KGU

Рӯзномаи "Анвори дониш"

РӮЗНОМАИ "АНВОРИ ДОНИШ"

Анвори дониш.jpg

Маълумоти умумӣ

АНВОРИ ДОНИШ, рӯзнома, нашрияи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи  Рӯдакӣ буда, аз 1-уми сентябри соли 1994 нашр мешавад. Рӯзнома бо ташаббус ва дастгирии ректори ҳамонвақтаи донишгоҳ академик С.К.Каримов таъсис ёфтааст. Он дар Вазорати матбуот ва ахбори Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Вазорати фарҳанги ҶТ) таҳти рақами 285, аз 14.03.1994 ба қайд гирифта шуда, шумораи якуми он 01.09.1994 ба табъ расидааст. Мақсад ва вазифаҳои рӯзнома дар барнома ва оинномаи он чунин аст: тарғибу ташвиқи илму маърифат, инъикоси рӯйдодҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии донишгоҳ, пойдор гардонидани дӯстии ҷавонони гуногунмиллат, ҳимояи манфиатхои Ҳукумати Конститутсионии Тоҷикистон ва тарғиби комёбиҳои илми дунё. Солҳои аввал «Анвори дониш» дар ҳаҷми 2 саҳифа дар формати Ф3 ҳафтае як маротиба то теъдоди 200-300 нусха нашр мегардид. 

Дар «Анвори дониш» 7 нафар устодони донишгоҳ ба ҳайси муҳаррир кор кардаанд: доктори илмҳои филология, профессор Аламхон Кӯчаров (1994-1996),  номзади илмҳои филология Нуриддини Насимӣ (1996-1998), номзади илмҳои филология Аҳмад Алиев (1998-2002), рӯзноманигор Аслон Исломов  (2002-2008), номзади илмҳои филология Шарофат Худойдодова (2008-2009) муаллими калони кафедраи журналистика, узви ИЖ Тоҷикистон Бахтиёр Сафаров (2009-2016) ва  аз соли 1-уми сентябри 2016 то инҷониб муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ, узви ИЖ Тоҷикистон Темуров Ҷаҳонгир.  Айни ҳол дар ҳайати кормандони «Анвори дониш» - муҳаррир, котиби масъул, ҳуруфчин, саҳифабанд ва муҳосиб кору фаъолият менамоянд. «Анвори дониш» яке аз нашрияҳои дӯстдоштатарини ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ маҳсуб мешавад.

Суроға: ш. Кӯлоб, кӯч. С.Сафаров 16, ДДК ба номи А. Рӯдакӣ, Рӯзномаи "Анвори Дониш"
Телефони корӣ: (+992 83322) 3 31 15, (+992) 981 00 02 19
E-mail: anvor.donish@kgu.tj