KGU

Шӯъбаи магистратура

ҚОИДАҲОИ ҚАБУЛ БА МАГИСТРАТУРА


  1. Муқаррароти умумӣ
    Масъалаҳои омӯзиш ва барномаҳои Магистратури
    Қабули дархостҳо ва ҳуҷҷатҳо
    Санҷиши даромад
    Қабул ба Магистратура

1.Мукарароти умуми

МАЪЛУМОТНОМАИ
бахши магистратураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ

Даминова Хатича.jpg

Магистратура зинаи таҳсилоти олии касбӣ буда, мақсади он таъмини соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ ва системаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони баландихтисос ва кадрҳои илмию педагогӣ мебошад. Таъсис додани магистратура таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо стандарти байналмилалии таҳсилот наздик намуда, барои мувофиқати дипломҳо шароити зарурӣ муҳайё месозад.
Магистратура бо фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар донишкада, академия ва донишгоҳҳое, ки шӯъбаи аспирантура ва докторантура, инчунин, имконияти илмию методӣ, заминаи хуби моддӣ, техникӣ ва таълимӣ доранд, таъсис дода мешавад. Муҳлати таҳсил дар шакли рӯзонаи магистратура ду сол муқаррар карда мешавад.
Шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд дар равия ва ихтисоси ба дипломашон мувофиқ дар магистратура таҳсил намоянд.
Магистратура дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб  аз 1.11. 2012  қабули довталабонро аз рӯи 12 ихтисос оғоз намуд. Роҳбарии ин бахшро муаллими калон Даминова Арафамо Искандаровна ба уҳда дорад.
Аввалин бор соли 2014 аз рӯи 12 ихтисос 39 нафар магистрантон донишгоҳро хатм намуданд, ки аз онҳо 14 нафарашон соҳиби дипломи аъло ва 25 нафарашон соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд. Айни замон (соли таҳсили 2016-2017)  дар донишгоҳ 205 нафар магистрантон(55 нафар духтарон ва 150 нафар писарон, шартномавӣ 91 нафар ва буҷавӣ 114 ) аз рӯи 16 ихтисос таҳсил намуда истодаанд, ки аз онҳо 101 нафарашон магистрантони курси якум ва 104 нафарашон магистрантони курси 2-юм мебошанд.
Ҷои қайд аст, ки таҳсил дар бахши магистратураи донишгоҳ тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Хатмкардагони зинаи
бакалавриат дар он сурат тариқи буҷавӣ қабул мегарданд, ки соҳиби дипломи аъло гардидаанд ва аз сӯҳбат (ва ё имтиҳони қабул барои довталабоне, ки самти ихтисосашонро тағйир медиҳанд) бо муваффақият мегузаранд.
Таҳсил дар магистратура тариқи шартномавӣ ва буҷавӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳиссаи магистратура дар тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар ДДК ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сол то сол меафзояд.
Ногуфта намонад, ки магистрантони Донишгоҳ дар олимпиадаҳои фаннӣ ва озмунҳои ихтирокорони ҷавон дар Ҷумҳури иштирок карда сазовори ҷойҳои намоён мегарданд. Масалан: магистранти курси 2-юми факултаи физика ва математика Умедаи Талаб  барои иштироки фаъолона дар як қатор олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили давраи ҷумҳуриявии «Фестивали донишҷӯёни навовар ва ихтироъкори муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» бахшида ба истиқболи Наврӯз байналмилалӣ дар соли 2017 ва ғолиби ҷойи дуюм, ба ифтихори  гардидан, сазовори дипломи дараҷаи дуюм гардид.-солагии Истиқлолияти ҶТ барои иштирок дар лаурети озмуни телевизионии навоварону ихтироъкорони ҷавон- «Бозёфт»  гирандаи дипломи дараҷаи дуюм, ҳамчунин диплом барои иштирок варзидан дар озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»  ва гайра сарфароз гардидааст.
Дар робита ба чунин магистарнтони фаъол, магистрони донишгох Сулаймони А., дорандаи якчанд ифтихорномахову дипломхои ВМИҶТ аз кабили  «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва чавон», «Лоиҳаи беҳтарини инноватсионӣ дар истифодаи техника ва технологияи навин дар раванди таълим» ва ғ., ки шуморашон ба раванди ҷараёни таълим баҳои мусбат медиҳанд, басо созгор ва арзанда аст.
Ҳамчунин магистрнати курси дуюми факултаи химия биология ва география, шуъбаи химия Сайфуддинов Фирӯз, дар як катор чорабинихо, озмунҳо, баромад намуда, бо лоиҳаҳои пурмазмун ва дақиқи худ, ки риштаи навоарӣ ва ихтироъкорӣ, пешниҳоди лоихаҳои хуб дар илми тиб, ки дороандаи беш аз  15 диплом, якчанд ифтихорномаҳои АИҶТ, ВМИҶТ, маркази мили патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТмебошад.

     Қабул ба магистратураи Донишгоҳи давлатии  Кӯлоб дар шуъбаи рӯзона  аз рӯи ихтисосҳои зерин роҳандозӣ шудааст:

1-02-04-02-География
1-02-05-05  Информатика
1-02-03-01-Забон ва адабиёти тоҷик
1-0-03-02-Забон ва адабиёти рус
1-02-03-06- Забони хориҷӣ (англисӣ)
1-02-01-01- Таърих
1-02-06-02-Технология (аз рӯи самтҳо)
1-01-02-01-Таҳсилоти ибтидоӣ
1-01-02-02-Таҳсилоти ибтидоӣ, ихтисоси иловагӣ
1-26-02-03- Маркетинг
1-25-01-07-Иқтисодиёт ва идора дар корхона
1-23-01-01- Муносибатхои байналмиллалӣ
1-03-02-01-Тарбияи ҷисмонӣ
1-23-03-08- Рузноманигорӣ
1-31-02-01-02-03-Географияи сайёҳи ва менечменти саёхат
1-31-03-03-02-Математикаи амалӣ
1-02-05-01-Физика
1-02-04-06-Химия
1-31-01-01-Биология
1-25-01-08-03-Баҳисобгирии бухгалтерӣ, тахлил ва аудит дар муассисахои бучетӣва илмӣ

Мӯҳлати таҳсил дар магистратура   (тибқи низоми кредитӣ): дар шуъбаи рӯзона – 2 сол

Талаботҳои қабул ба магистратура
1. Ба магистратура шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё худ мутахассис доранд, қабул карда мешаванд. Довталаб аз рӯи тахассуси интихоб намудааш кори хаттӣ (реферат) пешниҳод намуда, ба тариқи сӯҳбат аз озмун мегузарад. Барои шахсоне, ки дипломҳои онҳо ба равияи интихобнамудаашон мувофиқат намекунад, аз рӯи талаботи муайяннамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳсил дар магистратура имтиҳонҳои ҳатмӣ аз фанҳои тахасссусӣ муқаррар карда мешавад.
2. Агар дохилшавии довталаб ба магистратура, баъд аз ҳамон соли мактаби олиро хатм кардани ӯ мувофиқ ояд, ба сифати имтиҳони дохилшавӣ натиҷаи имтиҳони ҷамъбастии хатми муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ихтисос ба ҳисоб гирифта мешавад (ба шарте, ки баҳои имтиҳони ҷамъбастии ихтисос аз баҳои «хуб» паст набошад).
Агар дохилшавӣ ба магистратура пас аз як соли хатм сурат гирад, новобаста аз доштани дипломи аъло довталаб имтиҳон месупорад.
3. Аз рӯи натиҷаи сӯҳбат ва супоридани имтиҳони дохилшавӣ  оиди қабул ба магистратура қарори мусбат ё манфӣ қабул карда мешавад.
4. Холи миёна аз рӯи замимаи дипломи таҳсилоти олӣ муқаррар карда мешавад.
5. Барои қабул ба магистратура довталабон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
- аризаи шахсӣ ба номи ректор бо нишон додани равияи магистратура ва ихтисоси он;
-дипломи таҳсилоти олии касбӣ ва замимаи он;
-тавсияномаи комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои дохилшавӣ ба магистратура;
-маълумотномаи тиббӣ (шакли 086/У);
-6 адад  акс (андозаи 3х4);
-шиноснома (нусха);
-билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
-тавсифнома (аз донишгоҳ ё ҷои кор);
дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пешрафти корҳои илмӣ, таълимию методӣ, донистани забонҳои хориҷӣ, малакаи кор бо компютер, нусхаи мақолаҳои илмӣ ва ғайра.

Суроға: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ,ошёнаи 3-юми бинои №, раёсати таълим, бахши магистратура.
Телефон: 985-68-10-26