ДУШАНБЕ, 12.12.2023 /АМИТ «Ховар»/. 12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот роҳбарон натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои кории топографӣ ва ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2023 баррасӣ намуда, доир ба пурзӯр намудани корҳо оид ба анҷом додани таъйини хати гузаргоҳи лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар қитъаҳои боқимонда супоришҳои мушаххас доданд.
Мулоқот дар фазои дӯстона ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид