Мудири шуъбаи умумӣ
Вазифаҳои хизматӣ: Ба вазифаи мудири шуъбаи умумӣ номзади илм ва корманде, ки 3 соли охир дар ҳамин Донишгоҳ кору фаъолият кардааст, бо фармони Ректори Донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
1. Ба рох мондан ва такмил додани коргузорӣ дар шуъба;
2. Ташкили дурусти ҳисоб ва бақайдгирии мактубҳо;
3. Назорати иҷрои саривақтии ҳуҷҷатхо ва фармоишҳои ташкилоти болоӣ, фармонҳои роҳбарияти донишгоҳ ва аризаю пешниҳодҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон;
4. Ташкил ва ба рох мондани тарзи дурусти ҳуҷҷатнигорӣ ва нигохдории ҳуҷҷатҳои муҳлатҳои истифодабариашон ба итмомрасида;
5. Шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилро мудир роҳбарӣ мекунад. Мудири шуъбаи таъмини ҳуҷҷатхо, назорати дохилӣ аз тарафи ректори донишгох ба вазифа таъин ва озод карда мешавад.
6. Ташкил ва зери назорат гирифтани масъалахое, ки пурра ҳаллу фасл шудаанд ва муҳлати иҷроишашон ба итмом расидааства пешниҳоди маълумотнома ба ректори донишгоҳ оид ба воридот ва содироти мактубҳо;
Мудири шуъба ҳуқуқ дорад:
- масъалахои коргузориро ба рох монда, иҷрои ҳуҷҷатҳоро назорат намояд;
- аз дигар шуъбаҳои сохторӣ оид ба иҷрои ҳуҷҷатҳо. пешниҳоду аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандон ҳисобот талаб намояд.
Ӯҳдадориҳои мудири шуъба:
- қабулу ирсоли ҳуҷҷатҳо ва мактубҳо:
- ба қайдгирии саривақтӣ, ҳисобу ҷобаҷогузорӣ ва ба рохбарияти Донишгоҳ пешниҳод намудани ҳуҷҷату аризаҳои донишҷӯён, омӯзгорон, кормандон ва шаҳрвандон, назорати доимӣ аз болои иҷрои онҳо:
- бо фармону дастурҳо шинос намудани кормандони донишгоҳ;
- ба роҳбарият пешниҳод намудани маълумот оид ба коргузорӣ ва назорат аз болои иҷрои он:
- кумаки методӣоид ба тарзи коргузорӣ дар сохторҳои дигари донишгоҳ;
- пешниходи мушаххас оид ба такмили ҳуҷҷатнигорӣ, ворид сохтан ва истифода бурдани технологияи нав дар шуъба;
- такмили ихтисос, таҳияи дастурҳо оид ба вазифахои хидматии кормандони шуъбаи таъмини ҳуҷҷатхо, назорати дохилӣ.
Эзоҳ: иҷрои пурра ин ё он масъаларо иҷрокунандаи супориш дар мувофиқа ба мудири шуъбаи таъмини ҳуҷҷатҳо, назорати дохилӣ ба ректори донишгох пешниход менамояд. Дар мавриди ҳалли масъала бо супориши ректор масъала аз назорат гирифта шуда, ба бойгонӣ супорида мешавад.
Бояд донад: қоидаҳои асосии ҳуҷҷатгузорӣ, дастурамалҳо доир ба ҳуҷҷатгузорӣ, сохтори донишгох.
Талаботи тахассусӣ: маълумоти олӣ, собиқаи корӣ дар сохторҳои донишгоҳ, курси махсуси компютерӣ.
Мутахассис
- вазифаҳои техникиро доир ба таъмини кори пурмаҳсули ректори донишгоҳ ичро менамояд:
- бо компютер ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ карда ба шуъбахои дахлдор мерасонад;
- ҳуҷҷатҳоро ҷобаҷо карда ба бойгонии донишгоҳ месупорад:
- ҳуччатҳои доимо истифодабарандаи шуъбаро дар бойгонии ҷорӣ ба танзим дароварда, амнияти онҳоро ҳифз менамояд:
Бояд донад: қоидаи ҳуччатгузории донишгоҳро пурра донад.
Талаботи тахассусй: маълумоти олӣ, собикаи корӣ дар вазифахои дигар доир ба кори ҳуҷҷатгузорӣ, курси махсуси компютерӣ.
Хаткашон
- ҳуҷҷатҳои лозимиро сари вакт ба суроғаҳои лозимӣ расонад;
- аз шуъбаи алоқа мактубҳои арзишнокро бо имзо гирифта метавонад:
- мактубҳои содиротиро ба қайдгирифта, ба шуъбаи алока мефиристонад:
- ҳуҷҷатҳои лозимиро ба мутахассисҳои дахлдори болоӣ расонад:
- мактубҳои ба донишгоҳ воридшударо ба танзим дароварда, онҳоро ба шуъбаҳои дахлдор сари вақт расонад:
Ҳоло дар шуъбаи умумӣ 3 нафар корманд кор ва фаъолият доранд:
1. Мудири шуъба Ташрифова Мавлуда Раҳматихудоевна ,
2. Ҳуҷҷатгузор Одинаева Давлатбӣ Ҳабибовна
3. Хаткашон Сиҷоатова Адолат Зикриёевна
Душанбе аз 08:00 то 17:00
Сешанбе аз 08:00 то 17:00
Чоршанбе аз 08:00 то 17:00
Панҷшанбе аз 08:00 то 17:00
Ҷумъа аз 08:00 то 17:00
Шанбе аз 08:00 то 14:00
Хуроки нисфирӯзӣ: аз 12:00 то 13:00
Рӯзи истироҳат: якшанбе