KGU

Шуъбаи тайёрӣ

                                                            Маълумоти умумӣ

      Шуъбаи тайёрии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мувофиқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15.09.2014 таҳти №05/5-257 таъсис дода шудааст.

      Дар шӯъба 1-нафар фаъолият дошта дарсҳо мунтазам аз руи кластерҳои Маркази миллии тестӣ бароҳ монда шудааст. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳо омӯзгорони донишманд ва ботаҷриба фаро гирифта шуда ба шунавандагон дарс мегӯянд. Ҳамзамон бояд қайд кард, ки дар шӯъба аз рӯи 10 фан омӯзгорон дарс меомӯзонанд.

- Забони тоҷикӣ
- Забон ва адабиёти тоҷик
- Математика
- Таърих ва ҳуқуқ
- Физика
- Химия
- Биология
- География
- Забони хориҷӣ (англисӣ )

     Дар шӯъбаи тайёрии донишгоҳ ҳама гуна шароитҳо ҷиҳати омӯхтани дарсҳо фароҳам аст. Таҳсил шартномавӣ буда хоҳишмандон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро супоранд.

Ҳуҷҷатҳо барои қабули довталабон ба шӯъба тайёрии донишгоҳ:

- Нусхаи шиноснома ё шаҳодатнома
- Чеки маблағи супоридашуда дар Амонатбонк
- Бастани шартномаи тарафайн