, шабҳои эҷодӣ, ҳамоишҳои илмӣ, мизҳои мудаввар, олимпиадаҳо, семинар ва машваратҳои илмӣ, таълифи рисолаҳои дипломӣ, магистрӣ, корҳои курсӣ, рефератҳо, корҳои мустақилона донишҷӯён ба корҳои илмӣ ҷалб карда мешаванд.
Корҳои илмии 6 нафар донишҷӯён ба озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илму техникӣ-2017» фиристода шуданд.  
Дар Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи “Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз рӯи  11 ихтисос - забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, химия, биология, математика, физика, сиёсатшиносӣ, фалсафа, таърих, технологияи информатсионӣ  донишҷӯёни мо ширкат намуданд.  Аз 11 нафар донишҷӯ  9 нафари онҳо соҳиби ҷойҳои сеюм ва чорум  гардидаанд.   Аз ҷумла:
1.  Ҳабибов Сиёвуш - донишҷӯи соли 5-уми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз фанни таърих  созовори ҷойи 3-юм;
2.  Ғаюров Лоиқ - донишҷӯи соли 4-уми факултаи омӯзгорӣ аз фанни фалсафа  созовори шудан  ҷойи 3-юм;
3. Саидова  Матлуба - донишҷӯи соли 3-юми факултаи филологияи тоҷик ва журналистика (шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик) аз фанни забон ва адабиёти тоҷик  сазовори   ҷойи 3-юм;
4.  Муродов Муҳиддин - донишҷӯи соли 3-юми  факултаи  физика–математика (шуъбаи информатика) аз фанни информатика  сазовори   ҷойи сеюм;
5.  Ҳабибов Судошан - донишҷӯи соли 5-уми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз фанни таърих  созовори    ҷойи 4-ум;
6.  Бобоназаров Идибек - донишҷӯи соли 3-юми факултаи физика ва математика (шуъбаи математика) аз фанни математика  сазовори ҷойи 4-ум;
7.  Икромов Шодӣ - донишҷӯи соли 4-уми факултаи  иқтисод ва идора, шуъбаи иқтисод ва идора дар корхона аз фанни  назарияи иқтисодӣ  созовори  ҷойи 4-ум;
8.  Бобоев Комрон донишҷӯи соли 5-уми факултаи химия, биология  ва география (шуъбаи химия ва биология) аз фанни химия  сазовори    ҷойи 4-ум;
9.  Неъматов Садриддин донишҷӯи соли 4-уми факултаи таърих ва ҳуқуқ аз фанни сиёсатшиносӣ  созовори    ҷойи 4-ум гардидаанд, ки  аз ҷониби раёсати донишгоҳ бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
1. Дар даври ниҳоии Олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки 21-22 апрели соли равон дар донишгоҳ баргузор гардида буд, донишҷӯёни мо бо чунин натиҷаҳо ноил гаштанд:  Одинаев Комрон донишҷӯи курси 4-уми факултаи филологияи хориҷӣ аз фанни забони англисӣ  сазовори ҷойи якум;
2.  Икромов Шодӣ донишҷӯи курси  3-юми шуъбаи кори бонкӣ факултаи молия ва иқтисод аз фанни назарияи иқтисодӣ  сазовори   ҷойи якум;
3.  Саидова Матлуба донишҷӯи курси 3-юми факултаи    филологияи тоҷик ва журналистика, шуъбаи забон ва адабиёти тоҷик аз фанни забон ва адабиёти тоҷик сазовори шудан ба ҷойи якум;
4.  Ғаюров Лоиқ донишҷӯи курси  3-юми факултаи   омӯзгорӣ аз фанни фалсафа  сазовори   ҷойи дуюм 2000 сомонӣ;
5.  Латипова Назира донишҷӯи курси 3-юми факултаи    филологияи рус   аз фанни забон ва адабиёти рус  сазовори   ҷойи дуюм;
6.  Бобоназаров Идибек донишҷӯи бахши 3-юми факултаи физика ва математика  аз рӯи ихтисоси  математика сазовори   ҷойи дуюм;
7.  Муродов Муҳиддин  донишҷӯи бахши 4-уми факултаи физика ва математика  аз рӯи ихтисоси информатика  сазовори  ҷойи дуюм;
8.  Иброҳимов Алишер  донишҷӯи бахши 4-уми факултаи физика ва математика  аз фанни  физика  сазовори   ҷойи сеюм;
9.  Бобоев Комрон донишҷӯи курси 5-уми факултаи химия, биология  ва география, шуъбаи химия ва биология аз фанни химия  сазовори  ҷойи  3-юм гардиданд.

Ҳайати кормандони Раёсати илм ва инноватсия

Номзади илмҳои филология, дотсент   Худойдодова Шарофат Зардовна 26 апрели соли 1967 дар  шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, дар хонадони зиёӣ таваллуд шудааст. Худойдодова Ш.З., пас аз хатми шуъбаи рӯзонаи факултаи филологияи руси ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯлкӣ соли 1989   ба ҳайси ассистенти кафедраи забони русии факултаи омӯзгории ДДК  ба кор шурӯъ намуд.
Фаъолияти кориашро  аз вазифаи ассистенти кафедраи забони русии факултаи омӯзгории ДДК  ба кор шурӯъ карданаш то ба мудири  кафедраи МТЗАР –и факултаи филологияи рус (2004-2008), муҳаррири рӯзномаи «Анвори дониш» (2006-2009), декани факултаи  филологияи хориҷӣ (2008-2009), мудири  кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ (2010-2013), мудири кафедраи журналистикаи  ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (2013-2014). Аз соли 2014 муовини ректори ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ  оид ба корҳои тарбиявӣ.  Дар мавзӯи «Таҳлили таркибӣ-маъноии забон ва услуби матнҳои рекламавӣ (дар забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ)» (2010, Душанбе) рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Тадқиқотҳои ӯ дар самти пажӯҳиши реклама дар Тоҷикистон аввалин кори илмӣ буда, дар пасманзари татбиқи он паҳлуҳои мухталифи истифодаи реклама ҳамчун жанри муосири  журналистикаи тоҷик арзёбӣ гардидааст, муҳаррири феълии намояндагии муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» дар ш.Кӯлоб ва омӯзгори фанҳои  «Асосҳои  реклама ва  паблик», «Назарияи тарҷума» ва «Тарҷумаи матни публистистӣ»-и кафедраи  журналистика буда, бевосита дар таҳия ва пахши рекламаҳо ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ, нигориши мақолаву очеркҳо дар матбуоти даврӣ  ва роҳбарии корҳои илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқони ҷавон ширкат меварзад. Муаллифи 3 дастури методӣ ва беш аз 16 мақолаи илмӣ. Бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012), «Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон» (2013), Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2013), «Аълочии матбуоти Тоҷикистон (2014) ва  Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон сарфароз гардидааст.

zain.png


САМАРИДДИНОВА Зайнаб Наимовна
(тав. 27.12.1968, ш.Кӯлоби вил. Хатлон, аз хонадони хизматчӣ ҷои истиқомат ш.Кӯлоб маҳалаи Ш.Шоҳин хонаи 23 утоқи 16, рақами телефон 987-77-20-28), омӯзгори фанни математика. Хатмкардаи факултаи математика-физикаи Ин-ти давлатии педагогии Кӯлоб (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1989). Таҳсил дар мактаби миёнаи №8 ш.Кӯлоб (1974-1984), донишҷӯ (ҳоло ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1984-1989), ассистенти  кафедраи информатика ва технологияи ҳисоббарор (1989-1991), ходими хурд (1991-2011). Аз соли 2011 мудири шуъбаи илм ва инноватсияи ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Дар мавзӯи «Асосҳои педагогии барномасозии фаъолияти таълимӣ-маърифатии донишҷӯён дар раванди омӯзиши технологияи информатсионӣ» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст (2015). Муаллифи беш аз 10 мақолаи илмӣ.


   mavz.pngДАВЛАТОВА Мавзуна Исматовна
(тав.16.05.1980, ш.Кӯлоб, вилояти Хатлон аз хонадони коргар ҷои истиқомат ш.Кӯлоб, маҳаллаи Ҷ.Алӣ, №108 рақами телефон 987-45-34-95)  омӯзгори фанни забони тоҷикӣ дар факултаҳои  ғайрифилологӣ,  хатмкардаи  факултаи  забон ва адабиёти тоҷики  Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абӯабдулло  Рӯдакӣ, (2003)  Ассистент, кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики донишгоҳ  ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2007-2010 аспиранти  донишгоҳ, 2010 - 2013 котиби илмии Институти забон,адабиёт, шарқшиносӣ ва  мероси хаттии ба номи Рӯдакии АИ ҶТ, ҳамзамон корманди шуъбаи луғатнигории Институти номбурда, аз соли 2013 то соли 2014 нозири калони кадри ИЗАШ МХ АИ ҶТ  аз соли 2014 то моҳи феврали  соли 2015 вазифаи мудири шуъбаи аспиранураи донишгоҳ, аз 14.02.2015 то 19.11.2015 вазифаи мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ, аз 20.11.2015 мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро ба  ӯҳда дорад.

qurbonbi.png
РАҲИМОВА  Қурбонбӣ  Одинаева

(тав.17.01.1973, ноҳияи Восеъ, Вилояти Хатлон аз хонадони коргар. Чои истикомат шаҳри Кӯлоб махалаи Ш.Шоҳин хонаи 24 утоқи 29, рақами телефон 988-92-54-38)
Мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ. Соли 2003 ба факултаи иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда, онро соли 2008 дар бахши ғоибона ба анҷом расонидааст. Аз 10.08.2004 ба ҳайси лаборанти кафедраи забони хориҷии умумидонишгҳӣ, аз 01.04.2009 дар шуъбаи дабирхона ҳуҷҷатгузор, аз 26.06.2010  мудири  шуъбаи кадрҳои донишгоҳ фаъолият кардааст. Аз 26.10.2015 ба вазифаи мутахассиси шуъбаи илм ва инноватсияи донишгоҳ фаъолият бурда истодааст.

ЧОЛОВА.png

ЧОЛОВА Майрамбӣ  Пириевна (тав.12.06.1986,ш. Кӯлоб, Вилояти Хатлон аз хонадони коргар, чои истиқомат ш.Кӯлоб маҳалаи Ш.Шоҳин хонаи 32.утоқи 24 рақами телефон 918-89-19-86) омӯзгори забон ва адабиёти точик ғайрифилологи хатмкардаи факултаи филологияи точик Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб ба номи Абӯабдулло  Рӯдакӣ, (2009)  Ассистент, кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳ давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2015 аспиранти  донишгоҳ, аз соли 2014 мутахасисси шуъбаи таълим, аз 19.05.2017 мутахассиси  раёсати  илм  ва  инноватсия.


ХОЛОВА Ғалатӣ Санговна (тав. 13.06.1971) ш. Кӯлоб, вилояти Хатлон аз хонадони коргар истиқомат ш. Кӯлоб маҳаллаи Борбад хонаи 19 утоқи 43) хатмкардаи факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ буда, аз соли 1996 то инҷониб дар донишгоҳ дар бахшҳои гуногун фаъолият кардааст.  Аз соли 1996 то 2004  ба ҳайси мутахассиси бахши дабирхонаи донишгоҳ, аз соли 2004  то 2016 ба ҳайси мудири кабинети  кафедраи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳ ва аз  ноябри соли 2017 то ҳол мутахассиси  раёсати  илм  ва  иноватсия  кору фаъолият дорад.



Суроға: 
 Кӯчаи С. Сафаров, 16, ошёнаи 3, утоқҳои 301,302,303,304.
Телефон: (8) 3322  2 - 35-07