Назаров Ҳотам Сарфарозович 3-юми апрели 1985 дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Баъди хатми мактаби миёна ба факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуда онро аз рӯйи ихтисоcи география бо мувафаққият хатм намудааст. Солҳои 2009-2014 ҳамчун коромӯз, аспиранти таълими рӯзонаи Донишгоҳ фаъолият намуда, соли 2014 рисолаи номзадиашро аз рӯи ихтисоси 13.00.01 бо муваффақият дифоъ намудааст.
Фаъолияти корӣ: Аз 28.12.2012 то 14.12.2013 дар вазифаи роҳбари бахши таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавони донишгоҳ фаъолият намудааст. Солҳои 2013-2015 дар вазифаи мудири шуъбаи тарбияи донишгоҳ кору фаъолият кардааст. Худи ҳамон сол ба вазифаи мудири кафедраи педагогика ва методикаи таълими ибтидоии факултаи омӯзгори таъйин гардидааст. Аз 30.04.2015 то 22.01.2016 ба ҳайси и.в. декани факултаи омӯзгорӣ фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2018 дар вазифаи мудири шуъбаи аспирантура ва докторантураи PhD донишгоҳ кор кардааст. Аз 22.09.2018 то ин ҷониб ба ҳайси муовини ректор оид ба тарбияи донишгоҳ кору фаъолият намуда истодааст.