, Сешанбе, 16-апрел

29.webp

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Тарҷумаи ҳол     Хабарҳо    Паёмҳо   Фармонҳо

31.webp

Сардафтари адабиёти муосири тоҷик

Садриддин Айнӣ

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

32.webp

Муаллифи китоби "Тоҷикон"

академик Бобоҷон Ғафуров

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

33.webp

Шоири халқии Тоҷикистон

Мирзо Турсунзода

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

34.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Нусратулло Махсум

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

35.webp

Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ

Шириншоҳ Шоҳтемур

ҚАҲРАМОНИ ТОҶИКИСТОН

Илм ва инноватсия НАТИҶАГИРИИ ҲАМОИШҲОИ ИЛМИИ “ҲАФТАИ ИЛМ” БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲ

НАТИҶАГИРИИ ҲАМОИШҲОИ ИЛМИИ “ҲАФТАИ ИЛМ” БАХШИДА БА РӮЗИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ДОНИШГОҲТавре қаблан иттилоъ дода будаем, ба муносибати ин рӯйдоди фараҳбахш ва маърифатафзо, яъне «Рӯзи илми тоҷик 15-уми апрел» дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз 8 то 13-уми апрели соли 2024 “Ҳафтаи илм” эълон гардида буд ва дар доираи нақшаи баргузории маҳфилҳои илмӣ давоми ҳафтаи мазкур дар донишгоҳ конференсияи илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён бахшида ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» (солҳои 2020-2040) ва соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар 10 факултет ва 37 бахш баргузор карда шуд, ки дар он маҷмуан беш аз 1000 мақолаи олимону профессорон, устодону омӯзгорон, магистрантону докторантони PhD ва донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасиву хулосабарориҳо қарор дода шуд, ки фишурдаи онҳо дар маҷмӯаи маводи конфронс рӯйи чоп хоҳанд омад.

Муфассалтар

Маҳфилҳо БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАДОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “ШОҲНОМАДОН”Имрӯз (15.04.2024) дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи  Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии «Шоҳномадон» баргузор гардид. Дар маҳфил декани факултети филологияи тоҷик ва журналистика, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Зулфиев Гадомад, роҳбари маҳфил, доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи адабиёти тоҷик Ашурова Нодира ва аъзоёни маҳфил иштирок доштанд.

Муфассалтар

Мақолаҳо САБАБУ ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢ

САБАБУ ОМИЛҲОИ ШОМИЛШАВИИ ҶАВОНОН БА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ЭКСТРЕМИСТӢДар ҷомеаи муосир ифротгароӣ ва пайравӣ ба ақоиди мазкур то рафт  авҷ гирифта, ба як масъалаи тезу тунд табдил ёфта истодааст, ки бартараф намудани омилҳои мусоидаткунандаи он диққати бетаъхирро талаб мекунад. Дар миёни ҷомеаи башарӣ, ҷавонон, бешубҳа, яке аз гурӯҳҳои осебпазир ба радикализатсия ва қабули ақидаҳои ифротӣ мебошанд. Яке аз сабабҳои асосии гаравидан ба ин падидаи нафратовар паст будани сатҳи дониш ва дарки нокифояи иттилоот мебошад.

Муфассалтар

Президент ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР

ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТРҲамватанони азиз! Шоми имрӯз моҳи мубораки Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад. Ба муносибати ин ойини мубораки диниву эътиқодӣ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям. Дар моҳи мубораки Рамазон ва айёми иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.

Муфассалтар

Илм ва инноватсия ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ

ОҒОЗИ "ҲАФТАИ ИЛМ" ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБДар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани Рӯзи илми тоҷик аз санаи 08.04.2024 то 13.04.2024 "Ҳафтаи илм" эълон шуда, дар он баргузории маҳфилу конференсияҳои илмӣ дар назар дошта мешавад. Дар ин робита имрӯз (08.04.2024) дар донишгоҳ конфронси илмӣ-назариявии ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён оид ба натиҷагирии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 ба муносибати Рӯзи илми тоҷик ва ҳамчунин ба эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” (солҳои 2020-2040) ва соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” баргузор гардид.

Муфассалтар

Таълим БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОД

БАРГУЗОРИИ  ДАРСИ КУШОДСанаи 6-уми апрели соли 2024 дар факултети филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз ҷониби ассистенти  кафедраи журналистика Абдуллоева Шабнам дарси кушод дар мавзуи “Жанрҳои иттилоотӣ дар ВАО” дар гурӯҳи таълимии 204-и ихтисоси рӯзноманигорӣ баргузор гардид.

Муфассалтар

Илм ва инноватсия БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”

БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ “ТОҶИКИСТОН – ВАТАНИ АЗИЗИ МАН”Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-ватани азизи ман” таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ, ба роҳ монда шудааст. Дар ин баробар санаи 05.04.2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» баргузор гардид.

Муфассалтар

Маҳфилҳо БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ “МАТЕМАТИКОНИ ҶАВОН”Санаи 5 апрели соли 2024  дар факултети физика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳфили навбатии “Математикони ҷавон”-и назди кафедраи таҳлили математикӣ ва назарияи функсияҳо баргузор гардид.

Муфассалтар
  • Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ»

    Мақолаҳо то 5-уми апрели соли 2024 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми 3-5 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ бошад, қабул карда мешаванд.

  • Конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ

    Мақолаҳо то 5-уми апрели соли 2024 ба Кумитаи тадорукот дар ҳаҷми 3-5 саҳифа дар шакли электронӣ, ки мазмуни он ба масъалаҳои баррасишавандаи конференсия мувофиқ бошад, қабул карда мешаванд.

  • ЭЪЛОН!

    Ба таваҷҷӯҳи омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ расонида мешавад, ки барои дарёфти “ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ” шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки мусобиқаи бозии “ВОЛЕЙБОЛ”- ро миёни омӯзгорони факултетҳои донишгоҳ баргузор намояд.

  • ЭЪЛОН!

    Маркази таълимӣ-машваратии “Дурахшон”-и Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хоҳишмандонро барои омӯзиши забонҳои хориҷи русӣ, англисӣ, хитойӣ ва олмонӣ даъват менамояд!

  • ЭЪЛОН!

    Унверсиадаи патентии авруосиёгӣ таҳти унвони “Нигоҳ ба сӯи оянда” (Взгляд в будущее). Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳои довталабон то 1 октябри соли 2023 муайян шудааст.


Эълони чорабиниҳои донишгоҳ

Апрел

16

17

18

19

20

21

22

23

24

25

26

27

28

29

*/