KGU

Маркази таҳсилоти фосилавӣ

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВӢ

Маълумоти умумӣ

логотип-22.png   Маркази таҳсилоти фосилавӣ яке аз сохторҳои донишгоҳ ба ҳисоб рафта, раванди низоми фосилавиро, гурӯҳҳои фосилавии донишгоҳро идора мекунад. Маркази таҳсилоти фосилавӣ зинаи нави рушди ғоибонаи таҳсил буда, дар он истифодаи технологияҳои иттилоотӣ таъмин шудааст ва фарқияти он аз намуди ғоибонаи таҳсил дар он аст, ки қисми муҳими маводҳои таълимӣ, муносибат байни омӯзгор ва донишҷӯён (машварат бо воситаи почтаи электронӣ, семинарҳо дар режими оnline ва оfline) ба воситаи интернет азхуд мешаванд.

     Раванди таълим тариқи низоми фосилавӣ бо воситаи портали омӯзишӣ fosilavi.kgu.tj ба роҳ монда шудааст. Портали мазкур ба талаботи ягонаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ мебошад. Портал ҳам тариқи шабакаи умумиҷаҳонии Интернет ва ҳам тариқи шабакаи дохилии донишгоҳ 24 соат дар 1 шабонарӯз фаъолият мекунад. 

Маркази таҳсилоти фосилавӣ тарзи амалигардонии раванди таълим бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, ки таълимро дар масофаи дур бе иштироки шахсии омӯзгор ва дони

шҷӯён имконпазир мегардонад. Омӯзгорон  имкон доранд бо донишҷӯ тавассути системаи таҳсилоти фосилавӣ форум (рузҳои қабули оnline ва оfline) ташкил намоянд. Кори система шаффоф буда, тамоми маводҳои таълимиро ба донишҷӯён дастрас мебошанд. Донишҷӯён дар давоми як нимсола ду маротиба имконияти супоридани рейтингро тариқи оnline ва оfline доранд. Дар вақти  ворид шудан ба системаи таҳсилоти фосилавӣ донишҷӯ ба саҳифаи хеш ворид гардида, имкон дорад, ки маводҳои дарсиро аз худ намуда барои ҷавоб гардонидан ба супоришҳо омодагӣ пайдо мекунад.

Маркази таҳсилоти фосилавӣ ба донишҷӯён имкониятҳои зеринро фароҳам меоварад:

    1. алоқаи доимӣ бо устод, имконияти машварати фаврӣ дар хусуси саволҳои пайдошуда бо истифодаи воситаҳои телекоммуникатсионӣ (почтаи электронии дохила, skype ва ғайра)
    2. имконияти ташкили мубоҳиса, форумҳо, корҳои якҷоя бо гурӯҳ дар вакти омӯзиши курс ҳар лаҳза
    3. дастрасии маводҳои назариявӣ ва амалӣ дар шакли электронӣ (слайдҳо, презентатсияҳои овознок, видеофрагментҳои дарс)
    4. Истифода бурдани китобхонаи электронӣ
    5. Шинос шудан бо нақшаи шахсии таҳсил
    6. Муайян намудани бал аз рӯи фанҳо барои семестри ҳозира ва гузашта
    7. Системаи тестии таълимӣ
    8. Иваз намудани профили худ (ба монанди парол, расм ва баъзан маълумотҳои иловагӣ)
    9. Ҷадвали дарсӣ


Ҳайати кормандон

Сафаров.png

         Сафаров Мунир Ватанович
Сардори маркази таҳсилоти фосилавӣ  
          номзади илмҳои педагогӣ 



назиров 

   Назиров Исмоил 
      Мутахассис



Рӯйхати ихтисосхо

         Дар таҳсилоти ғоибона аз рӯи 18-ихтисос донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки ҳангоми ворид шудан  ба система тавассути интихоби логин ва пароли шахсӣ донишҷӯён ба саҳифаи хеш дохил мегардад ва имкони шиносоиро бо маълумоти зарурӣ пайдо мекунад.

1- 25 01 08 03 - Баҳисобгирии муҳосибӣ,таҳлил ва аудит дар муассисаҳои буҷавӣ - илмӣ
1- 25 01 07 - Иқтисодиёт ва идора дар корхона
1- 26020206 - Менеҷменти иҷтимоӣ
1-02 05 01 - Математика
1-02 05 05 - Информатика
1 - 03 02 02 00 -Тарбияи ҷисмонӣ бо ихтисоси иловагии омодагии дифои ҳарбӣ
1-030201 –Тарбияи ҷисмонӣ
1-01 02 02 00- Таҳсилоти ибтидоӣ. Забон ва адабиёти рус
1-01 02 01 – Таҳсилоти  ибтидоӣ
1-01 01 02 – Таҳсилоти томактабӣ
1-23 01 11 -03 – Китобхонашиносӣ ва китобшиносӣ
1-02 01 02 – Таърих. Ҳуқуқ
1-02 01 01 –Таърих
1-020406-01 – Химия - биология
1-02 04 06 -Химия - экология
1-31 02 01 02 03 - Географияи сайёҳӣ ва менеҷменти сайёҳат
1 – 02 03 02-Забон ва адабиёти рус
1-02 03 01 -Забон ва адабиёти тоҷик


Бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ аз «25» августи соли 2021,№ 1/4-15 тасдиқ карда шудааст.                                                                               

 НИЗОМНОМАИ

МАРКАЗИ ТАҲСИЛОТИ ФОСИЛАВИИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ БА НОМИ АБУАБДУЛЛОҲИ РӮДАКӢ

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд – Низомнома) дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Низомномаи таҳсилоти фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.05.2017, №7/35) ва Оинномаи Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» (фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2018, №2623) таҳия гардидааст.

2. Низомнома ҳуҷҷати муайянкунандаи заминаи ҳуқуқии маркази таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (минбаъд – Марказ) ба ҳисоб рафта, сохтор, вазифаҳо, самтҳои асосии фаъолияти онро ба танзим медарорад.

3.  Марказ дар шакли воҳиди сохтории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият мекунад.

2. СОХТОРИ МАРКАЗ

4. Марказ сохтори таркибии раёсати таълими донишгоҳ буда, аз сардор ва мутахассисон иборат аст.

5. Марказро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки аз тарафи ректори донишгоҳ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад.

6. Мувофиқи ҷадвали басти вазифаҳо, дар сохтори марказ 7 нафар корманд: 1 нафар сардор ва 6 нафар мутахассисон фаъолият менамоянд.

7. Сардори марказ тамоми фаъолияти кории марказро роҳбарӣ намуда, аз номи донишгоҳ дар мувофиқа бо роҳбарият дар муносибат бо дигар шахсони ҳуқуқӣ баромад менамояд.

8. Сардори марказ дастурамали вазифавии хизматии кормандони марказро таҳия ва барои тасдиқ ба ректори донишгоҳ пешниҳод менамояд.

9. Сардори марказ барои иҷрои вазифаҳои хизматии кормандони марказ ҷавобгӯ мебошад.

10. Марказ дар доираи фаъолияти худ бо раёсатҳо, шуъбаҳо ва дигар бахшҳои донишгоҳ ҳамкорӣ менамояд.

11. Иҷрои супоришҳои ҷамъиятӣ, дархости иттилоот, маълумот ва ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии тасдиқшударо марказ танҳо бо иҷозати ректори донишгоҳ ба роҳ мемонад.

3. САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗ

12. Марказ фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва талаботи принсипи волоияти қонун дар соҳаи маориф ба амал мебарорад.

13. Аз рӯйи иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Шӯрои олимон, қарорҳои маҷлиси назоратии назди ректор ва фармоишҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки ба зиммаи марказ вогузор шудааст, назорат бурда, аз рафти иҷрои онҳо ба Раёсати донишгоҳ маълумотнома пешниҳод менамояд.

14. Оид ба паҳлуҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи маориф, ки аз мулоқоту суханрониҳо, дастуру супоришҳо, амру фармонҳо ва Паёмҳои солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, силсилаи мақолаҳо таҳия менамояд.

15. Дар доираи ваколатҳояш лоиҳаи фармоишҳо ва қарорҳои Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакиро таҳия менамояд.

16. Иҷрои мунтазами дастуру супоришҳои ректори донишгоҳро таъмин мекунад.

17. Талаботи аҳолиро нисбат ба хизматрасониҳои таълимӣ қонеъ мегардонад.

18. Тавассути истифодаи технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ самаранокии раванди таълимро афзуда, барои таҳсили донишҷӯён бидуни тарк кардани ҷойи кор ва маҳалли сукунаташон шароит фароҳам меорад.

19. Дар доираи шабакаи умумиҷаҳонӣ фазои ягонаи маҷозии таълимро рушд мебахшад.

4. ВАЗИФАҲОИ МАРКАЗ

20. Марказ вазифаҳои зеринро иҷро мекунад:

-     таъмини техникӣ, методӣ ва ташкили шароити мусоид барои раванди таҳсилоти фосилавӣ;

-     фароҳамсозии шароити мусоид барои устодон ва донишҷӯён ҷиҳати истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсиони муосир;

-     баланд бардоштани сифати омодасозии кадрҳои рақобатпазири бозори меҳнат;

-     ташкили пояи иттилоотӣ-методӣ барои дастгирии раванди таҳсилоти фосилавӣ;

-     сарфаи сарбории солонаи омӯзгорон аз ҳисоби қабули имтиҳонҳо ва гузаронидани санҷишҳои тестӣ (ба мафҳилҳои фаннӣ ва санҷишҳои хаттӣ) тибқи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ;

-     пешниҳод ҷиҳати ташкили хизматрасонии иловагии таълимӣ барои устодон ва донишҷӯён;

-     таҳияи барномаҳои электронӣ, дастурҳои методӣ ҷиҳати истифодаи системаҳои иттилоотӣ, китобхонаи электронӣ ва шабакаҳои маҷозӣ;

-     ташкил ва гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва фаъолияти машваратӣ бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ;

-     бунёд ва рушди пояи моддию техникӣ (озмоишгоҳҳо, синфҳои компютерӣ ва паркҳои технологӣ) барои таҳсилоти фосилавӣ;

-     амалисозии намудҳои дигари фаъолияти марказ бо риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-     омӯзиши талаботи бозори таҳсилот ва ташкили қабули донишҷӯён ва магистрон аз рӯи ихтисосҳои муассисаи таҳсилоти олии касбӣ;

-     назорат ва ворид намудани китобҳои дарсӣ, комплексҳо ва дастурҳои таълимӣ-методӣ, луѓатҳо ва дигар мавод дар шакли электронӣ ба сомонаи марказ ҷиҳати ташкили раванди таълим;

-     рушди ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, Академияи миллии илмҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ, илмӣ-техникӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии кишвар;

-     иштирок дар барномаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, илмӣ ва илмӣ-омӯзгорӣ, намоишгоҳ, семинар, конференсия ва симпозиумҳо вобаста ба таҳсилоти фосилавӣ;

-     ташкил ва амалисозии курсҳои такмили ихтисоси устодони донишгоҳ бо мақсади рушд ва васеъ истифода намудани таҳсилоти фосилавӣ;

-     таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо дар соҳаи таҳсилот;

-     сафарбар намудани устодони кафедраҳо ва дигар кормандони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ барои рушди пояи таълимӣ-методии марказ ва гузаронидани дарсҳои фосилавӣ;

-     ташкили имтиҳонҳои фосилавӣ, усулҳои гуногуни қабули имтиҳонҳо, ҷамъоварии маълумот оид ба давомоти донишҷӯён;

-     таъмини хизматрасонии босифати техникӣ ва пайвастшавӣ ба шабакаи Интернет дар якҷоягӣ бо кормандони маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионии донишгоҳ.

5. ҲУҚУҚҲОИ МАРКАЗ

21. Марказ ҳуқуқ дорад:

-     барои гирифтани маълумот (варақаи имтиҳонӣ, тестҳо, лексияҳо ва барномаҳои кории фан) бо мақсади амалӣ намудани вазифаҳо ва мақсадҳои марказ ба дигар сохторҳои донишгоҳ муроҷиат намояд;

-     талабот ва дастурҳо (шакл, намунаи ҳуҷҷатҳо ва усулҳо) доир ба тайёр намудани маводи электрониро барои таъмини раванди таълим муайян кунад;

-     маводи электронӣ (тестҳо, маҷмӯи лексияҳо, барномаҳои кории фан)-ро, ки ба талабот ҷавобгӯ нестанд, барои коркарди иловагӣ баргардонад;

-     ҷиҳати ҳалли масъалаҳо вобаста ба таҳсилоти фосилавӣ барои таъсиси гурӯҳҳои корӣ ба роҳбарияти донишгоҳ пешниҳод манзур намояд;

-     стратегияи рушди таҳсилоти фосилавиро дар донишгоҳ таҳия ва барои тасдиқ ба роҳбарият манзур намояд;

-     дар мувофиқа бо роҳбарияти донишгоҳ бо муассисаҳо ва ташкилотҳо барои ҳалли вазифаҳои муштарак (тайёр кардани мутахассисон, таҳқиқоти илмӣ, такмили ихтисос ва дигар шаклҳои фаъолият) ҳамкорӣ намояд.

6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

22. Низомнома аз тарафи маркази таҳсилоти фосилавӣ таҳия гардида, дар Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шуд.

23. Тартиб ва шартҳои дигари вобаста ба муносибатҳои меҳнатии кормандони марказ, ки дар Низомномаи мазкур пешбинӣ нашудааст, бо қонунгузории дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ
Телефони корӣ: (83322) 25974;
E-mail: fosilavi@kgu