Маркази истеъдодҳои ҷавон озмунеро таҳти унвони «Бикуш то доно шавӣ» байни факултетҳои донишгоҳ баргузор гардонид. Мақсади асосии озмун пеш аз ҳама дастгирии ҷавонони лаёқатманд, дарёфти чеҳраҳои нав, ҳар чӣ бештар ба китобхонию илмомӯзӣ ҷалб намудани таваҷҷуҳи донишҷӯён, ба ин васила дарёфти беҳтарин гурӯҳ дар байни факултетҳои донишгоҳ мебошад. Озмуни мазкур аз се давр иборат аст. Аллакай даври якуми озмун ба анҷом расид. Руйхати гурӯҳи факултетҳое, ки ба даври дуюми озмун роҳ ёфтанд:
1. Факултети филологияи тоҷик;
2. Факултети филологияи хориҷӣ;
3. Факултети омӯзгорӣ;
4. Факултети физика ва математика;
5. Факултети таърих, ҳуқуқ ва муносибатҳои байналмилалӣ.
Мутаасифона, боқимонда факултетҳо бинобар сабаби холи паст гирифтанашон ба даври дуюм роҳ наёфтанд.
Баъди ба анҷом расидани даври аввали озмуни мазкур донишҷӯён фикру андешаҳои худро нисбат ба озмун ибрози андеша намуда, пеш аз ҳамма ба раёсати донишгоҳ барои ташкили чунин чорабиниҳои илмӣ миннатдорӣ намуданд. Баъдан маълум гардид, ки дар даври аввали озмун донишҷӯён ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд. Аз рӯзи аввали озмун то ба анҷом шумораи иштирокчиён то рафт зиёд мегардид, яъне озмуни мазкур боиси он гардид, ки диққати донишҷӯёнро то як андоза ба илм зиёдтар ҷалб намоем. Зеро рузи аввали кушодашавии озмун (05.12.2018) шумораи донишҷӯён наздики 25-30 нафарро дар бар мегирифт. Аммо рузи анҷоми даври аввали озмун, аниқтараш 19.12.2018 бошад, шумораи иштирокчиён наздики 60-70 нафарро дар бар мегирифт, ки мо ба факултетҳо барои иштирок мактуб равон намекардем, балки иштироки донишҷӯён ихтиёрӣ буд. Ҳатто барои ба саволҳо дуруст ҷавоб гардонидани як гурӯҳ, аз тарафи иштирокчиён кафкубиҳо беохир садо медод, ки ин руҳияи аъзоёни гурӯҳро дар ин самт боз ҳам баландтар мегардонид. Дар ҳақиқат озмун то рафт шадидтар мегузашт. Ҳар як озмуне, ки байни факултетҳо гузаронида мешуд, аз тарафи волонтёри марказ – Турахонов Умархон пурра наворбардорӣ гардида буд ва дар рузи ҷамбастӣ 19.12.2018 ба иштирокчиён ҷойҳои шавқовари озмун бо як шукуҳу шаҳомати хосса, дар доскаи электронӣ намоиш дода шуд ва иштирокчиён видеоролики дар рафти озмун омодашударо пурра тамошо кардаанд. Баъзе камбудиҳое, ки дар даври аввали озмун аз тарафи иштирокчён буд ва дар рафти намоиши видеоролик ба донишҷӯён фаҳмониданд. Онҳо бо як масъулияти баланд ваъда доданд, ки мо ин камбудиҳоро кушиш мекунем, ки дар даври дуюм пурра ислоҳ намоем. Дар охир оиди адабиётҳое, ки саволномаҳо аз он омода мешуд, дар тахтаи электронӣ нишон дода шуд. Ин ба хотирӣ ба китобхонӣ бештар руй овардани донишҷӯён буд.