KGU

Муовини ректор оид ба таълим

Муовини ректор оид ба таълим

Холиқзода Айниддин.jpg

Холиқзода Айниддин – муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, номзади илмҳои филология, дотсент, аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои иттифоқи журналистони Тоҷикистон, коршиноси байналмилалии дараҷаи III.
Холикзода Айниддин, 25.02.1985 дар деҳаи Теболайи ноҳияи Муъминобод, вилояти Хатлон, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст.
Аз 01.09.1991 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ба номи З. Абдуллоев-и ноҳияи Муъминобод рафта, онро соли 2002 бо баҳои хубу аъло хатм намудааст.
Инчунин аз 01.09.2003 ба факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб дохил шуда, онро соли 2008 бо баҳои хубу аъло ба итмом расонидааст. Бояд қайд намуд, ки дар давоми таҳсил карданаш дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб инчунин дар якчанд ташкилотҳои ғайридавлатӣ ба монанди “Oxfam”, “Red crosses” ва “Save the Children” – и дар шаҳри Кӯлоб буда, ба муддатҳои кӯтоҳ кор намудааст.
Соли таҳсили 2007-2008 аз тарафи Донишгоҳ ӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба гимназияи давлатии ноҳияи Мӯъминобод фиристоданд.
Баъди хатми донишгоҳ аз 01.09.2008 ба ҳайси ассистент ба факултети забонҳои хориҷӣ, кафедраи забони англисии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ба кор қабул гардида, дар донишгоҳи номбурда то 31.12.2009 фаъолият намуда, инчунин дар як вақт, дар литсейи тоҷикӣ-туркии шаҳри Кулоб ба ҳайси мураббӣ кор кардааст.
Аз 01.01.2010 ба ҳайси аспиранти шӯъбаи рӯзонаи кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабул гардида ва аз 19.09.2011 то 28.05.2012 аз тарафи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои давом додани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба Донишгоҳи давлатии Новосибирски Федератсияи Руссия фиристода шуд.
25-уми сентябри соли 2013 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи руси-тоҷикӣ (славянӣ) бо муваффақият дифоъ намуд.
Аз 01.09.2013 бо фармони ректори Донишгоҳи милли Тоҷикистон, профессор, Имомов М.С. дар кафедраи умумидонишгоҳии забони англисии ДМТ ӯро ба ҳайси ассистент ба кор қабул намуданд.
Аз феврали соли 2017 то январи 2020 дар вазифаи мудири бахши идоракунии сифтаи таҳсилоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият намуда, аз 27.01.2020 бо фармоиши Вазири маориф ва илми ҶТ то ин ҷониб дар вазифаи муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ кору фаъолият намуда, дар мавзӯъи «Субъектно-объектные отношения и категория залога в таджикском и английском языках» тадқиқоти рисолаи докторӣ бурда истодааст. 

Телефон: (+992 3322) 2-35-09
Е-mail: noib.talim@kgu.tj