KGU

Новости

  • 14.11.2019

Хабари Маркази матбуоти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Чӣ тавре, ки пештар хабар дода шуда буд, бо ҳалномаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон», манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шудааст.
Ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф карда шуда, фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
Ҳамчунин бо ҳалномаи мазкур сомонаҳои интернетии «Nahzat.org», «Vostoknews.org», «Kimya Saadat» ,«Isloh.net», «Ozodandishon.org», «Zindoniyon. com», «Payom.net», «Tojik islom.ucoz.ru», «salafyink.com», «tajreform.org», «hawzah.net», «salafimasjid.com», «islamhouse. com/ru/», «hizb-russia.info», «sunna-portal.com», «toislam.ws», «mowahed.com», «tevhiddersleri.tv»,  «whyislam. com», «muhajeer. com», «abumuhammaddagestani.wordpreess.com», «new. sadaislam. com», «Группа24» ttps://www.facebook. com/grou Ds/ 1739568342 923996A.«ПАЁМИMAPflyM»(https://www.facebook. com/ groups / l 1019930964    88697/), «Хабарҳоиn^M»fhttps://www.facebook.com/profile.php?id~100012780767765), «Бги Дега» (https://www. facebook.com/Bm-4era-3738158 50025587), «Radio Payom» (https ://voutube. com/channel/ UCvobZlG2 CmxvEkwYlXHY OvO). «Паймони Миллии Тоҷикистон» (https://www. voutube. com/ channel/UCiUldein02WcF1149h-m VA), «Payomi Mardum» (https: //www .youtube. com/channel/ U С v obZ 1 G2CMxy Ekw Y1XH Y OvQ),«Паймони Миллии Тоҷикистон» (https:// www. faceb00k. C0m/ naftM0roi – MKAHH - T04HKHCT0H - 596956310802091/). «Группа-24» (https://www. youtube. com/ channel/ Ucm CWlaokpZVoCrvi80UvIuA), «HAQTJ» (https:// www.youtube. com/channel/UCsWkRTYoK tENMHbelkgwGcO). «ПАЁМ tv» (https://www. youtube. com/ channel/ UCO qafr VhGQV pv8SsIu_wcxw), «POLITIK TJ» (https: //www. voutube.com/ channel/UCf9pX DJUFHotTGkMm80Jlw), «Ҳизби Наҳзати Ислом» (https://www.voutube.com/channel/  UCKvg Qh01VBbx Woito6xP Kg), «ГРУППА 24 LIVE» (https://www.voutube. com/channel/UC3iz3J495UOoSa Vg Bw GC 09 w), «Группа 24 Общественное политические движения» (https://www. facebook. com/ groups/guruhi24/), «Group-24» (https://www.facebook. com/ group 24net/) ва «Паёми Мардум» (https://www.facebook. com/pavomimardumA, ки ба ташкилотҳои террористӣ-экстремистии «Паймони миллии Тоҷикистон», «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ва дигар ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ хизмат мекунанд, баста шудааст.

Бахши иттилооти Суди Олӣ

АВРУПО: Хонаи озодӣ ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!!
  • 15.10.2019

АВРУПО: Хонаи озодӣ ё паноҳгоҳи ҷинояткорон?!!

Ҳафтаи сипаришуда, бо тасмимоти Созмони аҳдномаи ҳамкорӣ дар Аврупо ё ба истилоҳ САҲА  дар шаҳри Варшава нишасти анъанавӣ, ки ҳамасола вобаста ба вазъи демократия, озодии баён, аҳзоби сиёсӣ ва дар маҷмўъ перомуни раванди рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварҳо баргузор мешавад анҷом ёфт.

Дар ин нишаст дар баробари кишварҳои дигар аз ҷониби Тоҷикистон низ ашхоси расмию ҳолдон, мутахассисони таҷрибадида ва муассисони созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуда, аз раванди фаъолияти созмону ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ маълумот пешниҳод намуданд.  

Моҳиятан ин нишасти таоруфӣ барои иддае аз иштирокдорон муаррифии амалкарди кишварашон, вазъи фаъолияташон дар кишвари иқомат дар як соли сипаришуда ва дурнамои фаъолияташон дар солҳои оянда бошад, аммо барои иддаи дигар ин навъ ҳамоишот минбари ҳисобот додан бар моликону сармоягузорони худ ва мақдони ҳузуру намоиши худ дар ҷомеа мебошад.

Аслан афроде, ки аз нишасту ҳамоишоти САҲА ба ҳақси минбари намоишии худ истифода менамоянд, гурўҳу нафароне мебошанд, ки дар кишварҳои дигар бо ҷурмҳои гуногун, аз қабили таҷовус ба номус, хиёнат ба Ватан, қочоқи маводи мухаддир, қатлу куштори инсонҳо ва ё бо ҷурми фасади молӣ муттаҳам мешаванд, вале бо дастгирии доираҳои манфиатдор фаъолиятҳои худро ҷанбаи сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳизбӣ ва гуманитарӣ бахшида, дар ин ё он кишвар ва аксаран дар давлатҳои аврупоӣ паноҳгоҳ мегиранд ва дар як сол як маротиба дар ин навъ нишастҳо иштироки густарда намуда, шахси худро ҳамчун ҷабрдида нишон медиҳанд. Ва аксаран талош мекунанд, ки дар ин чанд рўз аз худ «фаъоли сиёсӣ», «пешвои динӣ», «роҳбари ҳизбӣ», «адвакат», «рўзноманигор», «нависанда», «шореҳ» ва чандин тахассуси дигар бисозанд ва худро ҳамчун опозитсия муаррифӣ созанд.

Агар ҳамоиши мазкурро аз диди таҳлил масъалагузорӣ намоем суолҳое пақдо мешаванд, ки посух пақдо намудан ба онҳо лозим ва ҳатмӣ мешавад, ки яке аз онҳо ин аст: Барои кишварҳои аврупоӣ чӣ лозим аст, ки ҷинояткоронро дар кишвари худ паноҳгоҳ бидиҳанд, онҳоро сарпарастӣ намоянд ва аз онҳо ҳимоят намоянд? Таҳлилгарон бар ин бовар ҳастанд, ки аз нигоҳи нишондодҳои таърихӣ кишварҳои аврупоӣ ҷонибдорӣ намудан аз дуздону қаллобон, ҳаннотону садрўяҳо ва ҷинояткорони ашадиро як усули таърихии худ дар муносибатҳои давлатдорӣ ва сиёсатҳои фароминтақавӣ медонанд. Ва ин фирқаи ҷиноятпеша яке аз авлавитҳои онҳо дар сиёсатҳои минтақавияшон мебошад.

Ба бовари аврупоиҳо дуздону ҷинояткорон яке аз тоифае ҳастанд, ки баъд аз муаммову мушкилоти зиёд ва пақгириҳои қонунӣ аз пушташон дар зиндагӣ чизе ҷуз зинда мондан ва озод будан намехоҳанд. Ва ин фирқаи ҷиноятпеша бо баҳои зиндагии худ ба ҳама кор омода ҳастанд. Ҳатто агар ба қатли модари худ бошад. Зеро онҳо мадюн ҳастанд. Таърих ҳам собит намудааст, ки ин муносибат дар сиёсатҳои Наполеон, Мусаллинӣ ва Фитлер бараъло намоён буда, онҳо аз ҷинояткорон дастаҳои махсуси таблиѓотию ташвиқотӣ омода менамуданд. Масалан таъсис намудани «Фронти Туркистон» дар замони Гитлер, ки ҳадафи аслии он ба даст овардани афкори мардумони Осиёи Марказӣ дар набарди бузург маҳсуб мешуд.

Ин тарзи муносибат ҳоло дар сафи неруҳои ДОИШ дида мешавад, ки аз миёни афроди мутааллиқ ба кишварҳои Осиёи Миёна дастаи мусаллаҳи Хуросон бунёд шудааст.

Бо нигоҳдоштани афроди ҷиноятпешае, ки дар Тоҷикистон бо ҷурмҳои сангин ва ҳатто терроризм мутаҳам мешаванд фарз меравад, ки Аврупо дар садади барангехтани ҷангу низоъ дар Тоҷикистон мебошад. Зеро ҷонибдорӣ аз ҷиноятпеша, баробар ба ҷиноят аст, ки имрўз аврупоиҳо бо пуштибонӣ аз ҷинояткорони фирорӣ худро дар сафи ҷинояткорон қарор додаанд.  



Аслиддин Шарипов, рӯзноманигор

Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов - дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон
  • 03.10.2019

Раҳмон, Оқохони IV ва Нурмуҳаммадов - дар феҳристи бонуфузтарин мусалмонони ҷаҳон

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Пешвои исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV ва қаҳрамони муҳорибаҳои омехта Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳристи 500 мусулмони бонуфузтарини олам ворид шуданд

ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ба рӯйхати 500 мусулмони таъсиргузори олам (The Muslim 500) шомил шуд.

Феҳристи навбатии The Muslim 500-2019-ро Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон тартиб додааст.

Муаллифони раддабандӣ Эмомалӣ Раҳмонро муаррифӣ намуда, навиштаанд, ки ӯ аз соли 1994 Президенти Тоҷикистон буда, тавофи Каъба намуда, насабашро аз Раҳмонов ба Раҳмон табдил додааст.

Ба панҷогонаи беҳтарин Президенти Туркия Реҷеп Тайип Эрдуғон, Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибни Абдулазиз, Подшоҳи Урдун Абдуллоҳи II ибни ал-Ҳусейн, сарварони Туркманистон ва Чеченистон — Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ва Рамазон Қодиров, муфтии Узбакистон Усмон Алимов ҳам шомиланд.

Инчунин ба қаҳрамони кунунии UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов ва мусиқинавоз, овозхон ва оҳангсози машҳури муқими Британия Самӣ Юсуф муяссар шуд, ки ба ин рӯйхат шомил шаванд.

Тибқи ин пажуҳиш, нуфузу эътибори Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиён, дар ҷаҳон афзоиш ёфта, дар феҳрасти ҷадид дар мақоми 36-ум қарор гирифтааст. Қаблан Оқохони IV дар мақоми 40-ум қарор дошт.

Дар рӯйхати The Muslim 500 раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода низ шомил аст.

Дар ин рӯйхат яке аз олимони пешсафи ислом дар замони мо, коршиноси соҳаи фиқҳи исломӣ, иқтисод, илми ҳадис ва тасаввуф Шайх Муҳаммад Тақӣ Усмонӣ пешсаф аст.

Пас аз ӯ фаъоли мазҳабӣ ва роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ қарор дорад. То имрӯз ӯ тавонистааст, ки дар бораи мавзӯъҳои мухталиф доир ба ислом корҳои зиёдеро анҷом диҳад ва муаллифи беш аз шаст китоб мебошад.

Мавриди зикр аст, ки раддабандии The Muslim 500 тайи нуҳ сол боз ҳамасола аз ҷониби Маркази шоҳигарии тадқиқоти стратегии исломии Уммон бо дастгирии Маркази ҳамдигарфаҳмии мусалмонону масеҳиёни Ҷорҷтаун тартиб дода мешавад.


Read more: https://sputnik-tj.com/world/20191003/1029970161/Rahmon-Oqokhon-IV-va-Nurmuhammadov-TheMuslim500-2019.html

Ғамхори мардум он аст, ки обод мекунад!
  • 30.09.2019

Ғамхори мардум он аст, ки обод мекунад!

Дар бештари расонаҳои хабари Конфронси САҲА дар Варшаваро пайгири намуда аз он хабару гузоришҳо омода мешавад. Дар ин Конфрос киҳо иштирок доранд онҳое, ки мақсади ташкили ҷангу ҷидол дар Тоҷикистонро доранд. Агар онҳо хайрхоҳ бошанд ё дастгири халқу миллати хеш бошанд барои мардумашон ягон иқдоми хайреро роҳандозӣ менамоянд. Вале онҳо кистанд ҳамон нафароне мебошанд, ки танҳо зери маслиҳати хоҷагони хориҷи кор мекунанд. 

Тоҷикистон дар давраи рушд аст мо агар ба 5 соли гузашта қиёс кунем бештари корҳои иҷрошудаеро мебинем, ки онро танҳо дар кинофилм медидему халос. Имрӯз барои фароғат ва зисту зиндагии шаҳрвандони мо шароитҳо рӯз аз рӯз беҳтар гардида истодааст. Замоне буд, ки мо ба тариқи нақлиётҳои УАЗ, РАФИК дар нишастгоҳҳои чуби нишаста ба дарс мерафтем. имрӯзҳо баъзан мусофирон дар нақлиётҳое, ки рангашон хирра аст наменишинанд. Ҳама кучаву канорҳо пур аз нақлиётҳои муосири мусофиркашонӣ гардидааст. Боз барои мо чи лозим. 

Дар соҳаи сохтмон имрӯз бунёди роҳу пулҳо ҷараён доранд. Дар тамоми гушаву канори кишвар бунёди роххои наклиёти васеъ гардида истодааст. Ин як пешравии давлати азизи мо мебошад. 

Аз ин лиҳоз дар хотима гуфтани ҳастам, ки мардуми кишвари мо ба сафсатаҳои ин душманон бовар намекунанд чунки боре оташи ҷангро дида буданд ва ин гуруҳбозиҳое, ки дар хориҷи кишвар рафта истодааст онҳоро мо душман меҳисобем. 

Раҷабов С-сокини шаҳраки Ҳулбук