ХОБГОҲ
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои як хобгоҳи донишҷӯён буда аз 66 ҳуҷраи истиқоматӣ ва 330 ҷойи хоб иборат мебошад.
Донишҷӯёне, ки дар хобгоҳ истиқомат мекунанд аз 10 факултет: филологияи тоҷик ва журналистика, филологияи рус, филологияи хориҷӣ, омӯзгори, физика ва математика, химия биология ва география, таърих ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалли, тарбияи ҷисмонӣ ва омодаги дифои ҳарбӣ ва молиявию иқтисодӣ иборат мебошанд.
Бо мақсади ба танзим даровардани тартибу интизом, пешгирӣ намудани ҳаргуна амалҳои номатлуб ва ношоиста дар бинои хобгоҳи донишҷӯён аз ҳисоби шӯъбаи тарбия як намоянда, муррабии хобгоҳ Назарова Матлуба кору фаъолият менамояд, ки мунтазам аз ҳолу аҳволи донишҷӯён бохабар мебошанд.
Аз рӯи Нақшаи шуъба оид ба кор вобаста ба хобгоҳ дар давоми соли таҳсили 2017-2018 дар байни истиқоматкунандагон озмунҳои гуногун, ба монанди: «Ошёнаи беҳтарин», «Хонаи беҳтарин» ташкил ва гузаронида мешавад.
Мувофиқи нақшаи кории тасдиқгардида аз ҷониби Созмони ҷавонони донишгоҳ дар хобгоҳ Шӯрои донишҷӯён таъсис дода шудааст. Дар хобгоҳ ҳамарӯза маҳфилҳои илмӣ- назариявии таъсис дода шуд, ки мизи мудавар дар мавзӯҳои Ҷавонон пайрави Пешвои миллат, Зан ва мавқеи он дар ҷомеъа, Телефони мобили ва таъсири он ба ҷавоно инчунини шоми саволу ҷавоб зери унвони “Маҳфили Ҳамадон “ фаъолият мекунад, ки ғолибони маҳфилҳо аз тарафи Иттифоқи касабаи донишҷӯён қадрдони карда мешаванд.
Бо назардошти муфид гузаронидани лаҳзаҳои фароғатӣ ва донишандозӣ, инчунин ташкили тарзи ҳаёти солими донишҷӯёни хобгоҳ дар ошёнаи якуми хобгоҳ қироатхонае бо 12-адад компютер гузошта шудааст, ки донишҷӯён аз соати 1800 то соати 2100 дарсҳояшонро омода менамоянд.
Хобгоҳ бо шабакаи интернети Wi-Fi пайваст мебошад, ки донишҷӯён сари вақт маводҳои илмию-таълимӣ худро дастрас менамоянд. Бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва ба танзим даровардани тартибу интизом ва пешгири намудани ҳаргуна зуҳуротҳои номатлуб дар хобгоҳ аз оғози соли таҳсил аз тарафи кормандони шуъбаи тарбия ва намояндагони садорати факултетҳо мунтазам санҷишҳо гузаронида мешавад.
Дар ҳар як ошёнаи хобгоҳ аз ҳисоби донишҷӯёни фаъол сардорони ошёна интихоб гардидааст, ки ҳар шабона пеш аз соати оромӣ донишҷӯёнро ҳозир-ғоиб менамоянд, тозагӣ ва оромиро дар ошёнаҳо таҳти назорат мегиранд.