KGU

Таърихи рӯзнома

Анвори дониш.jpg

АНВОРИ ДОНИШ, рӯзнома, нашрияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ буда, аз 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад. Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ академик С.К.Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги ҶТ) таҳти рақами 285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда, шумораи якуми он 01.09.1994 ба табъ расидааст. Мақсад ва вазифаҳои рӯзнома дар барнома ва оинномаи он чунин аст: тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони гуногунмиллат, ҳимояи манфиатхои Ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон ва тарғиби комёбиҳои илми дунё. Солҳои аввал «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа дар формати Ф3 ҳафтае як маротиба то теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид.  Мазмуну муҳтавои мақолаҳо ва шумораҳои рӯзнома сол ба сол беҳтар ва муаллифону хонандагони он зиёд мегардиданд. Инчунин, саҳифаҳои рӯзнома ба 4 ва теъдоди нусха ба 800 расонида шуданд. Аз соли 2008 то соли 2006 ҳаҷми саҳифаҳои рӯзнома ба 12 саҳифа расид ва аз 1-уми сентябри соли 2016 рӯзнома дар ҳаҷми 16 саҳифа чоп шуда истодааст. Дар солхои аввали ташкилёбӣ роҳбарияти донишгоҳ ба рӯзнома диққати махсус дода, барои беҳ шудани мазмуну мундариҷаи  ҳар шумораи он дастуру маслиҳатҳо дода, ёрию кумаки амалӣ мерасонд. Хоссатан, академик С.К.Каримов, пофессорон М.О.Ибодов, И.Ғуломов, Р.Акбаров, Р.Саидов, дотсентон Х.Аъзамов, Ш.Саидҷаъфаров, Д.Шарифов, Ғ.Мирзоев, Д.Расулов, С.Абдулвоҳидов, М.Набиев, Г.Иброҳимов, С.Ғаффоров, Н.Валиев, А.Алиев, Т.Мустафоқулов пайваста дар ҷолиби диққат гардонидани рӯзнома саҳм доранд. Дар маркази диққати рӯзнома инъикоси сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони вилояту шаҳр ва роҳу нишондодҳои роҳбарияти донишгоҳ мебошад. Ҳамчунин дар ҳар шумора роҷеъ ба ҷараёни таълим, роҳҳои беҳтар кардани сифати таълим, ҳаёти рӯзмарраи донишгоҳ, набзи ҷамъомаду чорабиниҳои илмӣ-фарҳангӣ, варзишии донишгоҳу ҷумҳурӣ хабару мақолаҳои пурмуҳтаво чоп мегарданд. «Анвори дониш» ҷавононро дар рӯҳияи ғояҳои пешқадами демократӣ тарбия намуда, дар кори рушду нумуи таълиму тарбияи онҳо ёрии бузург мерасонад. Рӯзнома тарғибгари рӯҳияи дӯстӣ, ҳамрайъӣ ва тафоҳум буда, барои ривоҷ додан ва мустаҳкам намудани ваҳдати миллӣ, риоя намудани анъана, расму оин ва ҷашну маросимҳои миллии мардуми тоҷик дар байни ҷавонон нақши муҳим дорад. Ҷавононе, ки майл ба каломи бадеъ ва шеърнависӣ доранд, маҳз навиштаҳои навқаламонаи худро дар рӯзномаи «Анвори дониш» ба чоп мерасонанд. Як зумра шоирону адибони донишгоҳ маҳорати шеъргӯии худро дар рӯзномаи «Анвори дониш» сайқал додаанд. Дар «Анвори дониш» 7 нафар устодони донишгоҳ ба ҳайси муҳаррир кор кардаанд: доктори илмҳои филология, профессор Аламхон Кӯчаров (1994-1996),  номзади илмҳои филология Нуриддини Насимӣ (1996-1998), номзади илмҳои филология Аҳмад Алиев (1998-2002), рӯзноманигор Аслон Исломов  (2002-2008), номзади илмҳои филология Шарофат Худойдодова (2008-2009) муаллими калони кафедраи журналистика, узви ИЖ Тоҷикистон Бахтиёр Сафаров (2009-2016) ва  аз соли 1-уми сентябри 2016 то инҷониб муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ, узви ИЖ Тоҷикистон Темуров Ҷаҳонгир.  Айни ҳол дар ҳайати кормандони «Анвори дониш» - муҳаррир, котиби масъул, ҳуруфчин, саҳифабанд ва муҳосиб кору фаъолият менамоянд. «Анвори дониш» яке аз нашрияҳои дӯстдоштатарини ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсуб мешавад.