KGU

Озмунҳои рӯзномаи "Анвори дониш"

ДИҚҚАТ! ОЗМУН

Рӯзномаи "Анвори дониш" ба хотири ташаббуси муҳими Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор2018-2028" ва ҳавасманд намудани омӯзгорону донишҷӯён аз 01.01.2017 то 20.06.2017 озмуни "Мақолаи беҳтарин" дар мавзӯи "Об яке аз чор унсури ҳаёт" эълон мекунад.

Ҳамчунон ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш гуфта буд: "Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад".

Рӯзномаи"Анвори дониш" ба ин мақсад озмун эълон мекунад ва барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ, диплом ва маблағҳои зерин пешниҳод менамояд:

Ҷойи1-ум: 500 сомонӣ;
Ҷойи2-юм: 300 сомонӣ;
Ҷойи3-юм: 200 сомонӣ.
______________________________________________________________________________________________________________________________

Рӯзномаи"Анвори дониш" ба хотири ибрози андешаи солим, ташвиқу тарғиби ватандӯстиву ифтихори миллӣ, соли2017 эълон гардидани "Соли ҷавонон", дарёфти чеҳраҳои нав ва ҳавасманд намудани омӯзгорону донишҷӯён аз 01.01.2017 то20.06.2017 озмуни"Мақо-лаи беҳтарин" дар мавзӯи "Ҷавонон-ояндасози миллат" эълон мекунад.
Ҳамчунон ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолааш гуфта буд:
"Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчам-бардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Соли ҷавонон эълон карда шавад".
Рӯзномаи"Анвори дониш" ба ин мақсад озмун эълон мекунад ва барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ, диплом ва маблағҳои зерин пешниҳод менамояд:

Ҷойи1-ум: 500 сомонӣ;
Ҷойи2-юм: 300 сомонӣ;
Ҷойи3-юм: 200 сомонӣ.
______________________________________________________________________________________________________________________________

Рӯзномаи"Анвори дониш" ба хотири ибрози андешаи солим, ташвиқу тарғиби ватандӯстиву ифтихори миллӣ 20-солагии Ваҳдати милӣ, дарёфти чеҳраҳои нав ва ҳавасманд намудани омӯзгорону донишҷӯён аз 01.01.2017 то 20.06.2017 озмуни "Мақолаи беҳтарин" дар мавзӯи "Ваҳдат-бақои миллат"  эълон мекунад.
Барои ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ, диплом ва маблағҳои зерин пешниҳод мегардад:

Ҷойи1-ум: 500 сомонӣ;
Ҷойи2-юм: 300 сомонӣ;
Ҷойи3-юм: 200 сомонӣ.
Дар озмунҳои иштирок намоед! Мақолаҳои хонданбоб нависед ва ғолиби озмун шавед!

Ҳайати рӯзномаи"Анвори дониш"
_____________________________________________________________________________________________________________________________________

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16,
Телефони корӣ: (+992 8 33 22) 3 31 15
E-mail: mail.ru