KGU

Шуъбаи аспирантура

Шуъбаи аспирантура

Шуъбаи аспирантураи донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ



Аспирантура яке аз шаклҳои асосии тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ дар низоми таҳсилоти касбӣ пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ буда, ба шаҳрвандон имконият медиҳад, ки сатҳи маълумот, тахассуси илмӣ ва педагогии худро дар заминаи таҳсилоти олии касбӣ баланд бардоранд.

 Мақсади аспирантура тақвият додани тайёрии назариявӣ ва тахассусии кадрҳои илмӣ ва илмию педагогӣ, аз худ кардани усул ва воситахои тадқиқоти илмӣ, мустақилона дар сатҳи баланд анҷом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад.

Шуъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аз соли 2005 то инҷониб фаъолият дорад. Дар тӯли фаъолияташ дар шуъба  зиёда аз сад нафар муҳаққиқон, унвонҷӯёни донишгоҳ ба мавзӯъ ва роҳбари илмӣ таъмин шудаанд.  Шуъбаи аспирантура аз рӯи  5 ихтисос амал мекунад:

  1. Физикаи ҷисмҳои сахт - 01.04.10
  2. Фалсафаи илм ва техника- 09.00.05
  3. Забони тоҷикӣ- 10.02.20
  4. Назария ва методикаи таълими фанҳои махсус-13.00.02.
  5. Педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот- 13.00.01.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, бинои нави маъмурӣ-таълимӣ ошёнаи 3-юм, утоқи 302
Телефони корӣ: (+992 3322) 2-59-63
E-mail: aspirantura@kgu.tj